• Ахмедов Аламхон Ахмедович

    Мурадова Малика Нарзуллаевна

    - мудири китобхонаи илмӣ

    Тел: +992 985 91 90 99

    Почтаи электронӣ: malikamura58@mail.ru

 

 Фаъолияти китобхонаи МТҒ "Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” соли 2015 дар заминаи ҶДММ "Коллеҷи тиббӣ–иҷтимоии ш. Душанбе” таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодааст.

Айни замон дар китобхона ду нафар, мудири китобхона ва китобдор фаъолият менамоянд.

Китобхонаи МТҒ "Донишкадаи тиббӣ–иҷтимоии Тоҷикистон"  фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи Низомнома ва Нақшаи солона, дар асоси Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти китобдорӣ" бо фармону дастурҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро ба роҳ мондааст.

Дар айни замон китобхона дар нимтаҳхонаи бинои асосии  донишкада ҷой гирифта аз 2 қисм иборат мебошад. Толори хониш  барои донишҷӯён, ки дорои 80 ҷойи нишаст буда, бо 30 адад компютери бо хати интернет пайвастшуда фаъолият намуда истодааст. Фонди захиравии китобхона 34013 китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 12995 китобҳои электрониро дар бар мегирад.

Муаллифи 10800-адад китобҳои тахассусӣ кормандони муассиса мебошанд, ки он ҳамагӣ 31,75%-и фонди захиравии китобхонаро ташкил медиҳад.

Инчунин дар толори хониши китобхона гӯшаи "Президент" мавҷуд аст, ки дар он 95-адад китобҳо ва  асарҳо бахшида ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон навишта шудаанд, мавҷуд аст.

Донишкада дорои маҷаллаи соҳавӣ бо номи Паёми Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон аст.

Руйхати ҳуҷҷатҳо

  1. Низомнома дар бораи фаъолияти китобдорӣ дар китобхона