• Ахмедов Аламхон Ахмедович

    Ахмедов Аламхон Ахмедович

    - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия

    - доктори илмҳои тиб, профессор

    Тел: 988 00 16 41

    Почтаи электронӣ: alamkhon.01021951@gmail.com

 

А. Ахмедов 1 феврали соли 1951 дар шаҳри Кӯлоб собиқ вилояти Кӯлоб (ҳозира вилояти Хатлон) дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1975 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино-ро бо муваффақият хатм кардааст. Пас аз хатми давраи таҳсили интернатураи клиникӣ (с.1976) аз соли 1976 то соли 1977 дар дармонгоҳӣ шаҳрии ш. Кӯлоб ба ҳайси табиби минтақавии бемориҳои дарунӣ шуда кор кардааст. Вай дар як муддати кутоҳ дар баробари маҳорати тиббӣ амалия маҳорати ташкилотчигии худро низ нишон дод. Аз ҳамин лиҳоз ӯро мудири шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии дармонгоҳи ш. Кулоб таъин карданд. Бо ташаббуси ӯ соли 1979 дар ҳайати раёсати нигаҳдории тандурустии шаҳри Кӯлоб нуқтаи ёрии таъҷилии тиббӣ ташкил карда шуд. Баъди дар сохтори раёсати тандурустии шаҳри Кӯлоб ташкил шудани нуқтаи тиббии шаҳрии ёрии таъҷилӣ сардухтури ин нуқта таъин гардида, то соли 1984 дар ин вазифа кор кардааст. Соли 1984 бо роҳи гузариш ба вазифаи сартабиби Беморхонаи ҷумҳуриявии шуъбаи 4-уми назди Шурои Вазирони ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб буда, таъин шуда, то соли 1987 дар он ҷо кор кардааст.

Аз моҳи феврали соли 1987 то июли соли 1987 дар шаҳри Москва курси махсуси тайёриро, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои ҳайати роҳбарикунандаи бахши нигаҳдории тандурустии ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳоди Шуравӣ ташкил кардааст, гузаштааст.

Баъди таҳсил соли 1987 тариқи озмун дар асоси алтернативӣ ба вазифаи мудири раёсати тандурустии кумитаи иҷроияи шаҳри Кӯлоб интихоб шуд. Баъдан, соли 1987 бо роҳи гузариш ба вазифаи муовини аввали мудири раёсати тандурустии кумитаи иҷроияи вилояти Хатлон таъин гардид. Баъди барҳам додани вилояти Хатлон дар соли 1990, аз 15.03.1990 то 09.03.1990. ҷонишини сардори раёсати нигаҳдории тандурустии вилояти Кӯлоб шуда кор кардааст.

Соли 1990 дар асоси алтернативӣ аз ҳавзаи интихоботии №159 «Ҷавонон»-и шаҳри Кӯлоб вакили мардумии Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон даъвати 12 интихоб шудааст.

Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳорати баланди ташкилотчигии А.Ахмедовро ба назар гирифта, соли 1990 ӯро муовини вазири тандурустии ҶШС Тоҷикистон таъин кард. Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин вазифа то 18 январи соли 2003 пурсамар кор кардааст. А.Ахмедов фаъолияти худро ба ислоҳоти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ равона кард. Вай дар ин давраи душвор барои ҷумҳурӣ ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, ба вуҷуд овардани потенсиали таълимию илмии истеҳсолот, ташкили инкишофи таҳқиқотҳои илмӣ кӯшиш мекард.

Вай дар давоми фаъолияти вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда, ба муассисаҳои табобатӣ-профилактикии кишвар ёрии амалӣ расонд ва аҳолии онҳоро аз эпидемияи бемориҳои сироятӣ (вабо, гелиотроп, триходесмотоксикоз, домана, ислоҳи хунин, вараҷа, гулу зиндонак, домана ва ғайра) озод намуд. Бо ташаббуси ӯ беморхонаи шаҳрии бемориҳои сироятӣ, Маркази вилоятии саратоншиносӣ ва Маркази экспертизаи судии тиббии вилоятӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ дар шаҳри Кӯлоб Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Балҷувон, беморхонаи сироятӣ дар ноҳияи Ҳисор, таваллудхона дар шаҳри Истаравшан, Маркази ҷарроҳӣ дар назди БМН Данғара, як қисми БМН дар ноҳияи Ҷилликӯл, БМН дар ноҳияи Шӯробод ва тибқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ тамоми биноҳои Марказҳои тандурустии ноҳияҳои Данғара ва Варзоб сохта ва ба истифода дода шуданд. Бо ташаббуси ӯ соли 1993 Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд.

Илова бар ин, Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббии шаҳри Душанбе, беморхонаи марказии клиникӣ ва дармонгоҳи ноҳияи Темурмалик, беморхонаи марказии клиникии ноҳияи Ишкошим, шуъбаи ҷарроҳӣ дар н.Варзоб, беморхонаи марказии клиникии ноҳияи Айнӣ, шуъбаи касалиҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ва дигар объектҳо пурра таъмир карда, ба истифода дода шуданд. Бо дарназардошти меъёрҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе шуъбаи ташхиси судии тиббӣ дар назди Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои рӯҳӣ аз нав сохта ба истифода дода шуд.

Бо ҳидоят ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Маркази ҷумҳуриявии ҷарроҳии дилу раг ва шуш, Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилии ш. Душанбе ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дилро бо таҷҳизоти гаронбаҳои ташхису табобатии истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ таъмин намуд (с.1999).

А. Ахмедов на танҳо ташкилотчии фаъол, балки олими сермаҳсул мебошад. Соли 1996 рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, соли 2000 унвони илмии дотсентиро гирифтааст. Соли 2000 дар шаҳри Москваи Федератсияи Росия рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Соли 2001 унвони илмии профессориро гирифт.

А.Ахмедов аз 5 июли соли 2003 то 5 майи соли 2015 дар вазифаи ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Фаъолияти худро аз таҳкими заминаи ҳуқуқии донишкада оғоз кардааст. Оинномаи онро таҳия ва бо тартиби муқарраршуда дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст (с. 2004). Бо ташаббуси А.Ахмедов соли 2004 донишкада бори аввал дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия гузаштааст. Дар сохтори донишкада кафедраҳо ва курсҳои нав ворид гардида, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон филиалҳои донишкада ташкил карда шуданд. Дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар ҷумҳурӣ таълими ғоибона чорӣ карда шуд. Ҳамаи ҳуҷраҳои кории донишкада ва кафедраҳо бо техникаи компютерӣ таъмин карда шуданд. Барои баланд бардоштани сифати раванди таълим усулҳои нави муайян кардани сатҳи дониши донишҷӯён, аз ҷумла имтиҳони санҷишӣ ва имтиҳони OSCE ҷорӣ карда шуданд. Дар донишкада Маркази тиббӣ  далелнок кушода шуд.

Аз 30.06.2016 то 31.12.2019. мудири шуъбаи илмҳои тиб, байторӣ, фармасевтии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз 3 январи соли 2020 то имрӯз ба ҳайси ҳамкор мутахассиси пешбари шуъбаи тиббии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад.

Аз 2 сентябри соли 2020 то имрӯз дар вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Таҳти роҳбарии ӯ 8 рисолаи докторӣ ва 34 рисолаи номзадӣ, аз ҷумла оид ба масъалаҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дифоъ карда шуд. Муаллифи зиёда аз 323 мақолаи илмӣ ва 9 монография мебошад.

Аламхон Ахмедов дар иҷлосияи 51-уми Минтақаи аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (10-13 сентябри соли 2000, Мадрид) якдилона узви комилҳуқуқи кумитаи доимии минтақаи аврупоии ТУТ ва дар иҷлосияи 52-юми Минтақаи аврупоии ТУТ Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (16 – 19 сентябри 2002, Копенгаген) – муовини раиси Кумитаи доимии, Минтақаи Аврупоӣ Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъин гардид.

Соли 2002 ба муносибати пурра аз байн рафтани фалаҷи мағзи сари кӯдакон дар ҷумҳурӣ ба Аламхон Ахмедов Шаҳодатномаи ТУТ дода шуд.

Бо назардошти хизматҳои шоистаи ӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ба А.Ахмедов унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»-ро дод.

                                                           

  Корҳои илмию табъӣ, ки дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон" анҷом дода мешаванд, аз чорабиниҳои зерин иборатанд: эҷоди лоиҳаҳои илмии дорои хусусияти принсипан инноватсионӣ бо истифода аз усулҳои муосири пажӯҳишӣ, илмию методӣ ва инноватсионӣ ва инноватсионӣ фаъолият мекунад, дар рушди илми тиб саҳми сазовор мегузорад. Ихтироот ва навоварӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти олимони Институт мебошад.   Татбиқи нақшаи «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2015-2020» ва ҳалли масъалаҳои соҳаи илми тиб ҷумҳурӣ дар муассисаи таълимии ғайридавлатии "Донишкадаи тиббию иҷтимоии Тоҷикистон" нақши муҳим дорад.
Олимони институт дар соҳаҳои афзалиятноки илми тиб барои ҷумҳурӣ корҳои илмӣ мебаранд, ки 17 мавзӯи ташаббускори бахши илмиро дар бар мегиранд. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар монографияҳо ва маҷаллаҳои ба Рӯйхати маҷаллаҳои илмӣ ва нашрияҳои пешазинтихоботӣ дохилшуда, ки Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия додааст, нашр карда мешаванд. Ғайр аз он, олимон дар маҷаллаҳои илмии дигар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар кишварҳои хориҷи наздик ва дур нашр мешаванд, ки ба истифодаи васеътари натиҷаҳои илм мусоидат мекунанд.
  Донишгоҳ ҳар сол конфронси илмӣ ва амалиро бо иштироки байналмилалӣ ҳамасола баргузор карданист.
  Корҳои илмӣ тибқи нақшаи лоиҳаҳои илмӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи илм ва тиб самаранок ва мақсаднок оварда мешаванд.

Номгӯи ҳуҷҷатҳо

  1. Дастурамали вазифавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия  
  2. Низомномаи раёсати илм ва инноватсия 
  3. Низомномаи шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ
  4. Низомномаи Шурои олимон
  5. Низомномаи Шурои олимон
  6. Низомномаи Шурои олимони факултет
  7. Низомномаи котиби илмии Шурои олимон
  8. Низомнома дар бораи фаъолияти китобдорӣ дар китобхона
  9. Низомномаи маҷаллаи "Паёми Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон"
  10. Низомнома оид ба Шурои экспертии байникафедравӣ доир ба фанҳои бемориҳои дарунӣ, сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ
  11. Низомномаи Шурои экспертии байникафедравӣ доир ба фанҳои ҷарроҳӣ
  12. Низомнома оид ба комиссияи озмуни баррасӣ ва баҳодиҳии пешакӣ ба парвандаи шахсии довталабони вазифаҳои озоди ҳайати профессорону омӯзгорон