Факултети кори иҷтимоӣ


  • Ҳайдарзода Бузургхони Маъруфхон

    Ҳайдарзода Бузургхони Маъруфхон

    - Декани факултет

    Тел: +992 888 16 99 99

    Почтаи электронӣ: haydarzoda93@mail.ru

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи факултети муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фармоиши муассиси донишкада аз 03.08.2020, №04-1, ҷиҳати таъсис додани Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”, бинобар сабаби зарурияти истеҳсолӣ бо фармоиши ректори МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” аз санаи 3-юми августи соли 2020, таҳти №04-18, дар донишкада  факултети “Кори иҷтимоӣ” таъсис дода шудааст. Аз санаи 1-уми сентябри соли 2020,  иҷрокунандаи  вазифаи декани факултетро Талабов Одина Давлатович ба ӯҳда дошт. Аз моҳи феврал то октябри соли 2021, вазифаи декани факултетро Ризоева Гулнора Икромовна ба ӯҳда дошт. Аз моҳи октябри соли 2021 то инҷониб иҷрокунандаи вазифаи декани факултетро Ҳайдарзода Бузургхони Маъруфхон ҳамчун ба ӯҳда дорад.

Соҳаҳои фаъолияти касби ин мутахассион  аз хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва давлатӣ, муассисаҳо ва муассисаҳои системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, артиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ба таври инфиродӣ мустақилона фаъолият намудан. Инчунин мутахассисе, ки барномаи таълимии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисоси мазкур аз худ кардааст, омода аст таҳсилро дар магистратура идома диҳад. Ҳадафи кори тиббӣ ва иҷтимоӣ ба даст овардани сатҳи баландтарини саломатӣ, фаъолият ва мутобиқшавӣ бо шахсони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, инчунин камбизоати иҷтимоӣ мебошад. Ба хатмкунандагони ихтисоси 1-860101-«Кори иҷтимоӣ» тахассуси “Мутахассиси кори иҷтимоӣ” дода мешавад. Муҳлати таҳсил 4 сол мебошад. Айни замон дар ихтисоси “Кори иҷтимоӣ” 76 нафар донишҷӯён таҳсил менамояд.

Ба рӯйхат