Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии тиббӣ-иҷтимоии зодаи даврони Истиқлолият буда, он соли 2020 ба фаъолият оғоз намудааст. «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» бо қарори Муассиси донишкада ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати расонидани кумаки тиббӣ-психологӣ ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ мегарданд, таъсис дода шуда, ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ сиёсати давлатро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ намуда, барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҷиҳати дарёфти таҳсилоти олии касбӣ шароит фароҳам меоварад.
Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бо маблағгузории Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муддати се сол сохта, ба истифода дода шудааст.
Фаъолияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи маориф ва тиб, консепсия, стратегия, барномаҳои давлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст.
Дар донишкада 5 ихтисос: «Кори тиббӣ-психологӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», «Фарматсевтӣ» ва «Стоматология» фаъолият дошта, мутахассисони соҳаи тибро дар самти кўмаки психологӣ расонидан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мегарданд, омода менамояд.
Коллеҷи тиббии назди донишкада мутахассисони соҳаи миёнаи тиббиро аз рўи 7 ихтисос омода менамояд.
Заминаи моддию техникии донишкада. ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 10 кафедраи тахассусӣ, кабинет, озмоишгоҳҳои таълимӣ, китобхонаи илмӣ, ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти таълимӣ ва технологияи иттилоотии замонавии бо Интернет пайваст гардида, муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои ташкили раванди таълим 75 кабинет, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои таълимӣ ташкил карда шудааст. Инчунин донишкада барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва то клиникӣ) ва таҷрибаомўзӣ бо 21 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.
Кабинет ва озмоишгоҳҳои донишкада тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимии фанҳои тадрисшаванда бо айёниятҳои таълимӣ таҷҳизонида шудаанд.
Теъдоди донишҷўёни донишкада. Шумораи донишҷўёни Коллеҷи тиббии назди донишкада 1560 нафар буда, аз ин 1079 нафар духтарон ва 481 нафарро писарон ташкил медиҳанд.
Теъдоди донишҷўёни “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” 205 нафар буда, аз ин 75-нафар духтарон ва 130-нафари он писарон мебошанд.
Таъминоти кадрӣ дар донишкада Дар донишкада 156 нафар омўзгорон, кормандони техникӣ ва хоҷагӣ фаъолият доранд, ки аз ин 31 нафар ҳайати роҳбаркунанда, 59 нафар омӯзгори асосӣ, 50 нафар омӯзгорони ҳамкор ва 16 нафар кормандони техникӣ ва ёрирасон мебошанд. Аз теъдоди омўзгорони асосӣ 15 нафар мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта фаъолият дорад, ки аз ин шумора 3 доктори илм ва 12 нафар номзадҳои илм мебошанд, ки ҳайати кадрии дорои дараҷа ва унвони илмидоштаро дар донишкада ба 17,9% ташкил менамояд. Ҳоло дар шуъбаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯйи донишкада 17 нафар, аз ҷумла 3 аспирант, 12 нафар унвонҷӯй ва 2 нафар доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи мавзуҳои илмии худ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро пеш бурда истодаанд ҳамзамон, ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холии мудирони кафедраҳо ва омўзгорон, аз тарафи раёсати донишкада дар Васоити ахбори омма “Эълон” пешниҳод карда шудааст. Теъдоди умуми занҳои дар донишкада фаъолияткунанда 72 нафар буда, аз ин 9-нафарашон кадрҳои роҳбарикунанда мебошанд. Ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи забодонии ва омўзиши барномаҳои компютерӣ дар донишкада курсҳои омўзиши ташкил карда шуда, мутаносибан 40 ва 54 нафар аз ин курсҳо гузаштанд. Дар давраи ҳисоботӣ 300 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, онҳо баррасӣ ва тибқи талабот ҷавоб гардонида шудаанд.
Фаъолияти китобхонаи донишкада.
Китобхонаи донишкада аз 2 қисм иборат мебошад. Толори хониш барои донишҷӯён дорои 80 ҷойи нишаст ва бо 10 адад компютерҳои бо хати Интернет пайвастшуда, фаъолият намуда истодааст. Инчунин дар толори хониши китобхона гӯшаи асарҳои бахшида ба корнамоиҳои “Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон” ташкил карда шудааст, дар он китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ва асарҳое, ки аз ҷониби шоирону нависандагон навишта шудаанд, ҷой дода шудаанд.
Дар шашмоҳаи соли таҳсили 2021-2021- 3785 адад китобҳои тахассусӣ бо тариқи борхат ба китобхонаи донишкада ворид карда шуданд:
Ин теъдод китобҳои “Психологияи тиббӣ”-25-адад, “Анатомия ва физиологияи растанӣ”- 1000 адад, “Роль легких в потагенезе органов дизфункций при остром повреждении почек у детей”-90 адад, “Рено-пульмонально кардиальные патогенетические механизмы при хронической болезни почек у детей с уролитиазмом” 90 адад, “Гепато-пульмональный синдром у родильниц”-70 адад, “Стоматологияи муолиҷавӣ”-500 адад, “Гистология, цитология и эмбриология”-500 адад, “Физиология человека”-500 адад, “Анатомия человека”-500 адад ва китоби “Гисталогия”-500 мебошанд.
Илова ба ин бояд қайд кард, ки ҷиҳати дастрас намудани адабиётҳои таълимӣ-методӣ, сиёсӣ ва бадеӣ маблағгузорӣ карда шудааст ва рўзҳои наздик онҳо дастрас карда мешаванд.
Дар умум фонди захиравии китобҳои китобхона 22668 ададро ташкил медиҳад, аз ин шумора 21499 (94,8%) ададаш китобҳои таълимӣ ва методии фанҳои тахассусӣ, 1130 (4,9%) адабиётҳои бадеӣ ва 69 (0,3%) адабиётҳои сиёсӣ ташкил медиҳад. Аз Шумораи умумии ададбиётҳои китобхона 9300(41%) ададаш китобҳои таълифнамудаи ҳайати профессорону омўзгорони донишкада мебошанд.
Аз теъдоди умумии донишҷӯёни донишкада ва Коллеҷи назди донишкада 1765-нафар ҳамаи донишҷўён аъзои китобхона буда, гардиши китоб дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 1715 ададро ташкил медиҳад. Дар ин самт бояд қайд намуд, ки донишҷўён дар аввали соли таҳсил пурра бо адабиётҳои таълимӣ таъмин карда шуда, илова бар ин аз адабиётҳои иловагӣ аз китобхона низ истифода мебаранд.
|
|
Натиҷаи аттестатсияи давлатии хатм дар Коллеҷи тиббии назди донишкада.
Аз рўйи 6 ихтисос ба аттестатсияи давлатии .хатм 348 нафар роҳ дода шуда, аз ин шумора 341 нафар донишҷў аттестатсияи давлатии хатмро ҷамъбаст намуда, аз теъдоди умумии донишҷўён 22 нафар дипломи аъло гирифтанд, ки аз ин шумора 20 нафарашон донишҷўдухтарон мебошанд.
Фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар донишкада.
Аз 02 то 20.02.2021 вобаста ба омӯзишу фаҳмондадиҳии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар байни донишҷўён ва ҳайати профессорону омўзгорони донишкада гузаронида шуд. Оид ба масъалаи мазкур ва иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариду фурўши одамон, терроризм ва экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифродгароӣ, инчунин дар бораи риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” якчанд маротиба бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар донишкада чорабиниҳо гузаронида шуд.
Умуман дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” зиёда аз 30 дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва 10 мизи муддавар бо иштироки олимон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ баргузор карда шуд.
Дар санаи 12.05.2021 бахшида ба рўзи 12 май рӯзи байналмилалии ҳамшираҳои тиб, озмуни “Беҳтарин ҳамшираи тиббӣ” дар донишкада баргузор карда шуд.
20.02.2021 бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ бо ширкати Генерали адлия-Амиршоева С.С., полковник-Табарзода Ш.Ч. ва Раҳматулаев А.А.-майори хизмати дохилаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо коллективи омӯзгорону донишҷӯёни донишкада гузаронида шуд.
24.02.2021 донишҷӯдухтарони донишкада дар озмуни шаҳрии “Чакомаи гесӯ”, ки байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии шаҳри Душанбе баргузор гардида, фаъолона иштирок намуда, донишҷӯи курси 3юми ихтисоси “Кори ҳамширагӣ” Мирзошарипова Х. сазовори ҷойи 1-ум гардид
26.02.2021 бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯёни донишкада дар озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзӯи “Модар яктост-Тоҷикистон яктост”, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ташкил карда шуд, фаъолона иштирок намуда, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси “Кори табобатӣ”-и донишкада Алишерзода Ф сазовори ҷойи 2-юм гашт.
Дар рўзи 13-уми июни соли ҷорӣ дар дави миллии “Душанбинский марофон ШОС-2021” омўзгорону донишҷўёни донишкада ширкат варзида, донишҷў Мамадалиева Райҳона Икромовна ҷойи шашумро ишғол намуда, соҳиби медали “Душанбинский марофон ШОС-2021” гардид.
Дар маҷмуъ оид ба чорабиниҳои илмӣ ва тарбиявӣ дар шашмоҳаи соли ҷорӣ 10 конференсия ва 8 мизи мудаввар ташкил карда шуд.
Дар самти корҳои илмӣ-татқиқотӣ. Омўзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта дар донишкада 15 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 3 доктори илм ва 12 нафар номзадҳои илм мебошанд, ҳайати кадрии дорои дараҷа ва унвони илмидошта дар донишкада 17,9% ташкил медиҳад. Ҳоло дар шуъбаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, аспирантура ва унвонҷӯйи донишкада 17 нафар, аз ҷумла 3 аспирант, 12 нафар унвонҷӯй ва 2 нафар доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз рӯйи мавзуҳои илмии худ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро пеш бурда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040» дар назди кафедраҳои донишкада дастаҳои доимамалкунандаи илмӣ-амалӣ, аз ҳисоби донишҷўён ташкил карда шудааст. Ҳамзамон, дар доираи барномаи мазкур дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни омўзгорони донишкада озмуни “ҷоизаи давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омўзгорони фанҳои тибиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, гузаронида шуда, дар натиҷаи ҷамъбасти озмун бо гирифтани 360 хол мудири кафедраи фанҳои “Табии-риёзӣ ” Давлатов Р.ҷ. доктор (Phd) аз рўи ихтисоси техникӣ дар озмун ғолиб дониста шуда, ҳуҷҷатҳои ў ҷиҳати ширкат дар озмун ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд.
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар байни донишҷўёни донишкада ва Коллеҷи назди донишкада озмуни “Фурўғи субҳи донои китоб аст”, озмуни “Илм фурўғи маърифат” ва озмуни фанни ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, иштироки фаъолона намуда, дар озмуни “Илм фурўғи маърифат” донишҷӯи курси якуми истисоси Кори табобатӣ Рачабзода Зулола Абдуфаёз ҷойи сеюмро ишғол намуда, ҷиҳати ширкат дар озмуни шаҳрӣ, роҳхат гирифт.
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ҳайати профессорону омўзгорон 1 китоби таълимӣ, 7 дастури таълимӣ-методӣ ва 4 дастури методӣ –видеофилмҳои таълимӣ омода намуда, дар раванди таълим мавриди истифода қарор доранд.
Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ аз ҷониби ҳайати профессорон ва омўзгорони донишкада 14 адад мақола дар маҷалаҳои қайди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон 22 адад мақола, 9 тезис дар конференсияҳои ҷумҳуриявии дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 20 мақола дар конференсияҳои сатҳи донишкада омода ва нашр намуданд.
Тибқи қоидаҳои амалкунандаи ҷорӣ барои таъсиси маҷаллаи илмӣ-амалии “Паёми Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” маводҳои зарурӣ таҳия карда шуда, барои дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтан ирсол карда шуд.
Инчунин, роҳбарияти донишкада барои дар моҳи сентябри соли 2021 гузаронидани аввалин конференсияи илмӣ-амалии донишкада дар мавзўи “Тибби иҷтимоӣ-самти нави рушди таълим, амалия ва илми тиб дар ҷумҳурии Тоҷикистон” омодагӣ гирифта истодааст.
Дар самти таҷрибаомўзӣ. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ дар асоси фармоиши ректори донишкада 999 нафар донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шуданд, ки аз ин теъдод 348 нафар донишҷўён ба таҷрибаомўзии пешаздипломӣ, 375 нафар донишҷўён ба таҷрибаомўзии таълимӣ-истеҳсолӣ ва 205 нафар ба таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ба 21 муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шуда, сафарбар гардида, баъди анҷоми таҷрибаомўзӣ натиҷаҳои он ҷамбаст ва натиҷагирӣ карда шуданд.
Дар самти таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии донишкада 20 адад низомномаҳои низоми идоракунии сохторҳои донишкада таҳия ва мавриди амал қарор дода шуданд, аз ҷумла “Низомнома оид ба ташкили Шўрои экспертии байникафедравӣ доир ба фанҳои ҷарроҳӣ”, “Низомнома оид ба ташкили Шўрои экспертии байникафедравӣ доир ба фанҳои бемориҳои дарунӣ, сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ”, ва“Низомнома оид ба комиссияи озмуни баррасӣ ва баҳодиҳии пешакӣ ба парвандаи шахсии довталабони вазифаҳои озоди ҳайати профессорону омўзгорони МТғ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон».
Дар самти корҳои ташхисию табобатӣдар донишкада ҷиҳати иҷроиши Фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 №1544 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурии Тоҷикистон” дар донишкада тадбирҳои муассири пешгирикунанда оид ба паҳншавии бемории сироятии “СOVID-19” мунтазам бурда шуда, тамоми ҳайати профессорону кормандони донишкада ваксинаи зидди вируси “СOVID-19” карда шуданд. ҳамзамон бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии “COVID-19” корҳои безараргардонӣ пурзур карда шуда, бо маром идома дорад. Реҷаи пўшидани ниқобҳои тиббӣ таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Аз ҷониби табиби донишкада омўзгорон ва донишҷўёне, ки мубталои бемориҳои гуногун мегарданд, дар шароити дармонгоҳӣ қабул намуда, машварату табобатҳои заруриро мегузаронад. Ҳамзамон корҳои ташхисию табобатӣ дар донишкада аз ҷониби ҳайати профессорон ва омўзгорони кафедраи “ҷарроҳия”-и донишкада дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол”бо донишҷўёне, ки дарсҳои амалии онҳо дар ин муассиса гузаронида мешаванд, бурда мешавад. Аз ҷониби омўзгорони ин кафедра корҳои татқиқотӣ ва табобатӣ дар самти услуби табобати эндоскопии ахалазияи сурхрўда, боздоштани хунравӣ аз узвҳои ҳозима (клипскунонии реши хунрави меъда, васеъшавии варидрагҳои сурхрўда, полипэктомия ва ғ.) гузаронида мешавад.
Самти хоҷагидории донишкада дар шашмоҳаи сипаригардида дар гирду атрофи донишкада 50 дарахти сояафкан, 15 дарахти каштан, 20 адад дарахти маҷнунбед, 280 адад арчаи ҳамешасабз, 15 адад дарахти срень, 12 адад дарахти сузанбарг, 20 адад дигар намудҳои дарахтони ороишӣ, 150 адад гули лола, 3000 адад гулҳои ороишӣ ва 3000 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ шинониданд.
|
|