Санаи 16.11.2021 дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишкада н.и.и. Ибодзода. З.Ҳ., муовини ректор оид ба таълим ва таҷрибаомӯзи н.и.т. М. Сорбон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсии д.и.т. профессор А. Ахмедов, муовини ректор оид ба тарбия н.и.ф. Мирова Ш. ва ҳайати профессорону омӯзгорону донишҷӯён иштироку суханронӣ намуда, оид ба ҷоннисориҳою қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҷиҳати ба даст омадани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон суханронӣ ва баҳсу музокира намуданд.