Санаи 14.02.2023 с. омӯзгорон ва намояндагони шуъбаи кор бо донишҷӯдухтарон ва оилаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” тибқи дастур ва супориши раёсати Донишкада дар доираи нақшаи чорабиниҳои шуъбаи мазкур, бо мақсади иҷрои нақша-чорабинии қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 8 феврали соли 2023 таҳти №47 "Дар бораи таҷлил намудани 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе" ва дастуру супориши Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аёдати сарбозон таҳти унвони "Корвони модарон" дар қисми ҳарбии 051064 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони шуъбаи кор бо донишҷӯдухтарон ва оилаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” саҳми намоён гузошта бо дастовез ба дидорбинии сарбозон рафтанд.
Ёдрас мешавем, ки ба сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда аз ҷониби намояндагони шуъбаи кор бо донишҷӯдухтарон ва оилаи Донишкада ба сарбозон туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Инчунин занону модарон бо дили пур аз саршори меҳру муҳаббати модарона бо сарбозон суҳбати самимӣ гузарониданд ва бо чашми сар диданд, ки фарзандони диёрамон бо шароити хуби хизмат таъмин мебошанд.