• Шаҳобова Сайёра Аблакуловна

    Шаҳобова Сайёра Аблакуловна

    - сардори Шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ

    Тел: +992 918 63 87 23

    Email: alamkhon.01021951@gmail.com

 

Шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмии МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»  ҷузъи сохтори МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» буда, мақсади асосии он ташкил, таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба тайёр кардани кормандони илмии дараҷаи олӣ дар доираи  аспирантура, докторантура,  доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат ва унвонҷўӣ дар МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» мувофиқи талаботҳои амалкунандаи ҷорӣ мебошад.

 Шуъбаи мазкур фаъолияти худро дар ҳайати Раёсати илм ва инноватсияи МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунандаи ҷорӣ, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02 соли 2017, №93 “Стандартҳои давлатии докторантура аз рўйи ихтисос”, Низомномаи докторантура аз рўйи ихтисос” аз 25.02 соли 2017 (№93), Низомномаи Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.06 соли 2023, №295  “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 30.06 соли 2021, №267) ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои  ҳайати мушовараи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои  ҳайати мушовараи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи  МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», қарорҳои Шурои олимони МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», фармоиш ва супоришҳои ректори МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон», нақша чорабиниҳои аз тарафи рохбарияти донишкада ба тавсиб расида ва дигар талаботҳои амалкунандаи ҷорӣ  ба роҳ мемонад.

Тартибу шартҳои тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” (18.03 соли 2015, № 1197) ва санадҳои қонунгузории дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти шуъба аз: ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ дар донишкада тибқи талаботҳои амалкунандаи ҷорӣ, афзун намудани натиҷабахшии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ дар донишкада, коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методӣ оид ба масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмии дараҷаи олии тахассусӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо дар ташкили раванди таълим докторант аз рўйи ихтисос (PhD) ва магистратура, ташкил ва ба роҳ мондани қабул ба магистратура, докторант аз рўйи ихтисос (PhD), назорату иҷрои нақшаҳои фардии докторантҳо аз рўйи ихтисос, аспирантҳо ва унвонҷўён, мониторинг ва таҳлили ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии дараҷаи тахассусиашон олӣ, ба расмият дарорӣ ва назорати коргузории парвандаҳои шахсии докторант аз рўйи ихтисос (PhD ва унвонҷўёни дараҷаи илмӣ), гузаронидани машваратҳо ва таҳияи тавсияҳо доир ба рушди тайёр намудани кадрҳои илмии дараҷаи тахассусиашон олӣ, таъминоти иттилоотии раванди тайёр кардани кадрҳои илмии дараҷаи тахассусиашон олӣ, ташкил ва назорати гузаронидани аттестатсияи докторони фалсафа (PhD), докторант аз рўйи ихтисос ва унвонҷўёни дараҷаи илмӣ, ташкили коргузорӣ, баҳисобгирӣ ва таҳияи ҳисобот (тайёр кардани ҳисоботи омории шаклашон муайяншуда, ҳисоботи солона ва бастаи маводҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти шуъба ва ғайра) иборат мебошад.

Вазифаҳои асосии шуъба иборат аз: банақшагирӣ, ташкил, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва амалисозии чорабиниҳо оид ба омодакунии кадрҳои илмии дараҷаи олӣ дар донишкада мувофиқи талаботҳои амалкунандаи ҷорӣ; коркард ва таъмини фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва меъёрӣ-ҳуқуқии зерсохторҳои донишкада оид ба масъалаҳои омодакунии кадрҳои илмии дараҷаи олӣ дар низоми баъдидипломии таҳсилоти касбӣ; таҳияи нақшаи қабул ва хатми докторантура аз рўйи ихтисос (PhD), аспирантура, магистратура ва назорати иҷроиши онҳо; фароҳам овардани шароити мусоид баҳри корҳои илмӣ-таҳқиқотии докторант аз рўйи ихтисос (PhD), аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон, таъмин бо иттилоот ва ташкили чорабиниҳои илмӣ- амалӣ дар донишкада ва хориҷи кишвар; гузаронидани экспертизаи аввалияи рисолаҳои илмии диссертатсионӣ, докторант аз руйи ихтисос (PhD), аспирантон ва унвонҷўён; назорати иҷрои нақшаҳои инфиродии докторант аз рўйи ихтисос (PhD), аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон; гузаронидани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ барои доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос, аспирантон ва унвонҷўён; таъмини корҳои бақайдгирӣ, нигоҳ доштан ва ҳуҷҷатгузории парвандаҳои шахсӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос, аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон; ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои донишкада ва шуроҳои диссертатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омодасозии кадрҳои илмӣ.

Сардори шуъба роҳбарии бевоситаи шуъбаро ба ўҳда дорад, ки ў бо пешниҳоди муовини ректори донишкада оид ба илм ва инноватсия аз тарафи ректори донишкада ба вазифа таъйин ва озод карда мешавад.

Вазифаҳои сардори шуъба аз таъмини корҳои ташкили ва иҷрои вазифаҳои Низомномаи мазкур ва ҳуҷҷатҳои ташкилӣ-маъмурии донишкада ва назорати риояи қоидаҳои тартиботи дохилии шуъба, ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва бехатарӣ аз сўхтор мебошад.

Шуъба ҳуқуқ дорад, ки дар ҷаласаҳои ба масъалаҳои ба салоҳияти шуъба тааллуқ дошта, иштирок намояд; ҷаласаҳои машваратии мутахассисони шуъбаро доир намояд; дархосту пешниҳодҳо доир ба масъалаи тағйир додани сохтор ва воҳидҳои кории шуъбаро манзур намояд; ба лоиҳаи ҳуҷҷатҳо аз номи шуъбаро имзо гузорад; аз сохторҳои зертобеъи донишкада талаб намудани маводҳо ва иттилоотҳои заруриро талаб намояд; супоришҳои дигари ба салоҳияти шуъба дохил бударо иҷро намояд ва ҳуқуқ ва масъулияти кормандони шуъбаро тибқи дастурҳои хизматӣ муқаррар намояд.

Таҳия ва ба амал баровардани чорабиниҳои мушаххаси фаъолияти шуъба дар доираи вазифа ва ўҳдадориҳои ба он вобаста буда, пурра, босифат ва сари вақт иҷро намудани фармоишу дастурҳои роҳбарияти донишкада, ба вазифаву ўҳдадориҳои асосии шуъба вобаста бударо тибқи талаботҳои амалкунанда, амалӣ мегардонад.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кадрҳои илмӣ, бо дигар зерсохторҳои донишкада ва шуроҳои диссертатсионӣ аз ҷумла бо Раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи кор бо ҷавонон, шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалиро, дуруст ба роҳ мононад.

Руйхати ҳуҷҷатҳо

  1. Низомномаи раёсати илм ва инноватсия 
  2. Низомномаи шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ
  3. Низомномаи Шурои олимон
  4. Низомномаи Шурои олимон
  5. Низомномаи Шурои олимони факултет
  6. Низомномаи котиби илмии Шурои олимон
  7. Низомнома дар бораи фаъолияти китобдорӣ дар китобхона
  8. Низомномаи маҷаллаи "Паёми Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон"
  9. Низомнома оид ба Шурои экспертии байникафедравӣ доир ба фанҳои бемориҳои дарунӣ, сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ
  10. Низомномаи Шурои экспертии байникафедравӣ доир ба фанҳои ҷарроҳӣ
  11. Низомнома оид ба комиссияи озмуни баррасӣ ва баҳодиҳии пешакӣ ба парвандаи шахсии довталабони вазифаҳои озоди ҳайати профессорону омӯзгорон