Комиссияи қабул


Муқаррароти умумӣ

Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба Муассисаи таълимии ғайридавлатии  «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиб ва тарзи қабули имтиҳонҳои қабул барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» таҳия шудааст.

Тартиби умумии қабули донишҷӯён

2.1. Дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон» омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномавӣ амалӣ мегардад.

2.2. Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин хориҷиёну шахсони бетабақаи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Муассисаи таълимии ғайридавлатии  «Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон» мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ фақат аз тариқи шартномавӣ дар сурати доштани ҳуҷҷати баробарэътирофии таҳсилот, баъди гузаштан аз озмун ва пардохти маблағи таҳсил қабул карда мешаванд.

2.3. Қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ ба Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон» барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ танҳо дар асоси шартнома (пулакӣ) сурат мегирад.

2.4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, баъди супоридани имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ва гузаштан аз озмун тибқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷатҳои заруриро месупоранд.

 

2.5. Таҳсил дар Муассисаи  таълимии ғайридавлатии  «Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон» рӯзона аст. Муҳлати таҳсил мувофиқи «Консепсияи ислоҳоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.10 соли 2008 таҳти №512 тасдиқ гардидааст, дар факултетҳои тиббӣ ва психологияи тиббӣ 6 сол ва дар факултетҳои стоматологӣ ва фарматсевтӣ 5 сол -мебошад.

 

 

III. Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои довталабоне, ки тибқи рӯйхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба донишкада фиристода шудаанд

3.1. Довталабоне, ки имтиҳони марказонидашудаи дохилшавиро супорида, аз озмун бо гирифтани холҳои зарурӣ гузаштаанд, мувофиқи роҳхати Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро ба Комиссияи қабули донишкада пешниҳод намоянд:

  • ариза ба номи ректор;
  • ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти умумӣ (пурра), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ – нусхаи аслӣ;
  • маълумотномаи тиббӣ;
  • 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
  • шиноснома ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
  • билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои писарон);

3.2. Барои довталабоне, ки мувофиқи имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ ба рӯйхати пешниҳоднамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шудаанд, то супоридани ҳуҷҷатҳо ба хазинаи донишкада пардохт намудани маблағи яксолаи таҳсил ҳатмӣ мебошад.

3.3. Дар мавриди дар муҳлати барои ҳуҷҷатсупорӣ муқаррарнамудаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияи қабули донишкада ҳуҷҷат насупоридани довталаб ҳуҷҷатҳои ӯ қабул карда намешавад ва рӯйхати довталаби мазкур ҳамчун шахси ҳозирнашуда ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод карда мешавад.

Тартиби қабули ҳуҷҷатҳои донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ

5.1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.

5.2. Ба Муассисаи  таълимии  ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон» қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ танҳо тибқи шартнома дар асоси оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ амалӣ мегардад. Барои баргузории сӯҳбат бо довталабони мазкур комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода мешавад. Донишҷӯёне, ки барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ ҳуҷҷат супоридаанд, танҳо баъди гузаштан аз сӯҳбат ва пардохти маблағи таҳсил ба сафи донишҷӯён шомил мегарданд.