СИЁСАТИ
МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН"ДАР СОҲАИ СИФАТ

Сиёсати МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" ба таъмин кардани хатмкунандагони рақобатпазир дар бозори миллӣ ва ҷаҳонии хизматрасонии таҳсилотӣ, ба даст овардани мақсадҳои стратегии донишкада ва беҳтар сохтани сифати хизматрасониҳои таълимӣ, илмӣ ва тиббӣ равона карда шудааст.

РИСОЛАТИ МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН"

Рисолати донишкада ҳифз, таҳким ва такмил додани саломатии аҳолӣ, расонидани кӯмаки тиббӣ-иҷтимоӣ ва тиббӣ-психологии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва минбаъд дар сатҳи байналмилалӣ тавассути паҳн ва татбиқи донишҳо ва принсинҳои прогрессивии амалияи клиникӣ, тиббӣ-иҷтимоӣ, тиббӣ-психологӣ ва фармасевтӣ, дар омодасозии мутахасиссони дорои маҳорат, малака ва салоҳиятнок дар соҳаи тандурустӣ, ноил шудан ба дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи тиб, тиббӣ-иҷтимоӣ, тиббӣ-психологӣ, стоматология ва фармасевтӣ, тибқи талаботи саломатии миллӣ ва байналмиллалӣ, татбиқи модели шарикии иҷтимоӣ ба манфиати ҷомеа ва давлат. Донишкада кӯшиш менамояд, ки тавассути таълим ва тарбияи насли нави мутахассисони соҳаи тандурустӣ, тиббӣ-иҷтимоӣ, психологияи тиббӣ ва дорои тафаккури интиқодӣ доранд, ба манфиати инсоният хизмат кунад.

Пешниҳоди таҳсилоти тиббии дорои заминаи миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ баҳри омодасозии кадрҳои салоҳиятнок ва мусоидат ба рушди фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ.

ПЕШБИНИИ МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН"

МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон"  кўшиш мекунад, ки муассисаи пешоҳанги олии таълимӣ дар Осиёи Марказӣ бошад, ки кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустиро дар заминаи бунёди пойгоҳҳои байналмилалии илмӣ-инноватсионӣ ва пешниҳод кардани хизматрасониҳои босифати таълимиро амалӣ созад.

Сиёсати соҳаи сифатро пазируфта, роҳбарияти МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон"  самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро муайян мекунад:

  • Дар донишкада таъмин кардани ҷараёни инноватсионии таълим ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгў;
  • Пайваста баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии кормандони илмӣ-педагогӣ бо роҳи ворид кардани шаклҳои муосир ва усулҳои тайёр кардани онҳо (такмили ихтисос, истифодаи технологияҳои навини педагогӣ дар раванди таълим);
  • Таъсис додани комплексҳои илмӣ-таълимӣ ва клиникӣ барои такмил додани раванди таълим ва баланд бардоштани потенсиали илмӣ;
  • Рушди инфрасохтор ва базаи моддӣ-техникии донишкада;
  • Такмил додани системаи менеҷменти сифат ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии донишкада.

Дар татбиқи Сиёсат дар соҳаи сифат ҳар як корманди донишкада иштирок мекунад ва дар доираи салоҳиятҳои худ масъулиятнок аст.