Шуъбаи “Стоматология” воқеъ дар “Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ”-и назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

  1. Муқаррароти умумӣ:

   1.1. Шуъбаи стоматологӣ  қисми сохтории клиника мебошад ва барои расонидани ёрии тахассусӣ ба аҳолии  пешбинӣ шудааст.

    1.2. Мудири шуъба ва мутахассисон дар фаъолияти худ бо қонунгузории амалкунанда, Оинномаи клиника, Низомномаи мазкур ва дастурҳои вазифавиро ба роҳбарӣ мегиранд.

    1.3. Шуъбаи стоматологӣ дар баробари тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ инчунин барои такмили маҳорати касбӣ, истифодаи мақсадноки таҷҳизоти стоматологӣ, расонидани хизмати тиббӣ аз рӯи ихтисос ба муроҷиаткунандагон низ корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.

    1.4. Дар шуъба номзадҳои илми тиб, духтур – стоматологҳо ва устодон  адои вазифа мекунанд. Дар кафедраҳои шуъба тамоми корҳои табобатие, ки дар соҳаи стоматологияи муосири дунё истифода мешаванд, роҳандозӣ карда шудааст ва бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин аст. Дар шуъба кафедраҳои стоматологияи муолиҷавӣ ва стоматологияи  ортопедӣ пурра  ҷойгир шудаанд. Фаъолияти ҳуҷраҳои рентгенӣ,  тамизгардонӣ кори устодонро осон гардонида барои сари вақт ташхиси дуруст мондан ва табобати муфид намудан мусоидат менамояд. Дар ҳама ҳуҷраҳо камераи нигоҳдории асбобҳои тамизшуда гузошта шудааст, ки ин барои бехатарии сироятӣ муҳим аст. Ҳамкорӣ байни устодони кафедраҳо дар сатҳи зарурӣ буда, барои баланд бардоштани нуфузи шуъба, ҳамчун клиникаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мусоидат мекунад. Кафедра метавонад ҳамчун базаи клиникӣ барои муассисаҳои таҳсилоти тиббӣ, илмӣ ва олӣ истифода шавад.

 

  1. Вазифаҳои асосии кафедра;

2.1 Баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён;

2.2.Гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар соҳаи пешгирии бемориҳои стоматологӣ.

2.3.Ҷорӣ намудани усулҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ дар асоси технологияҳои муосири тиббӣ.

2.4.Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос;

2.5.Тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ;

2.6.Тайёр намудани дастурҳои методӣ, дарсӣ ва дастурамалҳо барои машғулиятҳои амалии донишҷуён ва муаллимон;

2.7.Ба амал баровардани тадбирҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявӣ оид ба таъмини ёрии тиббӣ, бехатарии фаъолияти тиббӣ, бехатарии кормандон ва беморон, пешгирии паҳншавии сироятҳои беморхонаҳо.

2.8.Такмил додани шаклу усулхои ташкилии кори кафедра, ки ба баланд бардоштани сифат ва самаранокии процесси ташхису табобат нигаронида шудааст.

2.9. Корҳои таълимӣ (корҳои таълимӣ дар шуъба аз рӯи нақшаи тасдиқкардаи шуъбаи таълим ба роҳ монда шуда, қариб ҳама лексияҳо ва дарсҳои амалӣ бо тариқи презентатсия, яъне бо истифода аз компютер, проектор ва доскаи эдлектронӣ гузаронида мешаванд). Дар шуъба ҳуҷраи фантомӣ бо ҳама маводҳои ҳозиразамон фаъолият менамояд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён мусоидат мекунад)

2.10. Иҷрои корҳои тарбиявӣ; (корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои зерин бурда шуд: Пешгирии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ; Оиди ҳолати омузиши забони давлатӣ дар марказ.  Оиди конститутсияи ҶТ ва аҳамияти он барои тенҷию ороми ва пешрафти ҷомеаи имрӯза)

 

  1. Вазифаҳои шуъбаи “Стоматология”-и “Маркази клиникӣ илмӣ-таълимӣ” -и назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

3.1.Ташкили раванди ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ;

3.2.Таъиноти машваратӣ;

3.3.Муоинаи саривақтӣ ва ҳамаҷонибаи беморон;

3.4.Ҷорӣ намудани усулҳои муосири пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои стоматологӣ ва  минтақаи ҷоғу-рӯй;

3.5.Табобати беморони стоматологӣ дар асоси амбулаторӣ бо истифода аз усулҳои муосир ва доруворӣ;

3.6.Назорати диспансерии беморони гирифтори патологияи системаи дандонпизишкӣ ва таҳлили самаранокии он бо арзёбии сатҳи саломатии дандонпизишкӣ;

3.7.Муайян намудани беморони гирифтори аномалияҳои дандонҳо, деформатсия ва шартҳои инкишофи онҳо, нуқсонҳои тоҷи дандонҳо ва бо фиристодани минбаъдаи онҳо ба шуъбаи клиникаи стоматологии профили дахлдор;

3.8.Ҳангоми мавҷуд будани нишондодҳои тиббӣ, фиристодани беморон барои табобати статсионарӣ ба шӯъбаҳои ҷарроҳии стоматологӣ ва (ё) ҷарроҳии ҷоғ-рӯй беморхонаи бисёрсоҳа, инчунин ба ташкилотҳои махсуси тиббӣ;

3.9. Ёрии машваратӣ ба духтурони дигар воҳидҳои сохтории клиника;

3.10.Ташкил ва гузаронидани муоинаи профилактикӣ ва санитарияи дахонии контингенти таъиншуда, аз ҷумла дар муассисахои таълимии таҳсилоти миёна, олӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, минтақаҳои кабул, корхонаю ташкилотҳо (донишҷӯён, аҳолии кор, занони ҳомила);

3.11.Таҳлили сифат ва самаранокии кор, инчунин таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирӣ, ташхис, табобат, барқарорсозӣ ва назорати диспансерии беморон дар шуъба.

3.12.Дар амал чорӣ намудани усулҳои нави профилактика, ташхис ва табобати беморон;

3.13. Иштирок дар чорабиниҳои такмили ихтисос;

3.15. Дигар вазифаҳое, ки қонунгузории амалкунанда дар соҳаи тандурустӣ пешбинӣ кардааст.

 

  1. Корҳои ташкилии шуъбаи “Стоматология”

4.1. Шуъбаи стоматологӣ фаъолияти худро тибқи фармони ................амалӣ менамояд. бо тартиби муайянкардаи Оинномаи клиника ва ин низомнома.

4.2. Назорат ва санҷиши фаъолияти шӯъба аз ҷониби сардухтури клиника ва комиссияҳои махсус ташкилшуда аз рӯи самти фаъолият амалӣ карда мешаванд.

4.3. Шуъбаи стоматологӣ бо фармони сардухтури клиника ташкил ва барҳам дода мешавад.

 

 

Тамос:

Кафедраи «Стоматологияи муолиҷавӣ»-и,  воқеъ дар “Маркази клиникӣ илмӣ-амалӣ” назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ш.Душанбе, к. Клара Сеткина 2

Тел.: +992 918434377, 988454579

Элект.почта: gulnozhoshimovna@gmail.com