• Охунов Башер Хуҷақулович

    - муовини ректор оид ба тарбия ва муносибатҳои байналхалқӣ

    - номзади илмҳои педагогӣ

    Тел: +992 935 10 00 21

    Email: bashir_okhunov@mail.ru

 

Дар пешрафту муаррифӣ ва эътироф гардидани ҳар як муассисаи олии таълимӣ Раёсати робитаҳои Байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Раёсати робитаҳои Байналмилалӣ яке аз ҷузъи сохтории Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон буда, ҷиҳати татбиқи фаъолияти ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии донишкада дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ намудан ба системаи маорифи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ равона гардидааст. Раёсати робитаҳои Байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ робитаҳои ҳамкори дошта, яке аз самтҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва Донишкадаро ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби марказҳои пешқадами таълимӣ ва хориҷӣ барои муносибатҳои мутаносибан судманд мебошад.Талаботи замон ҳаст, ки мо бо ин ё он муассисаи таълими дохилӣ ё хориҷӣ дар бахшҳои гуногун бояд робита дошта бошем. Робитаҳои муваффақи донишкада дар баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон дар соҳаи таълиму тарбия, илму инноватсия ва дар корҳои таҳқиқотӣ хеле муҳим мебошад. Мақсаду муҳтавои фаъолияти Раёсати робитаҳои Байналмилалии Донишкада аз таҳияю тасвиби шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ, табодули омӯзгорону донишҷӯён, таҳияи адабиётҳои таълимию методӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ, ташкилу баргузор намудани конференсияву семинарҳои муштарак, созмон додани вохӯрию мизҳои мудаввар бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, таъмини раводиди омӯзгорону донишҷӯёни хориҷӣ ва робита бо донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, иборат аст.

  • Шехов Иззатулло Фатоҳович

    Шехов Иззатулло Фатоҳович

    - Сардори Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

    Тел: +992 987 67 99 37

    Почтаи электрони: izzatullo_1@mail.ru

    Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» аз 29.08.2021 кушода шуда, тибқи низомнома ва оинномаии Донишкада фаолият менамояд. Мақсади асосии Шуъба беҳтар намудани самти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ намудан ба системаи маорифи ҷаҳонӣ, баланд бардоштани нуфузу эътибори донишкада дар арсаи ҷаҳонӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи замон равона гардидааст.

      Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорҳои зич дорад ва  яке аз самтҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баладихтисос ва ҷалби марказҳои пешқадами таълимии хориҷӣ барои муносибатҳои мутаносибан судманд мебошад.

    Имрузҳо дар “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз кишварҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон, Узбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Малайзия, Бангладеш ва Нигерия донишҷӯён таҳсил менамоянд. Ҳамзамон Донишкада бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, инчунин дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмилалӣ ширкат меварзад.

Самтҳои асосии Шуъба фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:

1.Ташкил ва рушд додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои пешқадами таълимӣ ва илмии ҷаҳон, омода намудани барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм:

  • мусоидат намудан оид ба иштироки Донишкада дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ;
  • мусоидат намудан оид ба иштироки ҳайати профессорон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ;
  • мусоидат намудан оид ба гузаштани такмили ихтисоси кормандон дар хориҷи кишвар;
  • мусоидат намудан оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълими кишварҳои хориҷ, муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
  • татбиқи фаъолиятҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимӣ, шарикони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
  • мусоидат намудан оид ба ҷустуҷӯи грантҳои таълими байналмилалӣ ва илмӣ;
  1. Ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ барои омӯзиш, тайёри ва таҷрибаомӯзӣ дар Донишкада;
  2. Дастгирӣ намудан барои дастрасӣ бо раводид барои меҳмонон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар Донишкада таҳсил мекунанд.

 

  1. Шуъбаи равобити байналмилалии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҷузъи сохтори донишкада маҳсуб мешавад ва ба он сардори робитаҳои байналмилалӣ роҳбарӣ менамояд.
  2. Шуъба фаъолияти худро дар асоси Оинномаи МТҒ “ДТИТ” ва Низомномаи Шуъбаи равобити байналмилалии донишкада ба роҳ мондааст. Шуъба дар фаъолияти худ аз қонунҳо, асноди меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои дастурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалии аз ҷониби ҳамагон эътирофшуда пайравӣ менамояд. Инчунин амру фармонҳои ректори донишкадаро иҷро менамояд.
  3. Шуъба ва зерсохторҳои он низоми ягонаи шуъбаи мазкурро ташкил медиҳад.
  4. Шуъба масъулияти таъмини равобити МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”-ро бо муассисаҳои таҳсилоти кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бар дўш дорад. Аз рўйи тартиби муқарраргардида умури ҷамъоварии маълумот доир ба масъалаҳои таҳсилот дар хориҷаро ба роҳ мемонад.
  5. Сардори шуъба барои ташкили кори шуъба шахсан масъул мебошад.

Вазифаҳои шуъба

    1. Татбиқи консепсияи бунёди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” дар бахши равобити байналмилалӣ;
    2. Фаъолияти доимӣ дар самти такмил додани равобити байналмилалии донишкада;
    3. Ҳамоҳангсозии равобити байналмилалӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти он;
    4. Барқарор намудани робитаҳо бо дигар муассисаҳои дохилию хориҷӣ доир ба масъалаҳои таҳсилоти академӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ;
    5. Ҳамкорӣ дар бахши ҷамъоварии муназзами иттиолооти хориҷӣ дар соҳаи таҳсилоти тодонишгоҳии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъдидонишгоҳӣ.
    6. Муайян намудани самтҳои афзалиятнок, ба нақшагирии фаъолияти ҷорӣ ва дурнамои шуъба.
    7. Роҳандозии ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилоот доир ба фаъолияти байналмилалии донишкада ва тартиб додани ҳисобот доир ба он;
    8. Ҳамкории донишкада дар тайёр намудани мутахассисони баландпоя;
    9. Ҷалб намудани олимону педагогҳо ва кормандони варзидаи касбӣ аз кишварҳои хориҷӣ барои кор дар донишкада;
    10. Ҳамкорӣ дар ташкилу гузарондани таҳқиқотҳои якҷояи илмии бунёд, ҷустуҷўӣ ва амалӣ, инчунин корҳои таҷрибавии асоснок бо шарикони хориҷӣ;
    11. Дастгирии кормандони илмии донишкада дар мавриди ба бозори ҷаҳонӣ ворид гардидани онҳо;
    12. Мусоидат намудан дар таҳия ва татбиқи шаклҳою методҳо ва воситаҳои самарабахши тайёр намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои гуногуни тахассус тавассути ҳамкориҳои байналмилалӣ;
    13. Мусоидат ба рушди фонди китобхонаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”.
    14. Ширкат варзидан дар чорабиниҳои фарҳангии донишкада”;
    15. Мусоидат намудан ба ҳалли масъалаҳои молиявӣ тавассути ҷалб намудани маблағҳои сарпарастони хориҷӣ;
    16. Шуъба вазифаҳои ба он вогузоршударо дар алоқамандӣ бо дигар зерсохторҳои МТҒ “ДТИТ” анҷом медиҳад.

Уҳдадориҳои шуъба

  1. Мустақилона ва ё дар якчоягӣ бо зерсохторҳои манфиатдори донишкада доир ба масъалаҳои такмил додани равобити байналмилалии донишкада пешниҳодҳоро таҳия намуда, манзури Шӯрои олимони МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мегардонад;
  2. Таҷрибаи пешқадами хориҷиро дар соҳаи тақсимоти касбии тодонишгоҳӣ, донишгоҳӣ ва баъдидонишгоҳиро омӯхта ҷамъбаст менамояд ва барои ба таври васеъ паҳн намудани он чораҳо меандешад;
  3. Корҳои илмӣ-таҳқиқотиро, ки устодону донишҷўёни донишкада дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷии худ анҷом медиҳанд, ҳамоҳанг месозад;
  4. Назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои олимон, амру фармоишҳои ректор доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъбаро ба роҳ мемонад.
  5. Самтҳои мушаххаси равобити байналмилалии донишкадаро муайян намуда, принсипҳои асосии онҳоро ташаккул медиҳад ва дар мавриди зарурат фикри дигар зерсохторҳои донишкадаро ба эътибор мегирад;
  6. Корҳои марбут ба таблиғу маълумот дар бораи фаъолияти донишкада барои дарёфти шарикони хориҷиро анҷом медиҳад;
  7. Ҳайати устодону профессорон, донишҷӯён ва сохторҳои донишкадаро дар ташкилу гузарондани чорабиниҳо дар донишкада дастгирӣ мекунад;
  8. Тибқи муқаррарот аризаю шикоятҳоро доир ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо мувофиқи низомнома ба салоҳияти шуъба алоқаманд аст, баррасӣ намуда, аз рўйи онҳо қарори заруриро қабул менамояд ва ба муроҷиаткунандаҳо ҷавоб мегардонад;
  9. Ба табодули академии кормандону донишҷўёни донишкада ба муассисоти кишварҳои хориҷ мусоидат менамояд;
  10. Лоиҳаи шартномаҳо байни МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ва шарикони хориҷиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро роҳандозӣ менамояд;
  11. Иштироки намояндагони донишкадаро дар чорабиниҳое, ки аз тарафи шарикони хориҷӣ ташкил карда мешавад, тибқи тартиби муқарраргардида таъмин менамояд;
  12. Баромади кормандони донишкадаро дар матбуоти хориҷӣ ва радиою телевизиони хориҷӣ, инчунин дар дигар шабакаҳои электронии иттилоотӣ (ШЭИ) ташкил менамояд.
  13. Мураттаб сохтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба хориҷи кишвар сафар кардани кормандон ва донишҷўёни донишкадаро таъмин менамояд;
  14. Ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои корҳое, ки аз созишномаҳо, шартномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари ҳамкории донишкадаро бо шарикони хориҷиро ба роҳ мемонад;
  15. Тибқи тартиби муқарраргардида ба ашхоси манфиатдор ва зерсохторҳои донишкада маълумот доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти шуъбаро пешниҳод менамояд;
  16. Муҳосиботро ба роҳ монда, сафарҳои хориҷии кормандон ва донишҷӯёни донишкадаро таҳлил менамояд;
  17. Корҳои қабули донишҷўёни хориҷиро мутобиқи шартномаҳо анҷом медиҳад;
  18. Тибқи тартиби муқарраргардида ба ректори донишкада доир ба ҳамкориҳои байналмилалӣ маълумотнома пешниҳод менамояд;

Ҳуқуқҳои  шуъба

  1. Дар доираи салоҳияти худ аз донишкада дар ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ менамояд, бо онҳо доир ба масъалаҳои равобити хориҷӣ мукотиботи расмиро ба роҳ мемонад;
  2. Аз рўйи тартиби муқарраргардида маҷлису семинарҳо, конференсияҳо, намоишҳо ва амсоли инҳоро барпо менамояд;
  3. Дар мувофиқа бо ректори донишкада олимон ва мутахассисонро барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ, муайян намудани роҳҳои нисбатан самарабахши истифодаи маводе, ки дар натиҷаи равобити байналмилалӣ ба даст омадаанд, ҷалб менамояд;
  4. Кори зерсохторҳои Донишкадаро доир ба иҷрои шартномаю қарордодҳои бо шарикони хориҷӣ басташуда тафтиш менамояд;
  5. Аз рўйи тартиби муқарраргардида бо ҳисобот, ҳуҷҷатҳо ва навиштаҷоти дигари зерсохторҳои донишкада шинос мешавад;
  6. Барои иштироки ҳайъати омӯзгорону профессорони донишкада дар барномаҳои байналмилалӣ, такмил додани таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъдидонишгоҳӣ мусоидат менамояд;
  7. Бо ваколатномае, ки аз ҷониби роҳбарияти донишкада дода шудааст, метавонад аз ваколатҳои шахси ҳуқуқӣ истифода барад;

Вазифаҳои мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ:

  1. Тартиб додани нақшаи кори Шуъба;
  2. Банақшагирӣ ва назорати робитаҳои байналмилалии ҳамаи зерсохторҳои донишкада;
  3. Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти байналмилалии донишкада ва зерсохторҳои он, таҳияи ҳисоботи марбута ба онҳо;
  4. Таҳияи мактубҳо, маълумотҳо, ахбороти гуногун оид ба робитаҳои байналмилалии донишкада ва зерсохторҳои он тибқи дастури ректор таҳия ва пешниҳод намудани номгўйи ихтисосҳо, шартҳои қабул ва таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шўрои олимони донишкада;
  5. Тайёр намудани пешниҳодҳо доир ба робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ, инчунин такмили ихтисоси мутахассисон;
  6. Гузаронидани дигар чорабиниҳо марбут ба фаъолияти робитаҳои хориҷии донишкада ва зерсохторҳои он.

Вазифаи мутахассисони шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ.

  1. Тартиб додани ҳуҷҷатҳои шӯъба.
  2. Омода намудани ҳуҷҷатҳои таълимӣ ва донишҷӯён.
  3. Тартиб додан ва пешниҳоди ҳисоботдиҳии ҳармоҳа барои кормандони шуъбаи баҳисобгирии донишкада.
  4. Иҷрои дигар вазифаҳои шӯъба шуъбаи техникӣ ва сохторҳои тобеи шӯъбаро вазифадор мекунад.

 Номгӯи ҳуҷҷатҳо

Тамос:

Суроға: 734142, ш.Душанбе,кучаи К. Сеткина 2.

Телефони корӣ: +992 98 767 99 37

Е-mail: izzatullo_1@mail.ru