Баргузории чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон.


    Cанаи 12-уми ноябри соли 2022 бахшида ба таҷлили 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ибтикори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар Амфитеатри боғи фарҳангу фароғатии ба номи Умари Хайём чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид.

    Дар чорабинии мазкур Чоршанбезода Сураҷ Сайнак - муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гулзод Маҳкам - муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Маҳмадназар Нуров - мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино ва муовинони муассисаҳои олӣ иштирок намуда пеш аз оғози чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ оиди Рӯзи Президент ва 30 солагии Иҷлосияи 16 уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

    Дар охир ба саҳмгузоронии чорабинии мазкур сипосномаи Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон тақдим карда шуд.


Ба рӯйхат