• Охунов Башер Хуҷақулович

    - муовини ректор оид ба тарбия ва муносибатҳои байналхалқӣ

    - номзади илмҳои педагогӣ

    Тел: +992 935 10 00 21

    Email: bashir_okhunov@mail.ru

Раёсати корҳои тарбия Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон соли 2020 дар заминаи шуъбаи  тарбия таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ойинномаи донишкада, фармоишу супоришҳои ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва низомномаи раёсати корҳои тарбиявӣ ба роҳ мондааст.

Пайгирӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳанг, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва такмилу тавсеаи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон аз самтҳои муҳимму афзалиятноки фаъолияти раёсати корҳои тарбиявӣ ба шумор меравад.

Дар Донишкада ҳамасола раёсати корҳои тарбия барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, санаҳои таърихию сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ ба мисли Сада, Наврӯзи байналмилалӣ ва Меҳргон саъю кӯшиш ба харҷ дода, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёнро ба он ҷалб менамояд.

Раёсати корҳои тарбия дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои донишкадавӣ доир ба масъалаҳои муҳиму мубрами замони муосир, зиндагиву рӯзгори ҷавонон, илму фарҳанг, ахлоқу маънавият дар ҷомеа ва рушди сайёҳӣ конференсияҳои илми назариявӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, нишастҳои озоди илмию машваратӣ, озмунҳо, намоишҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои гуногуни илмию зеҳнӣ баргузор менамояд.

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо сарпарастии раёсати корҳои тарбиявӣ Шӯрои ҷамъиятии сарпарастон (кураторон) ва дар сатҳи факултетҳо созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва шӯроҳои ҷамъиятии кор бо донишҷӯдухтарон амал менамоянд, ки дар рушду тавсеаи босамари корҳои тарбиявию ахлоқӣ, таълимию илмӣ ва фарҳангӣ, пурзӯр намудани фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.

Дар сохтори раёсати корҳои тарбиявӣ шуъбаҳою бахши зерин мавҷуд аст:

  1. Шуъбаи кор бо ҷавонон;
  2. Шуъбаи кор бо занон ва донишҷудухтарон;
  3. Шуъбаи фарҳанг;