Санаи 7-уми декабри соли 2022 дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Ҷаласаи Ассотсиатсияи ҷарроҳони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур профессорон, ҷарроҳон ва донишҷуни донишкада инчунин тамоми беморхонаҳои марказию шаҳрии ҷумҳурӣ бо тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Кори ҷаласалоро муассиси донишкада д.и.т, профессор Ҳабибулло Ибодов ифтитоҳ намуда, тамоми меҳмонону иштирокчиёнро барои иштирок дар кори ҷаласа хушомадед гуфт. Сипас кормандони соҳа бо маърузаҳои худ дар бораи пешгирии бемориҳои кудакона баромад ва баҳсу мулоҳизаҳо намуданд.