Низом ва шартҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил дар 

МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтиомии Тоҷикистон”

  1. Ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар Муассисаи Таълимии ғайридавлати “Донишкадаи тиббӣ-иҷтиомии Тоҷикистон” таҳсил намоянд, аз 1-25-уми август қабул карда мешаванд ва аз фанҳои Анатомия, Химия, Биология ва Физика суҳбат мегузаранд.
  2. Баъд аз санҷиши комиссияи қабул, ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони хоиҷӣ дар доираи талаботҳо мавҷуда, қабул карда мешаванд.
  3. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил бо роҳи мусоҳиба буда, дар мусоҳиба аъзои комиссияи қабул аз ҷумла намояндагони факултетҳо, кафедраҳои забонӣ ва тахассусӣ, ки аз ҷониби ректори донишкада таъин гардидаанд, иштирок меварзанд.
  4. Баъд аз мусоҳиба дар ҳолати гирифтани натиҷаҳои мусбӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар сафи донишҷӯёни “ДТИТ”  ба ҳайси донишҷӯ бо фармони ректори донишкада, бастани шартнома байни ректори донишкада ва шаҳрвандони хориҷӣ ва пардохти пурраи маблағи таҳсилот барои соли таҳсил то 30-уми октябр, пазируфта мешаванд.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

  • Аризаи шахсии довталаб ба номи ректор бо нишондодани номи факултет ва забони таҳсил (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ танҳо дар факултети тиббӣ);
  • Шаҳодатнома (ҳуҷҷат) оид ба хатми таҳсилоти миёнаи умумӣ;
  • Шаҳрвандони хориҷие, ки ба тариқи интиқол меоянд, дар нухаи асли рунавишт (транскрипт) бояд муҳри тасдиқ аз Вазорати корҳои хориҷӣ ё Сарраёсати консулӣ кишварашон дошта бошанд.
  • Шаҳодатномаи тиббии намунаи муқарраршуда, ки набудани вируси ВИЧ / СПИД-ро шаҳодат медиҳад, бо бақайдгирии расмӣ аз ҷониби мақомоти тандурустии кишвар тасдиқ шудааст, (нусхаи асл);
  • Флюорография бо хулосаи табиби соҳаи туберклёз; Шаҳодатномаи акредитатсияи давлатии муассисаи таълимие, ки шаҳрванд маълумот гирифтааст (нусхаи шаҳодатнома ба тасдиқи нотариалӣ);
  • 10 дона сурати ранга бо ҳаҷми 3х4 см барои раводид ва бақайдгирӣ.
  • Арзиши маблағитаҳсил аз соли аввал то ба соли хатм бетағир боқӣ 

мемонад,  ки он дар шартномаи байни роҳбарияти донишкада ва 

донишҷӯ дарҷ мегардад.

Тамос:

Суроға: 734142, Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ш. Душанбе, н. Сино, хиёбони Клара   Сеткина 2,  

 Телефон: (+992) 98 767 99 37, (+992) 93 510 00 21

 E-mail: Izzatullo_1@mail.ru