• Талабов Одина

    Талабов Одина

    Мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ

    Тел: +992 918 68 17 13

    Почтаи электронӣ: talabov.odihna66@ g-mail.com

 

Тачрибаомузии донишҷӯёни донишкада қисми муҳими таълим ба хисоб рафта, барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, фармасевтӣ ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ахамияти калон дорад.

Тачрибаомузии донишчуён дар муассисаҳои табобати, фарматсевтӣ ва стоматологии  Вазорати тандурустии ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Вобаста ба тахасусҳо таҷрибаомӯзӣ оид ба, табобатӣ, стоматологи,, фармасевтӣ ва ғайраҳо гузаронида мешавад.

Мақсади асосии таҷрибаомӯзӣ ин табобатӣ, стоматологи ва фармасевтӣ тайёр намудани ба фаъолияти амалии донишчуёни донишкада мебошад.

Мақсади таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети тибби ин такмил додани малакаҳои амалии онҳо оиди парасторӣ, ташхис, табобати бемор ва корҳои ташкилии соҳаи тандурустӣ, ки дар марҳилаҳои гуногуни таълим аз худ намудаанд мебошад. Инчунии шиносоии онхо ба шароит ва ҳаҷми кори табибон дар беморхонаҳо, ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мебошад.

Мақсади таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи стоматологӣ ин мустахкам намудани малакаҳои амалӣ оиди қабули мушаххас ва омехтаи беморони стоматологӣ, омӯхтани принсипҳои ассосии хизматрасонии стоматологӣ, аз худ намудани шакл ва усулҳоии санатсияи (табобати пешакӣ) накшавии диспансеризатсияи аҳолӣ мебошад.

Вазифаи таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултаи фармасевтӣ, ин аз худ намудани малакаҳои амалии кор дар дорухонаҳо, назорати таҳлилӣ, усулҳои такмили идораи фаъолияти дорухона, назорати сифати маводҳои доруворӣ, технологияи маводи доркворӣ дар корхонахои фарматсевтӣ ва аз худ намудани асоси ташкили иқтисоди фарматсия мебошад.

Донишчуёни донишкада тачрибаомузиро мувофики шартномаи ду тарафа дар муассисаҳои табобатӣ,  дорухонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, нохиявӣ ва корхонаҳои фарматсевтӣ, ки ба талаботи таҷрибаомӯзи чавобгуй ҳастанд мегузаранд. Таҷрибаомӯзи дар муасисаҳои дар боло зикршуда мутобики гурӯҳ ва ё ба тарзи индивидуалӣ вобаста ба имконияти муассиса гузаронида мешавад.

ВАЗИФАҲОИ ШУЪБАИ ТАҶРИБАОМЎЗӢ

Пойгоҳи таҷрибаомӯзиро аз хисоби муассисаҳои тиббӣ,  дорухонаҳо, институтҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва дигар муассисаҳо интихоб намуда, паспортизатсияи онҳоро гузаронанд.

Барои роҳбарии таҷрибаомӯзӣ аз кафедраҳо омӯзгорони ботачрибаро интихоб намояд.

Чадвали гузаштани таҷрибаомӯзиро тайёр намуда, донишчуёнро ба пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ тақсим ва равон намояд,

Ҳамоҳангсозии байни донишчуёни ва пойгоҳҳоро дар вактитаҷрибаомӯзӣ ташкил намояд.

Ба кафедраҳои мутасаддии таҷрибаомӯзӣ ёрии методӣ расонад.

Фаъолияти кафедраҳои мутасаддиро назорат намояд.

Натичаҳои таҷрибаомӯзиро чамъбаст намуда, дар ҷаласаҳои Раёсати Донишкада ва Шӯрои олимон хисобот диҳад.

Дар баландбардоштани дараҷаи тахассусии кормандони пойгох, ки роҳбари таҷрибаомӯзӣ мебошанд ҳиссагузорӣ намояд, бо ин максад корҳои машваратӣ ва семинарҳоро ташкил намояд.

Пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»
Номгӯи пойгоҳи клиникӣ Суроғаи юридикӣ  
1. МД «Маркази шаҳрии тиббии №2» ш.Душанбе, х.Саноӣ-33  
2. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
3. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ш.Душанбе, х.А.Навоӣ 59  
4. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
5. МД «Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ» ш.Душанбе, х.Зарафшон 2/11  
6. МД «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ш.Душанбе, х.Н. Ҳувайдуллоев 270  
7. МД «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ш.Душанбе, х.Н.Қарабоев 60  
8. МД «Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судӣ» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
9. МД «Маркази саломатии шаҳрии №12» ш.Душанбе, х.Деҳотӣ, 50 а  
10. МД "Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии фарматсевтӣ" ш.Душанбе, х.Маяковский 2  
11. МД «Маркази саломатии шаҳрии №8» ш.Душанбе, х.Рӯдакӣ 186  
12. МД "Маркази дастгирии оила ва кӯдак №1" ш.Душанбе, х.Адҳамов 64А  
13. МД "Маркази дастгирии оила ва кӯдак №1" ш.Душанбе, х.Сино 42/3  
14.  МД «Маркази шаҳрии тиббии №1» ш.Душанбе, х.Абая 3  
15. МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
16. ҶДММ "ТБШ" ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 77/37  
17. МД «Пажуҳишгоҳи стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рўй» ш.Душанбе, х.Хуҷандӣ 13  
18. МД «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» ш.Душанбе, х.Айнӣ 46/1  
19. МД "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ш.Душанбе,х.Рӯдакӣ 139  
20. ҶДММ "Фармико" ш.Душанбе, х.Айнӣ 59/1  
21. Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш.Душанбе, х.Борбад 71  
22. МД «Дармонгоҳи шаҳрии кӯдаконаи стоматологии №1» ш.Душанбе, х.А.Раҷабов 16/1  
23. ҶДММ "Муҳаммад А" ш.Душанбе, х.Ҷ.Расулов 6/1  
24. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ»  н.Рӯдакӣ, х. Табибон  
25. ҶДММ "Ғулом" ш.Душанбе, х.Маяковский 79  
26. МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
27. МД «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул» ш.Душанбе, х.Айнӣ 52  
28.

Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ш.Душанбе, х.Л.Шералӣ 3  
29. КВД "Килиникаи стоматологӣ" ш.Душанбе, х.Хоразмӣ 1/1  
30. МД "Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва ортопедӣ" ш.Душанбе, х.И.Сомонӣ 59  
31. МД "Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД" ш.Душанбе, х.Деҳотӣ 48  
32. МД "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм" ш.Душанбе, х.Р.Набиев 238  
33. МД «Пажўҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ш.Душанбе, х.Турсунзода 31  
34. МД “Хонаи кӯдакони №-1 барои кӯдакони ятиму бепарастори”-И шаҳри Душанбе ш.Душанбе, х.Борбад 72/3  
35. ҶДММ “TJ TD Rose” н.Шаҳринав, ҷ.Боғистон  
36. Муассисаи давлатии "Институти гастроэнтерология" ш.Душанбе, х.Маяковский 79  

Номгуи ҳуҷҷатҳо

Низомномаи таълимӣ ва истеҳсолии донишҷӯён

Нақшаи кории мудири кафедраи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ