“Модар - биҳишти рӯи замин аст” таҳти ҳамин унвон санаи 7-уми марти соли равон дар толори “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи модарон чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур ҳамаи кормандон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Охунов Б.Х. ҳусни оғоз бахшида ҳамаи бонувон ва донишҷӯдухтаронро ба муносибати ин ид табрику таҳният намуд. Пасон сухан ба муассиси Донишкада д.и.т., профессор Ибодов Ҳ. дода шуд. Муассиси донишкада дар бораи қадру манзалати зан-модар дар ҷомеа ибрози андеша намуда, аз ҳамаи бонувоне, ки дар Донишкада кор ва фаъолият менамоянд, изҳори сипос намуд. Инчунин ногуфта намонад, ки аз ҷониби муассис ба ҳамаи бонувон туҳфаҳои хотиравӣ ва занони фаъоли донишкада бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан риштаи сухан ба муовини ректор оид ба илм ва инноватсия д.и.т., профессор Аламхон А. дода шуд. Устод низ ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модарон шодбош гуфта, дар симои онҳо модаронашонро табрик намуданд.
Сипас қисми фарҳангӣ-фароғатии чорабинӣ ба ҳозирин пешниҳод гардид, ки табъашонро болида намуд.