Факултети психологияи тиббӣ


  • Ҳайдарзода Бузургхони Маъруфхон

    Ҳайдарзода Бузургхони Маъруфхон

    - Декани факултет

    Тел: +992 888 16 99 99

    Почтаи электронӣ: haydarzoda93@mail.ru

    Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи факултети муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фармоиши муассиси донишкада аз 03.08.2020, №04-1, ҷиҳати таъсис додани Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”, бинобар сабаби зарурияти истеҳсолӣ бо фармоиши ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” аз санаи 3-юми августи соли 2020, таҳти №04-18, дар донишкада  факултети “Кори психологияи тиббӣ” таъсис дода шудааст. Аз санаи 1-уми сентябри соли 2020,  иҷрокунандаи  вазифаи декани факултетро Талабов Одина Давлатович ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврал то октябри соли 2021, вазифаи декани факултетро Ризоева Гулнора Икромовна ба ӯҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 2021 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи декани факултетро Ҳайдарзода Бузургхони Маъруфхон  ба ӯҳда дорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон аввалин шуда, муттахассисони соҳаи тибро аз рӯи ихтисоси “Психологияи тиббӣ” омода намуда истодааст. Соҳаи фаъолияти касбии мутахассисони ихтисоси “Психологияи тиббӣ” аз корҳои илмию тадқиқотӣ ва амалӣ дар соҳаи психологияи клиникӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои мураккаби ташхиси психологӣ, ташхис ва кӯмаки равонӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои тандурустӣ, таълим ва кӯмаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ, мақомоти маъмурӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, илмӣ нигаронида шудаанд иборат аст. Айни замон дар ихтисоси “Психологияи тиббӣ” 264 нафар донишҷӯ таҳсил менамояд.

 

Номгӯи ихтисос: “Психологияи тиббӣ”

Рамзи ихтисос: 1-79-01-05

Мӯҳлати таҳсил: 6 сол

Шакли таҳсил: рӯзона

Забони таҳсил: тоҷикӣ, русӣ

Тахассус: “Психологияи тандурустӣ”

РУЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО

Ба рӯйхат