• Қурбонова Саида Муҳаммадовна

    Наимов Зариф Ҷомиевич

    номзади илмҳои педагогӣ

    сардори Шуъбаи назорати сифати таҳсилот

    Тел: +992 782 61 71 71

    Email: naimov-zarif@mail.ru

Вазифаҳои асосии шуъбаи назорати сифати таҳсилот


- Таҳия ва татбиқи сиёсати донишкада дар самти идоракунии сифати таълим;

- Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, таъминоти компютерӣ, таҷдиди захираи аудиторӣ бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии босифати таҳсилот;

- Таҳия намудани санадҳои меъёрии локалии мутобиқ ба талаботи қонунгузории ҶТ дар соҳаи маориф ва танзимкунандаи фаъолияти донишкада дар бахши хизматрасонии таълимӣ;

- Иштирок намудан дар таҳияи барномаҳои таълимии касбии асосии таҳсилоти олӣ, барномаҳои таълимии касбии иловагии дар донишкада татбиқшаванда;

- Ба амал баровардани низоми чорабиниҳо оиди аудити дохилӣ, мониторинги сифат ва таъмин намудани имконияти истифодаи тахассусии натиҷаи онҳо ҷиҳати қабул кардани қарорҳои идорӣ роҷеъ ба такмили сифати таълим.

- Баргузории амалиёти назоратӣ ва мониторингӣ оид ба сифати раванди корӣ ва натиҷаҳои онҳо, ташкил намудани таҳқиқоти иҷтимоию равонӣ, пурсишҳои ташхисӣ оид ба масоили пешниҳоду баҳодиҳии сифати хизматрасонии таълимӣ дар донишкада.

- Ташаккули маводҳои иттилоотию таҳлилӣ оид ба масоили сифати таҳсилот, гузаронидани чорабиниҳо роҷеъ ба паҳнсозии онҳо.

- Таҳия намудани чорабиниҳои огоҳкунанда ва ислоҳӣ дар бахши таъмини сифати раванди таҳсилот.

- Омода намудани тавсияҳо оид ба бартараф сохтани номутобиқӣ дар бахши низоми идоракунии сифати таҳсилот, такмили ихтисос ва маҳорати кормандони донишкада, беҳтар намудани заминаи моддӣ, беҳтар намудани идоракунии донишкада ва ҳамзамон сифати таҳсилот.

- Ташкил ва гузаронидани конфронсҳои методӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, тренингҳо, машваратҳо бо мақсади такмили касбияти омўзгорон ва кормандони донишкада оид ба масоили пешниҳоди хизматрасонии босифати таҳсилот.

Омода намудани маводҳо қабл аз гузаронидани пурсиши анкетавӣ (анкетаи робитаи мутақобила, анкетаи санҷиши сифати таълим, маҳаки баҳогузории машғулиятҳои таълимӣ, анкета доир ба баҳодиҳии фаъолияти омўзгор, анкета оид ба баҳодиҳии абадияти дониш ва ғ.).


НИЗОМНОМАИ ШуЪБАИ НАЗОРАТИ СИФАТИ ТАХСИЛОТ

Низомномаи системаи дохилидонишкадавии назорати сифати таҳсилот МТҒ ДТИТ

Низомнома оид ба маниторинги сифати раванди таълим дар кафедраҳо

Низомнома оид ба ташкил ва гузаронидани пурсишнома байни донишҷӯён ва кормандони илмӣ-педагогӣ

Низомнома оид ба фонди баҳодиҳӣ

Низоинома оид ба ташкили кори мустақилонаи донишҷӯён