Имрӯз дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, бахшида ба ҷашни 30 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои тарбияи ҳарбӣ, ватандустӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан”, баргузор карда шуд, ки дар он меҳмонон аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Дар оғози барнома муовини ректор оид ба тарбия, н.и.ф. Охунов Б.Х. баромад намуда, меҳмононро муаррифӣ намуда, сухани ифтитоҳиро ба Ректори донишкада, н.и.и. Ибодзода З.Ҳ. доданд, муаллима меҳмононро хушомадед гуфта, ҳамагонро ба рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуданд ва барномаро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас муовини сардори қушунҳои зудамал оид ба таъминоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник - Хомушзода Раҳматулло дар мавзӯи “Таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад ва суханронӣ намуданд. Инчунин намояндаи хадамоти қушун ва бехатарии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майор - Шафизода Собирҷон дар мавзӯи “Артиши миллӣ – кафили амнияти Тоҷикистон аст” баромад намуданд. Дар фарҷоми қисмати сиёсии барнома омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, полковник – Эмомзода Эмомалӣ дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар ҳимояи марзу буми ватан” баромад ва суханронӣ намуданд.
Баъди қисмати сиёсӣ чорабинии фарҳангӣ, ки аз ҷониби донишҷӯён омода гардида буд, ба ҳамагон намоиш дода шуд.