Санаи 7 октябри соли равон дар МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири офиятбахшӣ дар тиб” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, намояндаи Академияи илмҳои тиббӣ-техникии Федератсияи Россия Хачатрян Ашот Папикович ва инчунин мутахассисони соҳа бо тариқи маҷозӣ аз дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Конференсияи мазкурро н.и.т Ибодов Ҳ., муассиси МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ифтитоҳ намуда, суханро ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дод.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аснои суханронии хеш иброз дошт, ки чорабинии мазкур дар замоне баргузор гардида истодааст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро бо рушди муназзаму дастовардҳои беназир таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил доранд. Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Ҷанбаҳои муосири офиятбахшӣ дар тиб” ҳам аз тадбирҳои андешидашуда ба муносибати ин ҷашни фархунда маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, дар конфронс як қатор мутахассисон, Жиляев А.Г. дар мавзуи Самтҳои афзалиятноки инкишофи АИТТ, Воробев Д.В. Аҳамият ва воситаҳои ҳифзи гонад аз радиатсияи R - графия дар кўдакони дорои бемории лоғар ва калоб, Беленкий В.Я. Тамоюзи гармӣ дар тиб, Рахматуллоева М.А. Хусусиятҳои табобат ва барқарорсозии кўдакон бо вайроншавии системаи марказии асаб, Рабиев Х. Усулҳои нави табобати шикасти қисми проксималии устухони рон, Штрунс Я. Ҷанбаҳои муосири муоинаҳои гинетикӣ барои барқарорсозии ҷисмонӣ ва пешгирии беморӣ, Максудова Л.М. Ҷанбаҳои муосири барқарорсозии ҷабрдидагон аз ҷароҳатҳои сухтагии узвҳои биноиш, Давлатов А.Р. Таҷҳизот барои муоинаи кўдакони навзод бо нуқсони аноректалӣ, Яхшибекова Ш.Дж. Арзиши ташхисии сфинктерометрия дар кўдакон бо норасогии функсияи мушакҳои рудаи рост, Сулаймонов С.Ч. Бартарафкунии диформатсияи модарзодии қафаси сина дар кўдакон, Спиридонова Л.Б. “Генератори доими барои ионигардании оби leueluk”, Новиков В.И. “Барқарорсозӣ бо истифодабарии асбоби роботшудаи ортопедӣ”, Хачатрян А.П. “Ҷанбаҳои нави табобати аутизм” баромад намуданд.