Факултети тиббӣ


  • Ризоева Гулнора Икромовна

    Ризоева Гулнора Икромовна

    - Декани факултет, номзади илмҳои филологӣ

    Тел: +992 918 78 64 55

    Почтаи электронӣ: gulnorarizoeva528@gmail.com

   

    Факултети тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мутобиқи банди 118-и “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷуҳурии Тоҷикистон”, зербанди 14.1. ва банди 93-и боби 11-и “Оинномаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 01.09.2020 таъсис дода шудааст.

       Факултети тиббӣ, аввалин факултети донишкада буда,  аз 1 сентябри  соли 2020 то 10 январи соли 2021 роҳбарии онро  Талабов Одина Давлатович  ба уҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2021 инҷониб Ризоева Гулнора Икромовна вазифаи декани факултетро ба уҳда дорад.

Ризоева Гулнора Икромовна 14.04.1982 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1989 ба мактаби миёнаи №18-и ноҳия ба синфи якум қадам гузошта, соли 1999 бо номаи камоли аъло мактаби мазкурро хатм намудааст. Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи таҳсил яке аз аввалин гирандаи Стипендияи Президентӣ аз байни 44 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳия мебошад. Баъди хатми мактаби номбурда тибқи квотаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултети дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шомил гардида, соли 2004 донишгоҳи мазкурро аз рӯи хтисоси дорусозӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.

Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар якчанд сохторҳои гуногун фаъолияти касбии худро то ҳол идома дода истодааст. Аз ҷумла;

  • солҳои 2005-2006 ба сифати муовини мудири дорухонаи филиали №5 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Доруи Тоҷик”;
  • солҳои 2006-2008 ба сифати мудири дорухонаи филиали №2 фабрикаи дорусозии байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ҳиндустон, Корхонаи Муштараки “Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитет”;
  • солҳои 2008-2010 ба сифати мудири дорухонаи филиали №10 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Капитал”;
  • солҳои 2010-2012 ба сифати мудири дорухонаи филиали №1 ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳром 2010”;
  • солҳои 2013-2015 барои аз худ намудани забони англисӣ дар Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ такмили ихтисос гузаронида, дорои 4 адад сертификат мебошад;
  • солҳои 2016-2019 барои гирифтани маълумоти дуюм ба таври ғоибона Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро аз рӯи ихтисоси омӯзгори фанни забони англисӣ бо дипломи аъло хатм намудааст;
  • солҳои 2015-2016 ҳамчун ассистенти кафедраи назария ва амалияи тарҷумаи Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода;
  • солҳои 2016-2018 ҳамчун ассистени кафедраи забонҳои романӣ-германии Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода;
  • аз 22.10.2018 то 08.11.2018 курси пурраи таҳсилро дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси низоми кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ ба поён расонидааст;
  • солҳои 2015-2018 ба таври ҳамкор омӯзгори фанҳои фармакология ва технологияи дорусозии Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Душанбе;
  • солҳои 2018-2019 ба сифати муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода;
  • солҳои 2019-2020 декани факултетҳои “Кори фармасевтӣ”, ”Кори табобати дандон” ва “Кори дандонсозӣ”;
  • аз моҳи феврали соли 2020 то ҳол декани факултети тиббии Муассисаи таълимии ғайридавлатии ”Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” фаъолият дорад.

 Ҳамзамон дар давраи фаъолияти кории худ бо кори илмӣ машғул шуда, рисолаи номзадии худро 23 феврали соли 2021 дар Шурои муттаҳидаи дисертатсионии Д 047.004.02 Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ихтисосҳои 10.02.19 (назарияи забон) дар мавзуи “Муроҷиат ҳамчун навъи воқеият дар забон ва фарҳанги забон” рисолаи илмиашро дифоъ  намудааст.

Бояд зикр намуд, ки аз 15.11.2021 то 27.11.2021 курси такмили ихтисоси “Педагогика” ва “Психология”-ро  гузаштааст.

Ҳамзамон, дар баробари декани факултет буданашон аз фанҳои фармакагнозия, фармокология, технологияи дорусозӣ ва забони англисӣ ба шогирдон дарс мегӯянд. Ёдовар бояд шуд, ки айни замон ба корҳои докторӣ машғул буда, муаллифи як монография, ду адад дастури таълимӣ, шаш адад барномаи таълимӣ ва зиёда аз 28 адад мақолаҳои илмию таҳқиқотӣ мебошад.

Иловатан қайд намуд, ки айни замон барои гирифтани маълумоти сеюм донишҷӯи курси дуюми факултети “Идораи давлатӣ”-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар давраи фаъолияти кории худ бо якчанд ифтихорномаю нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардидааст. Аз ҷумла;

  • соли 2016 бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №602 бо нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
  • соли 2017 барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ҷиҳати мусоидат дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои судманд бахусус таълими тарбияи насли ҷавонони кишвар дар самти соҳибмаълумоту соҳибмаърифат гардидани онҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” бо “Ифтихорнома”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • соли 2018 барои саҳми арзанда гузоштан дар пешрафти соҳаи илму маорифи Тоҷикистон таълими тарбияи насли ҷавон бо “Ифтихорнома”-и ректори Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода;
  • соли 2019 барои хидматҳои шоён дар татбиқи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам           Эмомалӣ Раҳмон, нақши назаррас дар тарбияи маънавии ҷомеа, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва илму маориф, фаъолияти пурсамари ҷамъиятӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, тарғибу ташвиқи нақши муассири занон ва баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа бо “Ифтихорнома”- и раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • соли 2019 бо фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №44-У бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”;
  • соли 2020 тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №2050 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”;
  • соли 2022 барои саҳми арзанда гузоштанаш дар пешрафти соҳаи илму маорифи Тоҷикистон, таълиму тарбияи насли ҷавон ва рушди қувваи зеҳнӣ - маънавии донишҷӯён бахшида ба “Рӯзи модар” бо “Ифтихорнома” - и муассиси Муассисаи таълимии ғайридавлатии  ”Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон”;
  • соли 2022 бахшида ба Рӯзи кормандони тиб бо фармоиши раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз 08.08.2022, №33 бо нишони сарисинагии “Аълочии иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон”, сарфароз гардидааст.

Деканати факултет ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва маъмуриии донишкада буда, вазифаҳои асосии он ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия, пешбурди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмию методӣ, назорати фаъолияти кафедраҳо, назорати давомот, дарсазхудкунии донишҷӯён ва кор бо волидони онҳо ба шумор меравад.

Дар факултети мазкур дар соли 2020-2021  166 нафар донишҷӯ таҳсил менамуд ва дар соли таҳсили 2023-2024 бошад шумораи умумии донишҷӯёни факултети тиббӣ, ихтисоси “Кори табобатӣ” ба 1166 нафар расид. Дар факултет ҳамчунин 71 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 7 давлатҳои хориҷӣ дуру наздик таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 42 нафар Ҷумҳурии  Ҳиндустон, 8 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Покистон, 15 нафар аз Ҷумҳурии Нигерия, 1 нафар аз Ҷумҳурии Малайзия, 1 нафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як нафар аз Ҷумҳурии Халқии Бангладеш рост меояд. Ба хатмкунандагони ин факултет диплом аз рӯи ихтисоси  «Кори табобатӣ» дараҷаи таҳсилот мутахассис дода мешавад. Таҳсил дар факултет рӯзона буда, 6-солро дар бар мегирад, ки дар ин муддат донишҷӯён фанҳои гуногунро аз заминавии табиӣ ва тиббӣ – биологӣ:  химия, физика, биология, анатомия, гистология, химияи биологӣ, физиология  оғоз менамоянд, инчунин фанҳои тахассусии клиникиро аз қабили офталмология, оториноларингология, бемориҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, асабшиносӣ, бемориҳои сироятӣ, онкология, фтизиопулмонология, урология ва ғайраро меомӯзанд. Аз соли аввали таҳсил  донишҷӯёни факултети муолиҷавӣ имконият доранд, ки бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ҷамъияти илмии донишҷӯён машғул шаванд. Дар анҷоми курси 6 бо хатмкунандагон имтиҳони хатми давлатӣ бо риояи талаботи меъёрҳои байналмилалии маълумоти олии тиб гузаронида мешавад.

РУЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО

Ба рӯйхат