БАРГУЗОРИИ АКСИЯ ЗЕРИ УНВОНИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!”


    Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори масъулини Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон нимаи аввали рӯз, зери унвони болозикр бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, тарбия намудани ҷавондухтарон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии бонувон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона бо иштироки кормандон ва донишҷӯдухтарони донишкада дар дар боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайём ҷиҳати муарраифии либоси атлас, адрас, чакан, алоча ва дигар либосҳои миллӣ аксияи тарғиботи роҳандозӣ гардид.
   Дар ин рӯз, ҷавондухтарон бо либосҳои миллӣ ба боғу гулгашҳо ба сайру гашт баромада, барои шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт либосҳои миллии тоҷиконаро муаррифӣ намуданд.
    Маврид ба зикр аст, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Солҳои охир таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
    Ёдовар мешавем, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Ба рӯйхат