• Сайфуллоева

    Сайфуллоева Мавҷигул Ҳайдарқуловна

    -раиси иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён

    Тел: +992 902 90 28 59

    Email: sayfulloeva.83@mail.ru

 

  Таърихи таъсису инкишофи донишкадаро бе фаъолияти  иттифоқи касабаи устодон  ва кормандони он тасавур намудан имконнопазир мебошад. Иттифоқи касаба  ягона ташкилоти ҷамъиятии расмие мебошад, ки  ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи кормандони муассисаю корхонаҳоро новобаста аз мансубияти ҳизбӣ, динӣ, ирсию мазҳабияшон ҳимоя менамоянд. Аз ин рӯ аз соли  2020 инҷониб  аз рӯзи таъсисёбии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” Иттифоқи касабаи кормандон низ дар ин муассиса фаъолият менамояд.                                  

1.Ҳадафхои асосии фаъолият тибқи оинномаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

       Иттифоки касаба барои ҳифзи мақсадхои касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ - иктисодии  аъзоёни иттифоқи касаба ташкил карда мешвад  ва фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аъзоёни иттифоқи касаба ва аҳли оилаи онҳо  мусоидат мекунад

  1. Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиëрӣ ва мустақил буда, кормандони муассиса, ташкилоту, корхонаҳои табобатӣ-профилактикӣ, дорутайёркунӣ, осоишгоҳию курортӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқоти, марказҳои илмии Вазорати тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Чумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои хоҷагиро, ки бо фаъолияти тиббӣ ва дигар корҳои солимгардонӣ шомиланд,  катъи назар аз шакли моликияташон, ашхосе, ки бо фаъолияти меҳнатии инфиродӣ машғуланд, инчунин донишҷуён, хонандагони таълимгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус ва нафақахӯрони соҳаро муттахид менамояд.
  2. Иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумхурии Тоҷикистон узви ҷудонашавандаи ҳаракати иттифокҳои касабавии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро тибқи Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон: «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи итиҳодияҳои чамъиятӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои.  Эъломияи ҷаҳонии ҳукуқи башар. Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Точикистон, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва Оинномаи мазкур амал мекунад.
  3. Иттифоқи касаба дар фаъолияти худ мустақил буда, ба мақомоти давлатию хоҷагӣ, ҳизбҳои сиëсӣ, корфармоён ва дигар ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва ғайра вобаста нест, дар ҳалли масалаҳои иҷтимоӣ-иктисодӣ, молиявӣ ва хочагӣ комилан сохибихтиëр буда, ба ин мақомотҳо ҳисоботдиҳанда намебошад, ба чуз ҳолатхои пешбинӣ кардани қонун. Чун ҳимоятгар ва ифодакунандаи ҳуқуқ ва манфиатҳои ичтимоӣ- иктисодӣ аъзоёни иттифоки касабаи соҳа ва аҳли оилаи онҳо бо мақомоти давлатию хочагӣ ва корфармоён хамкорӣ менамояд.
  4. Итттифоқи касаба сохтори худро мустақилона тахия ва тасдиқ менамояд, макомоти роҳбаркунандаро интихоб мекунад, идора таъсис медиҳад ва фаъолияти худро ташкил намуда, анҷуману конференсия. пленуму, ҷаласаҳо мегузаронад.
  5. Иттифоқи касаба метавонад бо Ассосиатсияхои сохавӣ, ки дар Ҷумхурии Точикистон ва мамолики хориҷӣ амал мекунанд, дар асоси шартнома ҳамкорӣ намояд.
  6. Иттифоқи касаба метавонад бо дигар иттифоқхои касаба ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо ба манфиати аъзои иттифоқи касаба мувофиқ мебошад ба мақсаду вазифаҳое, ки дар ҳамин оиннома муайян карда шудаанд, мухолифи қонун набошад, ҳамкорӣ кунад ё дохил шавад, бо созмонҳои иттифоқҳои касабаи байналмилалӣ, ки бо масъалаҳои ичтимоӣ - иктисодӣ ва инсондӯстӣ машғуланд, умуносибати корӣ дошта бошад.
  7. Иттифоки касабаи кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шахрӣ ва нохиявӣ дар мавриди аз қайди давлатӣ гузаштан суратҳисоби худро дар бонкҳо,мӯҳри худ ва штампи намунаи муқарраргардида ва бланкаҳои фирмавӣ доранд. Иттифоки касаба рамзи худ, парчам ҳуҷати иттифоки касабаро доранд.  Иттифоки касабаи кормандони тандурустӣ, ташкилотхои ибтидоии он дар  асоси Оинномаи мазкур амал мекунанд.
  8. Оинномаи мазкур ба тамоми ташкилотҳои иттифоқи касабаи кормандони тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва макомоти интихобии он баробар амал мекунад.

2.МАКСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ИТТИФОКИ КАСАБА

1.. Иттифоқи касаба барои ҳифзи мақсадхои касбӣ, меҳнатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ - иқтисодии аъзоёни иттифоқи касаба ташкил карда мешавад ва фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатхи зиндагии аъзоёни иттифоқи касаба ва аҳли оилаи онҳо мусоидат мекунад.

  1. Иттифоқи касаба ба воситаи мақомотхои интихобии худ фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касабаи соҳаро, ки дар худуди Чумхурии Тоҷикистон мебошанд, ба ҳалли масъалаҳои умумӣ муттаҳид ва равона мекунад;

- хуқук ва манфиатҳои ташкилотхои иттифоки касаба, аъзоёни иттифоки касабаро доир ба меҳнат ва дигар масъалаҳои  иҷтимоӣ – иқтисодӣ   дар мақомотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҳифз мекунад:

 - якчо бо макомотхои давлатӣ, хочагӣ ва иттиходияҳои чамъиятӣ дар таҳия намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва муҳокимаи барномаи ичтимои - иктисодие, ки гарави ҳифзи амалии аъзоёни иттифоқи касаба дар шароити гузариши иктисодиëти бозоргонӣ, новобаста аз шаклҳои моликият дар масъалаҳои шуғли онхо, музди мехнат ва кафолатҳои ичтимои равона карда шудаанд, иштирок мекунад.

  1. Барои ҳалли масъалаҳои ичтимоӣ-иктисодӣ ва расидан ба мақсади асосии иттифоки касаба, макомотхои интихобӣ ва рохбарони

онҳо:

- бо ташаббуси худ аз номи коллективҳои мехнатӣ созишномаи сохавӣ ва шартномаҳои коллективиро бо иштироки макомотҳои дахлдор ва корфармоён таҳия менамоянд, мебанданд ва иҷрои онҳоро зери назорат мегиранд;

-дар бораи қабул намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва масъалахои ичтимоӣ - иқтисодие, ки ба манфиатҳои аъзоёни иттифоқи касаба ба мақомотҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод менамоянд:                                                                                         

- ҷихати баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, буҷаи оила, бе қурбшавии пул, кам кардани шумораи бекорон, вазъи беморӣ, муҳофизат ва гигиенан меҳнат, инчунин масъалаҳои тайёрии касбӣ, такмили ихтисоси кадрҳо ва дигар масъалахо тадқиқот мебаранд:

-дар интихоботи макомоти хокимияти давлатӣ, макомотхои худидоракунии маҳаллӣ ба воситаи пешбарӣ намудани номзадхо ва дигар шаклхои дар конун пешбинишуда ширкат меварзад:

- барои ҳифзи хукукхои конунӣ ва манфиатхои ичтимоию-  иқтисодии аъзоёни иттифоқи касаба аз тамоми воситаҳое, ки дар Конститутсияи (Сарқонуни Ҷумҳурии Точикистон) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии  Toҷикистон баррасӣ шудаанд, истифода мебарад:

- ҳангоми ҳифзи ҳуқуқхои конунӣ ва манфиатхои мехнаткашон бо дигар иттифокҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ мекунад;

- риояи қонуни меҳнат ва қоидаҳои бехатарии меҳнат бартараф намудани омилҳои хавфноки экологӣ, ки ба саломатии аҳолии гирду атроф хатарноканд, назорат мекунад;

- дар бораи солимгардонии аъзоёни  иттифоқи касаба гамхорӣ намуда, ба онҳо дар кори ташкили суғуртаи давлатии ичтимоӣ, таъмини нафақа. табобати санаторию-курортӣ ва истироҳат ёрӣ мерасонад;

- мувофиқи қонун истифодабарӣ ва таъин намудани маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро дар корхонаҳо, ташкилотҳо  муассисаҳое, ки дар ихтиёрашон мебошанд, назорати чамъиятӣ мебарад;

- ба аъзоён ва ташкилотҳои иттифоқи касаба ёрии методӣ, ташкилӣ, машваратӣ, хукукӣ ва моддӣ  мерасонад;

-омӯзиши кадрҳои иттифоки касаба ва фаъолияти онҳоро ташкил мекунад:

- фаъолияти иттилоотиро ба роҳ мемонад;

- ташкилотҳои ба ҳисоби хоҷагӣ фаъолияткунанда, корхонаҳои якҷояи тиҷоратие, ки ҳуқуқи юридикӣ доранд, чамъиятҳои аксионерӣ ва суғуртавӣ ташкил намуда, озмун, лотереяхо мегузаронанд, аксияҳо харида  мегиранд, хазинаҳои ғайридавлатӣ ташкил мекунанд, бо дигар намудҳои фаъолият, ки ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мухолиф набуда, ба максаду вазифаҳои иттифоқи касаба мувофиқанд, ташкил мекунанд;

- моликият ва маблағҳои иттифоқи касабаро идора мекунад;

- мунтазам дар бораи фаъолияти худ ба аъзоёни иттифоки касаба ҳисобот медихад;

- дигар вазифаҳоеро, ки аъзоёни иттифоқи касаба ба воситаи сохтори худ дорад, ичро мекунад.

Ӯҳдадориҳо:

Барои амалӣ гардонии фаъолияти оинномавӣ ба талаботи Kонститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Точикистон, Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии ҳуқуқ, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф шудааст, чорабиниҳои зарурӣ меандешад; - ҳар сол ба мақомоти сабт дар хусуси кори гузаронидашуда, бо нишондоди суроғаи конунии мақомоти роҳбарикунандаи иттифоки касаба ҳисобот пешниҳод менамояд.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо

Шартномаи коллективӣ