Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи артиши миллӣ дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”


    Имрӯз дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта шуд. Ибтидо, Мирова Ш.М. – муовини Ректор оид ба тарбия ҳамагонро бар ин рӯзи мардонагӣ табрику таҳният гуфта, дар симои ҳамаи иштирокдорон ба Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ ва баракату ободиро таманно намуд.

    Сипас, барномаи фарҳангии дастаи ҳаваскорони донишкада намоиш дода шуд, ки хеле зебо, хотирмон ва дарбаргирандаи руҳияи ҳарбӣ-ватанпарварона дошта, хотири ҳамагонро болида гардонид.

   

   


Ба рӯйхат