Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Забон бақои миллат аст”


Санаи 18 феврали соли 2022 дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бо ибтикори кафедраи забонҳои донишкада, бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Забон бақои миллат аст” баргузор гардид.

Кори конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т., профессор А. Ахмедов ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокдоронро ба муносибати Рӯзи байналмилалии забони модарӣ муборакбоду хайрамақдам гуфт.

Дар ин ҳамоиши илмӣ забоншиносону устодони донишгоҳу донишкадаҳо ва вазорату кумитаҳо даъват гардида, аксаран бевосита ва қисме тавассути мақолаҳои ирсолнамудаашон ширкат карданд.

  • Аз ҷумла, дар мавзуи “Забони модариро пуштибонӣ бояд кард”-мудири кафедраи забонҳои МТҒ “ДТИТ”, н.и.ф. Аброров С.;
  • дар мавзуи “Забони модариам – ифтихорам”–устоди кафедраи забони тоҷикии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода, н.и.ф., дотсент Насруллоев М.;
  • дар мавзуи “Пословицы и поговорки со словом “язык” в английском, русском и таджикском языках” – устоди кафедраи забонҳои МТҒ “ДТИТ”, н.и.ф. Ризоева Г.;
  • дар мавзуи “Психолинг-вистические особенности в препода-вании английского языка” – ассистенти кафедраи забонҳои МТҒ “ДТИТ” Ишпулатова Г.;
  • дар мавзуи “Хусусиятҳои тарҷумаи матнҳои бадеї дар забонҳои муқоисашаванда” – ассистенти кафедраи забонҳои МТҒ “ДТИТ” Шехов И. ва ассистенти ДБССТ Арбобова М.;
  • дар мавзуи “Поксозии забон ва гиромидошти вожаҳои тоҷикӣ” – устоди кафедраи филологияи Эрони ДМТ, н.и.ф. Абдулҳадов Ҷ.; дар мавзуи “Калима ва мафҳумҳои ифодагари номи анвои олу дар шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ” – дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДДБ ба номи Носири Хусрав, Саидов Ҷ.;
  • дар мавзуи “Иқтибосоти форсӣ дар забони арабӣ” – котиби дуюми котиботи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ва дигарон баромад доштанд.

Бахусус мавзуъҳои “Забони модариро пуштибонӣ бояд кард”, “Забони модариам – ифтихорам”, “Пословицы и поговорки со словом “язык” в английском, русском и таджикском языках”, “Психолинг-вистические особенности в преподавании английского языка” ва мавзуи “Махсусиятҳои тарҷумаи матнҳои бадеӣ аз забони тоҷикӣ ба англисӣ” мавриди муҳокима қарор гирифта, иштирокдорони ин чорабинӣ ба саволҳои сершумори хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.


Ба рӯйхат