Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVⅠ-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ


   Санаи 28 ва 29-уми октябри соли 2022  дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVⅠ-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии Ваҳдати миллӣ, бо иштироки мутахассисони дохилӣ ва хориҷии кишвар дар мавзӯи “Тибби иҷтимоӣ – самти нави рушди таълим, амалия ва илм (дастовард, мушкилот ва рушди он) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

      Бояд қайд намуд, ки дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” соли 2-юм аст, чунин конференсияи илмӣ-амалӣ бо иштироки васеъи олимони тибби дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор менамояд.

      Конференсияи имрӯза ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки самти нав дар раванди таълим, амалия ва илм барои мамлакати мо ба ҳисоб меравад, нигаронида шудааст. Дар конференсия ходимони илм дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуда, қисме аз онҳо дар хориҷи кишвар ба тариқи маҷози дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуданд


Ба рӯйхат