НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МТҒ “ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН”


    Имрӯз, 15 феврали соли 2023, бо иштироки ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ Ибодзода Зарина Ҳабибулло, ноибони ректор, мудирони кафедраҳо, кормандон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотии Донишкада баргузор гардид.

    Нишасти матбуотиро ректори Донишкада н.и.и. Ибодзода Зарина Ҳабибулло ҳусни оғоз бахшида, журналистонро, ки дар пешрафти ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи он нақши муасир доранд, хайрамақдам гуфт ва баъдан доир ба фаъолияти Донишкада дар соли 2022 суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони Донишкада соли 2022- ро бо натиҷаҳои хуби таълимию методӣ ва илмию тадқиқотӣ ҷамъбаст карданд.

    Дар идомаи суханрони ректори донишкада доир ба самти таълиму тарбия, фаъолияти илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи илм дар истеҳсолот, ихтироъкорӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ ва ободонию сабзкорӣ ҳарф зада, натиҷаҳои онро хурсандибахш арзёбӣ намуд.

    Баъдан миёни роҳбарияти донишкада ва намояндагони васоити ахбори омма доир ба шароиту имкониятҳои таҳсил, робитаҳои илмию таълимии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, ҷараёни таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тарбияи донишҷуён, бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо ва дигар масоили вобаста ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири ба талаботи бозори меҳнати дохили кишвар ва хориҷи он, ҷавобгӯ саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ ба саволҳо дар самти таълим муовини ректор оид ба таълим ва таҷрибаомузӣ н.и.т. Мижгони Сорбон, оид ба пешравиҳои илмӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия д.и.т., профессор Ахмедов Аламхон Ахмедович ва оид ба саволҳои тарбиявӣ муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Охунов Башер Хуҷақулович посух доданд.

    Дар хотимаи нишасти матбуотӣ ректори донишкада ба намояндагони васоити ахбори омма барои иштирок дар баргузории чунин як суҳбати озоду самимӣ, ки ба пешрафт ва рушди минбаъдаи донишкада ва илми ватанӣ таъсири мусбат хоҳад гузошт, изҳори сипос намуд.


Ба рӯйхат