• Давлатов Амриддин Иноятуллоевич

    Давлатов Амриддин Иноятуллоевич

    - сардори Шуъбаи маркази бақайдгири ва машварат

    Тел: +992 985 91 90 99

    Почтаи электронӣ: d.amriddin.10@gmail.com

 

МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ, МАШВАРАТ ВА ТЕСТӢ

Маркази бақайдгирӣ, машварат ва тестӣ (МБ, М ва Т) – одатан бо бақайдгирӣ ва сабти маълумоти шахсӣ ва дастовардҳои академии донишҷӯён дар давоми таҳсил ва ҳифзи онҳо дар махзани маълумот, инчунин ташкил ва баргузор намудани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ машғул мебошад. Баҳри ташкил ва ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот дар донишкада ва назорати сифати таълими донишҷӯён дар марказ системаи автоматии идораи ҷараёни таълим мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ҳама ҷиҳатҳои идораи раванди таълимро фаро мегирад. МБ,М ва Т яке аз зерсохторҳои донишкада ба ҳисоб рафта зершуъбаи раёсати таълим фаъолият менамояд. Маркази бақайдгирӣ, машварат ва тестӣ аз соли 2019 то инҷониб фаъолият намуда истодааст.

Мақсадҳо:

- татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар донишкада

- такмили системаҳои автоматии идораи ҷараёни таълим

- беҳтаргардонии системаҳои автоматии баҳодиҳии дастовардҳои донишҷӯён;

- такмили кори журнали электронии омӯзгорон.

Вазифаҳо:

- ҳамкорӣ дар ташкил ва ба роҳ мондани низоми кредитии таҳсилот;

- таҳияи нақшаҳои кории инфиродӣ ва таълимӣ ;

- тартибдиҳии ҷадвали имтиҳонотӣ ;

- татбиқи бақайдгирии автоматии ҳамаи дастовардҳои таҳсилкунандагон;

- ба таври автоматӣ дар асоси фанҳои таълимии азхудкардаи таҳсилгирандагон таҳия намудани замимаи диплом (транскрипт);

- иштирок дар амалӣ кардани интиқоли академӣ.

- баҳисобгирии дастовардҳои академии таҳсилгирандагон;

- баҳисобгирии рейтинги академии таҳсилгирандагон;

- баҳисобгирии кредит/ соатҳои фанҳои таълимӣ

- таҳияи варақаҳои барои баргузории санҷишҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ;

- тартибдиҳии варақаҳои ҷамъбастӣ вобаста ба натиҷаҳои санҷишҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ;

- баҳисобгирӣ ва пешниҳоди транскрипт ва илова ба диплом, инчунин ҳисоби холи миёнаи таҳсилгирандагон (GPA) ва ҳифзи онҳо дар махзани маълумот;

- иштирок дар баргузории семестрҳо;

- иштирок дар таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои дохилидонишкадаие, ки ба фаъолияти марказ дахл доранд;

- ба роҳ мондани фаъолият дар мувофиқа бо мақсаду маром ва дурнамои фаъолияти донишкада;

- назорати кори журнали электронӣ.

 

НИЗОМНОМАИ Маркази бақайдгирӣ машваратӣ ва тестии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»

Саволномаи имтиҳонӣ

Таърихи муосири тоҷик

Фалсафа

Ҳуқуқ

Диншиносӣ

Сиёсатшиносӣ

Cотсиология

Фарҳангшиносӣ

Забони руссӣ

Забони хориҷӣ