21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид
Дар маҷлисгоҳ ва толорҳои лексионии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён ба таври дастаҷамъона Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишварро тамошо карданд.
Қобили қайд аст, ки ҳамасола Паёми Роҳбари давлатро дар ин донишкада ҳамаи кормандону донишҷӯён тамошо карда, тибқи дастуру ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат амал менамоянд.