Шурои марказии таълимӣ-методӣ

 Шурои марказии таълимӣ-методӣ фаъолияти худро тибқи Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда аз тарафи ректори таълимгоҳ дар соли 2020 ба роҳ мондааст. Низомномаи Шурои марказии таълимї-методӣ дар Шурои олимони донишкада дар санаи 28.10.2020, №4/12 баррасӣ гардида, 17.11.2020, №27 аз тарафи ректори донишкада  тасдиқ гардидааст. 

 Раиси Шурои марказии таълимӣ-методии донишкадаро н.и.т. М.Сорбон-муовини ректор оид ба таълим ва таҷрибаомӯзӣ ба уҳда доранд. Котиби Шурои марказии таълимӣ-методӣ ассисенти кафедраи “Забонҳо” Нодиров А.А. мебошад. Ба ҳайати Шурои марказии таълимӣ-методии донишкада сардори раёсати таълим, деканони факултетҳои донишкада ва мудирони кафедраҳо аъзо мебошанд. Ҷаласаҳои Шурои марказии таълимӣ-методӣ ҳар ду моҳ як маротиба баргузор мегардад. Шурои марказии таълимӣ-методии донишкада мутобиқи Низомномаи намунавии МТОК, мақомоти машваратии доимамалкунандаи донишкада буда, масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти нерӯи илмӣ-педагогии донишкада, коркарди тавсияҳои илман асоснок барои беҳтар намудани корҳои таълимӣ, таълимиву методӣ муолиҷавию тарбиявӣ, банақшагирии дурнамои такмили ихтисос, тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёна, такмили ихтисоси кормандони илмӣ- педагогӣ, дастгирии таълимии кормандон, беҳтар намудани таъминоти методӣ ва дидактикӣ дар раванди таълим, татбиқи илм ва амалияи он фаъолият менамояд.

 Шуро фаъолияти худро дар асоси қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шурои олимон ва дастуру супоришҳои муассис ва ректори донишкада ба роҳ мемонад.

 Фаъолияти Шурои марказии таълимӣ-методӣ дар асоси принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд ва якҷоякунии ҳамкорӣ асос ёфтааст.

 Вазифаҳои асосии Шурои марказии таълимӣ-методӣ асосан ин  такмили корҳои таълимӣ–методии донишкада дар асоси талаботҳои муосир барои омӯзиши касбӣ;

 Таҳқиқ, таҳия ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ;

 Баррасӣ ва таҳлили китоби дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ, тавсия барои нашр ва истифода дар ҷараёни таълим;

 Таҳлили таъминоти раванди таълим бо адабиёти таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ ва андешидани чораҳои мушаххас;

 Баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои педагогӣ;

 Баррасӣ, таҳлил ва тасдиқ кардани талаботи меъёрии донишкада вобаста ба корҳои методӣ ва ҳолати маводҳои таълимӣ-методӣ;

 Ташкил ва гузаронидани конференсияҳои таълимӣ-методӣ;

 Тибқи нақша дар ҷаласаҳо баррасӣ намудани ахбороти роҳбарони қисмҳои таълимии донишкада оид ба масъалаҳои таълимӣ-методӣ.

 Ворид намудани ислоҳоти зарурӣ ба барномаҳои намунавии таълимӣ ва шаклҳои назорати дониш (OSCE, саволҳои тестӣ, масъалаҳои вазъӣ ва ғайра), ки барои омодасозии мутахассисони соҳибкасб истифодашаванда;

 Рад намудани нақшаҳои таълимӣ, лексияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, тавсияҳои методӣ ва дигар коркардҳо дар ҳолати номувофиқии онҳо бо низомномаи муассисаҳои мақомоти олии касбӣ ;

 Барои  ба нашр тавсия намудани барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ, лексияҳо, коркардҳои методӣ, шаклҳои назорати дониш ва дигар ҳуҷҷатҳои таълимиву методӣ, муолиҷавию тарбиявии донишкада дахл дошта, бидуни Шурои таҳририву нашриявии ташкилотҳои болоӣ;

 Барои баррасии ташкилотҳои болои расонидани масъалаҳо ва пешниҳодҳо оид ба такомули фаъолияти таълимиву методӣ, илмиву таҳқиқотӣ ва муолиҷавию тарбиявии кафедра ва курсҳои донишкада. Шурои таълимӣ-методӣ банақшагирӣ ва ҳисоботи ҳуҷҷатҳои Шурои таълимӣ-методиро ба роҳ мемонад;

 Шуро масъалаҳои усулҳои фаъоли таълим, истифодаи салоҳиятнокиро дар раванди таълим ва таълимӣ-методӣ, ҷорӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим, омӯзиш, ҷобаҷогузорӣ ва паҳн намудани таҷрибаи педагогиро равнақ ва мавриди баррасӣ қарор медиҳад. 

 Баррасии шакли видеоии дарсҳои таълимӣ ва ба нашр пешниҳод намудани маводҳои мазкур мебошад. Дар Шурои таълимӣ-методӣ масъала ва таҳлили китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ тавсия барои нашр ва истифода дар ҷараёни таълим, таҳлили таъминоти раванди таълим бо адабиёти таълимӣ ва дастурҳои таълимиро ба роҳ мемонад.

 Дар баланд бардоштани малакаи касбии кадрҳои педагогӣ саҳмгузор мебошад.

 Таҳлили нақшаҳои таълимӣ, стандартҳои тахассусии ихтисосҳо, маҷмуъҳои таълимӣ-методӣ, силлабус ва барномаҳои таълимӣ, таҳлилу баррасии саволномаҳои тестӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методиро ба роҳ мемонад.

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо