Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 имшаб соати 3:00 1,5 млн воя ваксинаи “Модерна”-и истеҳсоли ширкати “Модрена Инк”-и ИМА ҳамчун кӯмаки башардӯстона дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19-19 ба Тоҷикистон ворид гардид.
Дар маросими қабули вояҳои ваксинаи макзур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави, намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Тавре зикр гардид, Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики доимӣ шинохта шудаанд.
Дар ин раванд байни ду давлат солҳои охир робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам густариш ёфта, лоиҳаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ амалӣ гардида истодаанд.
Соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳамаи давлатҳои ҷаҳон мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард, аз ҷумла, маҳдуд гардидани робитаҳои байналмилалӣ ва оқибатҳои ин сироят ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварҳо.
Бояд тазаккур дод, ки новобаста ба мушкилиҳои пешомада, маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби шарикон кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сироят барои дастгирии системаҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ равона гардиданд.
Илми муосир низ тасдиқ намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинакунонӣ раванди эпидемиологии сирояти нави коронавирусро ҷилавгирӣ кардан мумкин аст ва ин танҳо роҳи боэътимод ва ягонаи осон дар пешгирии паҳншавии сироят дар байни аҳолӣ мебошад.
Аз аввали соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар платформаҳои мавҷуда ба Ҳукумати ИМА тавассути Сафорати ИМА дар Душанбе ҷиҳати кӯмак дар фарогирии аҳолӣ бо ваксинатсия муроҷиат намуда буд.
Ғайр аз ин, ҳангоми вохӯрии роҳбарияти вазорату идораҳои мамлакат бо намояндагони департаментҳои мухталифи Ҳукумати ИМА масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нақша гирифтааст, ки дар асоси имкониятҳои мавҷудбуда 62,4 фоиз ва ё 5,8 млн аҳолии аз синни 18 сола болои кишварро бо ваксинатсия фаро гирад.
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба Ҳукумати ИМА, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Барномаи ЮСАИД миннатдории бепоён изҳор менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳамзамон дар ин самт кӯмаки техникии Хазинаи кӯдакони СММ/ЮНИСЕФ, махсусан дар лоҷистика ва ташкили таҳвил низ назаррас аст.
Дар назар аст, ки вояҳои имрӯз қабулшуда ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат тибқи нақшабандӣ дастрас гардида, пас аз интиқол маъракаи ваксинатсия оғоз хоҳад шуд.
Бо ин миқдор ваксина 750 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ваксина ҳоҳанд гирифт.