• Ибодзода Гулнора Ҳабибуло

    Қурбонова Саида Муҳаммадовна

    - директори маркази омӯзишии малакаҳои амалӣ

    - Тел: +992 918 79 85 16

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои такмили салоҳияти касбии донишҷӯён, боэътимоди малакаҳои амалии касбӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои симулятсионии таҳсилоти тиббӣ дар доираи татбиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2008 бо қарори Шӯрои олимони НОУ «Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон» аз 27 декабри соли 2022 таҳти № 5/3-3 маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ таъсис дода шуд.

Марказ дар ошёнаи шашуми маркази клиникии илмию таълимӣ ҷойгир аст.

Шиори марказ ин аст: Таъмини муҳити мувофиқ барои омӯзиши клиникӣ дар марказ. Мақсад: имконияти инкишоф додан, нигоҳдорӣ ва такмил додани салоҳияти клиникӣ, фароҳам овардани шароити беҳтарин барои омӯзиши самараноки клиникӣ ва коммуникативӣ ва татбиқи принсипи таҳсилоти якумрӣ.

Базаи клиникӣ ва кадрҳо

Марказ бо кафедраҳои клиникии донишкада ҳамкориҳои фаъол доранд. Масалан: бо кафедраҳои акушерӣ ва гинекология, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои кӯдакона, ҷарроҳии умумӣ, тибби оилавӣ. Ҳар яке аз ин кафедраҳо базаи клиникии худро доранд.

Базаи моддии марказ

Роҳбарияти донишкада,  маркази таълимии моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Таҷҳизоти навтарин, манекенҳо ва мулуҳҳо харида мешаванд

Корҳои таълимӣ

Омӯзиш дар марказ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки принсипи: «Он чи медонӣ, исбот намо; Ба ман нишон диҳед, ки шумо чӣ кор карда метавонед ». Омӯзиши симулятсия бо он фарқ мекунад, ки пеш аз аёдати бемор ва анҷом додани ҳама гуна манипуляцияҳо донишҷӯ бояд аввал онҳоро дар симуляторҳо, фантомҳо ва манекенҳо дар маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ омӯзанд, сипас дилпурона ба назди бемор равад, ёрии тахассусӣ расонад. Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бо таҷҳизоти замонавии таълим муҷаҳҳаз аст.

Фаъолияти таълимӣ- методӣ

Мутахассисони марказ дар айни замон барои ҳар як маҳорати амалӣ, алгоритмҳои малакаҳои амалии татбиқи онҳоро таҳия кардаанд. Аёниятҳо омода карда мешаванд, яъне дастурҳои деворӣ, ки дар он қадам ба қадам иҷрои малакаҳои амалӣ тасвир карда шудаанд. Дар маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бо мақсади амиқи омӯзиши малакаҳои клиникӣ филмҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ ба роҳ монда шуда, марҳила ба марҳила татбиқи онро амалӣ месозанд.

Корҳои тиббӣ ва машваратӣ

Ҳамаи мутахассисони маркази мо, дар беморхонаҳои клиникии шаҳр ва шуъбаҳои клиникии донишкада ба таври ҳамкор кор мекунанд. Дар он ҷо вобаста ба ихтисосашон табобат ва ёрии машваратӣ мерасонанд.

 

НИЗОМНОМАИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ МАЛАКАҲОИ АМАЛӢ