Шуъбаи корҳои тарбиявӣ

Шуъбаи корҳои тарбиявии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон соли 2020 таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, оинномаи донишкада, фармоишу супоришҳои ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ва низомномаи шуъбаи корҳои тарбиявӣ ба роҳ мондааст.

Пайгирӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳанг, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва такмилу тавсеаи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон аз самтҳои муҳиму афзалиятноки фаъолияти раёсати корҳои тарбиявӣ ба шумор меравад.

Шуъбаи корҳои тарбия дар донишкада ҳамасола  барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими давлатӣ, санаҳои таърихию сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ ба мисли Сада, Наврӯзи байналмилалӣ ва Меҳргон саъю кӯшиш ба харҷ дода, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёнро ба он ҷалб менамояд.

Шуъбаи корҳои тарбия дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои дар сатҳи донишкада доир ба масъалаҳои муҳиму мубрами замони муосир, зиндагиву рӯзгори ҷавонон, илму фарҳанг, ахлоқу маънавият дар ҷомеа ва рушди сайёҳӣ конференсияҳои илми назариявӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, нишастҳои озоди илмию машваратӣ, озмунҳо, намоишҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои гуногуни илмию зеҳнӣ баргузор менамояд.

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо сарпарастии шуъбаи корҳои тарбиявӣ, Шӯрои кураторон ва дар сатҳи факултетҳо созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва шуъбаи кор бо донишҷӯдухтарон ва оила амал менамоянд, ки дар рушду тавсеаи босамари корҳои тарбиявию ахлоқӣ, таълимию илмӣ ва фарҳангӣ, пурзӯр намудани фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо