Факултети стоматологӣ


  • Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич

    Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич

    -декани факултетҳои стоматологӣ ва фарматсевтӣ

    - номзади илмҳои химия

    Тел: +992 918 90 90 66

    Email: bmu.251288@mail.ru

     

Факултети стоматологӣ бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи муосир ҷавобгӯ, дар асоси фармоиши ректори донишкада (дар якҷоя бо факултети фарматсевтӣ) аз 25.02.2021 таҳти №04-40а таъсис дода шудаст.

Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани факултети мазкур аз моҳи марти соли 2021 то моҳи октябри соли 2021 масъулияти вазифаи декани факултет ба зиммаи декани факултети тиббӣ, номзади илмҳои филологӣ Ризоева Гулнора Икромовна гузошта шуда буд. Баъдан бо фармоиши ректори донишкада аз 01.10.2021 таҳти № 04-156 ба вазифаи декани факултет Эгамова Моҳира Маликовна таъин гардид.

Бо фармоиши ректори донишкада аз 01.09.2023 таҳти № 04-434 вазифаи декани факултет ба уҳдаи номзади илмҳои химия, Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич вогузор карда шуд.

 Барои дуруст ба роҳ мондани низоми таҳсил ва дар оянда тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар пояи факултети стоматологӣ кафедраҳои “Стоматологияи муолиҷавӣ”, ва “Стоматологияи Ортопедӣ” бо қарори Шурои Олимони Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27-уми январи 2022 таҳти №04-28 ташкил гардиданд.

Айни ҳол вазифаи мудири кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ  ба зиммаи Қурбонова Гулноз Ҳошимовна ва кафедраи стоматологияи ортопедӣ ба уҳдаи номзади илмҳои тибб Одинаев Илҳом Исломиддинович вогузор карда шудаанд ва дар ҳарду кафедра 13 нафар омӯзгор кору фаъолият менамоянд.

Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва малакаҳои амалии донишҷўён ва беҳтар намудани самаранокии таълим барои фанҳои тахассусии стоматологӣ, 8 синфхона ба таври қабликлиникӣ ба истифода дода шудааст. Дар кафедраҳои факултет 7-дастгоҳи универсалии стоматологӣ барои табобат ва муолиҷаи беморон ва малакаҳои амалӣ насб карда шудаанд, ки истифода мегарданд.

Барои беҳтар ва баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён факултет ҳамкории худро бо якчанд марказҳои тиббӣ-стоматологӣ ба роҳ мондааст:

  • Маркази клиникӣ-илмӣ-таълимии назди МТҒ «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон»
  • Корхонаи воҳиди давлатии “Дармонгоҳи стоматологӣ”
  • Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй

 Дар назди кафедраҳо маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад, ки донишҷӯён дар ин маҳфилҳо барои баланд бардоштани дониши назариявии худ кӯшиш мекунанд. Дар нақша гирифта шудааст, ки дар оянда аз хатмкунандаҳои ин ихтисос беҳтаринҳоро интихоб карда, дар кафедрҳои факултет ҳамчун омӯзгор кору фаъолият намоянд ва ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул гарданд.

Аз тарафи кормандони кафедраҳо дастурамалҳои таълимӣ ва адабиётҳои электронӣ доир ба як қатор фанҳо тайёр карда шуданд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, онҳо ба дастурҳои таълимӣ-методӣ ва лексияҳо шинос шуда, корҳои контролӣ ва санҷишҳоро супоранд.

Аз ҷониби устодони кафедраҳо то имрӯз 4 маҷмӯи таълимӣ – методӣ барои донишҷўёни муассисаҳои олии касби омода шудаанд: 

  1. Маҷмӯи таълимӣ-методӣ аз фанни “Стоматологияи муолиҷавӣ” барои курси 3-юми факултети “Стоматология”
  2. Маҷмӯи таълимӣ-методӣ аз фанни “Стоматологияи пропедевтикӣ” барои курси 2-юми факултети “Стоматология”
  3. Маҷмӯи таълимӣ-методӣ аз фанни «Стоматология» барои курси  3-юми факултети «Тиббӣ»  - 49 саҳ.
  4. Маҷмӯи таълимӣ-методӣ аз фанни “Стоматологияи муолиҷавӣ” курси 3-юми ихтисоси «Стоматология» - 308 саҳ.

Дар факултет раванди таълим тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот, тибқи барнома ва нақшаҳои таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, сурат мегирад. Ҷараёни таълим дар шаклҳои зайл сурат мегирад: а) дарсҳои аудиторӣ (лексияҳо), дарсҳои амалӣ (семинарҳо); корҳои лабораторӣ. б) дарсҳои беруназсинфӣ мусоҳибаҳо (консултатсияҳо)-и фардӣ, кори мустақилона бо роҳбарии омўзгор; в) назорати сатҳи донишандўзии донишҷўён: тафтиши иҷрои корҳои санҷишӣ; гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ; гузаронидани санҷишҳои тестӣ (дар шакли хаттӣ ё компютерӣ) аз бобҳои алоҳидаи фанҳои омўхташаванда; г) аттестатсияи ҷорӣ -имтиҳони тестии ҷамъбастӣ аз фанҳои алоҳида; д) аттестатсияи ниҳоии давлатӣ: имтиҳонҳои давлатӣ аз фанҳои тахассусӣ.

Дар соли аввали таъсисёбии факултети стоматологӣ 186 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона қабул гардида буданд. Дар факултет донишҷӯён бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) таҳсил менамоянд. Ҳамасола қабули донишҷӯён ба факултети стоматологӣ 150 нафарро ташкил медиҳад. Дар факултет айни ҳол дар 3 курс 716 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Муҳлати панҷсолаи таълим бо аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ ба итмом расида, ба хатмкардагон тахассуси «табиб-стоматолог» супорида мешавад.

 

Номгӯи ихтисос: “Стоматология”

Рамзи ихтисос: 1-79-01-07

Мӯҳлати таҳсил: 5 сол

Тариқи таҳсил: рӯзона

Забони таҳсил: тоҷикӣ, русӣ

Тахассус: “Табиб – стоматолог”

Суроға: ш.Душанбе, н.Сино, к. Клара Сеткина 2, бинои асосии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

Телефон: (+992) 918-90-90-66

E-mail: fsdtit-2020@mail.ru

РУЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО

Ба рӯйхат