Асосӣ
Таърихи донишкада
Маъмурияти донишкада
Ҳуҷҷатҳо
Сиёсати МТҒ ДТИТ дар соҳаи сифат
Шӯрои олимон
Шурои раёсат
Сохтори донишкада
Таълим
Раёсати таълим
Шӯрои марказии таълимӣ методӣ
Шӯъбаи назорати сифати таҳсилот
Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ
Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ
Илм ва инноватсия
Шуъбаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Китобхона илмӣ
Конфронс
Фишурдаҳо
Табобат
Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ
Шуъбаи стоматология
Дорухона
Пойгоҳҳои клиникии кафедраҳои
Робитаҳои байналмилалӣ
Низом ва шартҳои қабули шаҳрвандони хориҷӣ
Тарбия
Шӯъбаи тарбиявӣ
Шӯъбаи фарҳанг
Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён
Шӯъбаи кор бо ҷавонон
Шӯрои кор бо занону духтарон
Шурои кураторон
Тамос
МТҒ "Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон"
Ҷустуҷӯ
TJ
RU
EN
Довталабон
Комиссияи қабул
Роҳнамо барои довталаб
Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссосҳои тиб)
Донишҷӯён
Хатмкунандагон
Таҳсилоти баъдидипломӣ
Кормандон
ҲПО
Шӯрои диссертатсионӣ
Асосӣ
Хабарҳо
Конференсияи илмӣ-амалии имрӯз, 21.04.2024, дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” таҳти унвони «Нақши табиби оилавӣ дар пешгирии бемориҳои сироятии идора
Конференсияи илмӣ-амалии имрӯз, 21.04.2024, дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” таҳти унвони «Нақши табиби оилавӣ дар пешгирии бемориҳои сироятии идора
Конференсияи илмӣ-амалии имрӯз, 21.04.2024, дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” таҳти унвони «Нақши табиби оилавӣ дар пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда байни кӯдакон» дар фазои илмии баланд ва муҳити мубодилаи таҷрибаи касбӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия омӯзгорон, донишҷӯён, инчунин олимони ҷавон ва меҳмонон аз донишкадаҳои дигари давлатӣ фаъолона иштирок намуданд. Чорабинӣ дар доираи кафедраҳои “Тибби оилавӣ” ва “Педиатрия” баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ, хусусан пешгирии бемориҳои сироятии идорашаванда миёни кӯдакон, равона гардид.
Иштирокчиён дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки табиби оилавӣ ҳамчун звенои калидии низоми кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ташаккули фарҳанги саломатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Махсусан, таваҷҷуҳ ба масоили эмгузаронӣ, ташхиси барвақтӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни волидон ҳамчун омилҳои асосии коҳиши сатҳи беморшавии кӯдакон арзёбӣ гардид.
Қайд гардид, ки рушди салоҳиятҳои касбии табибони оилавӣ, такмили усулҳои пешгирӣ ва ҷорӣ намудани дастовардҳои муосири илмӣ дар амалияи тиббӣ, заминаи боэътимоди таъмини саломатии насли наврас ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми конференсия пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва тақвияти корҳои профилактикӣ байни кӯдакон ироа гардиданд. Ҳамзамон, иштирокчиёни фаъоли конференсия барои саҳми арзандаашон дар кори илмӣ бо сертификатҳо сарфароз гардонида шуданд, ки ин иқдом ҳамчун ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии фаъолияти илмии онҳо арзёбӣ мегардад.
Ин гуна ҳамоишҳои илмӣ на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисон, балки барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди тафаккури таҳқиқотии ҷавонон аҳамияти хосса доранд.
Ба рӯйхат