ВОХӮРИИ СУДМАНДИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26-уми апрел дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №629 аз 29.12.2022 оид ба барномаи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ, тадриси ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, мубталошавии ҷавонону наврасон ба бемориҳои нашъамандӣ бо намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд.