ДАВРИ ЯКУМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


       Санаи 15.03.2023 бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон даври аввали озмуни мазкур доир гардид.

     Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Охунов Б.Х. ҳусни оғоз бахшида ба ҳама иштироккунандагони озмун муваффақият ва нутқи бурроро орзу намуд.

     Пасон риштаи сухан ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия д.и.т., профессор Аламхон А. дода шуд, ки оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои боз ҳам боло бардоштани маърифати миллат, маънавиёти ҷомеа, сатҳи китобхонии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

       Тибқи фармоиши ректори Донишкада аз 1-ум то 15-уми марти соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи донишкада баргузор гардид, ки дар он 22 нафар донишҷӯ ва 10 нафар устодону докторантон иштирок намуданд, ки 12 нафари онҳо аз рӯйи 3 номинатсия ба даври 2-юми озмун роҳ ёфтанд.


Ба рӯйхат