КОРРУПСИЯ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА
Санаи 25.04.2023 с. дар МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори донишкада, н.и.и. Ибодзода Зарина Ҳабибулло, муовини ректор оид ба тарбияи донишкада, н.и.п. Охунов Башир Хуҷақулович ва сарнозири раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Пас аз сухани ифтитоҳӣ, ректори донишкада н.и.и. Ибодзода Зарина Ҳабибулло қайд намуданд, ки коррупсия ба оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеа хатари калон дошта, эътиқод ва боварии мардумро ба сохторҳои давлатӣ, волоияти қонун сахт коста мегардонад.
Назриён Василбек зимни суханронии худ иброз дошт, ки коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ садди роҳи инкишоф ва рушди давлатҳо гардидааст.
Дар охир аз ҷониби устодон ва донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби мутахассиси соҳа ҷавобҳои мушаххас гардонида шуд.