• Муллоҷонова Фотима Муллосалимовна

    Муллоҷонова Фотима Муллосалимовна

    - Раиси Шурои духтарон ва занони донишкада

    Тел: +992 939 83 00 83

    Почтаи электронӣ:

 

 Шуъбаи кор бо занон ва донишҷӯдухтарони МТҒ , "Донишкадаи тиббӣ -  иҷтимоии Тоҷикистон" (минбаъд шӯъба) воҳиди мустақили донишкада буда, сиёсати давлатиро оид ба ҳифз ва таъмини манфиатҳои донишҷӯдухтарон ва оила татбиқ намуда, барои расонидани кӯмаки ҳамаҷониба дар масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ташкил намудани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва таъмин намудани баробарии гендерӣ, ташаккули фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятию сиёсии занон, васеъ намудани доираи иштироки онҳо дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти шӯъба бо созмонҳои ҷамъиятии фаъолияткунандаи занон ва оила, дар ҳалли проблемаҳои занон, оила ва ҳифзи модару кӯдак мусоидат мекунад.

    Роҳбари шуъба аз тарафи ректори донишкада ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.Дар фаъолияти худ ба ректори донишкада ва муовини ректор оид ба тарбия ҳисоботдиҳанда мебошад.

Шуъба фаъолияти худро мутобиқи супориш,амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои Раиси шаҳри Душанбе, қарор ва супоришҳои кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,санадҳои байналмиллалие,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қарор ва фармоишҳои муассис, ректори донишкада ва муовини ректор оид ба тарбия, қарорҳои раёсат , Шӯрои олимони донишкада ва инчунин Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

    Мудири шуъба дар доираи салоҳияти худ назоратро дар мавриди такмили масъалаҳо доир ба ҳифзи иҷтимоии зан ва оила ва дигар санадҳои меъёри - ҳуқуқии ба манфиатҳои донишҷӯдухтарон ва оила дахолат доштаро ба роҳ монда, онҳоро амалӣ менамояд. 

НИЗОМНОМАИ БАХШИ КОР БО ДУХТАРОН ВА ЗАНОНИ ДОНИШКАДА