КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ТИББИ МУОСИРИ ИҶТИМОӢ: ВОРИДОТ, МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО ДАР СОЛҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН" ДАР МТҒ "ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН"
Санаи 19.04.2023 с. бахшида ба "Ҳафтаи илм" дар МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" конференсияи дохили донишкадавии илмӣ-амалии апрелии устодону донишҷӯён дар мавзӯи "Тибби муосири иҷтимоӣ: воридот, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид.
Конференсия аз бахшҳои зерин иборат буд:
Ҷаласаи пленарӣ (умумӣ)
Ҷаласаи бахши №1 (фанҳои клиникӣ: ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, педиатрӣ, акушерӣ-гинекологӣ, стоматологӣ ва онкология)
Ҷаласаи бахши №2 (фанҳои назариявии тиббӣ: психологияи тиббӣ, тиббӣ-иҷтимоӣ, экология, фарматсия, биология, микробиология, гистология ва анатомия)
Ҷаласаи бахши №3 (фанҳои назариявии ғайритиббӣ: ҷомешиносӣ, забонҳо, химия, физика ва технологияи иттилоотӣ)
Конференсияро муовини ректори МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон" оид ба илм ва инноватсия, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор Аламхон Ахмедов оғоз намуда, кори конференсия ва иштирокчиёни онро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Сипас муассиси донишкада д.и.т., профессор Ҳабибулло Ибодов ва ректори донишкада н.и.и. Зарина Ҳабибулло Ибодзода устодон ва донишҷӯёни донишкадаро бахшида ба "Ҳафтаи илм" табрику таҳният намуда, барои гузаронидани конференсия барору бурдбориҳоро орзу намуданд.
Баъдан ҳайати профессорон, дотсентон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар бахшҳои дар боло зикргардида бо маърузаҳо баромад намуданд.
Баъд аз шунидани маърузаҳо байни иштирокчиёни ҳар бахши конференсия мубоҳисаи илмӣ доир гардид, ки дар ҷараёни он иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои дуруст ва мукаммал гирифтанд.