Факултети фарматсевтӣ


  • Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич

    Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич

    -декани факултетҳои стоматологӣ ва фарматсевтӣ

    - номзади илмҳои химия

    Тел: +992 918 90 90 66

    Email: bmu.251288@mail.ru

Факултети фарматсевтӣ бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди таълим дар Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи муосир ҷавобгӯ, дар асоси фармоиши ректори донишкада (дар якҷоя бо факултети стоматологӣ) аз 25.02.2021 таҳти №04-40а таъсис дода шудаст.

Дар баробари ба фаъолият шуруъ намудани факулети мазкур аз моҳи марти соли 2021 то моҳи октябри соли 2021 масъулияти вазифаи декани факултет ба зиммаи декани факултети тиббӣ, номзади илмҳои филологӣ Ризоева Гулнора Икромовна гузошта шуда буд. Баъдан бо фармоиши ректори донишкада аз 01.10.2021 таҳти № 04-156 ба вазифаи декани факултет Эгамова Моҳира Маликовна таъин гардид.

Бо фармоиши ректори донишкада аз 01.09.2023 таҳти № 04-434 вазифаи декани факултет ба уҳдаи номзади илмҳои химия, Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич вогузор карда шуд.

Барои дуруст ба роҳ мондани низоми таҳсил ва дар оянда тайёр намудани кадрҳои болаёқат дар пояи факултети фарматсевтӣ кафедраи “Технологияи фарматсевтӣ, фармакогнозия, ташкил ва иқтисоди фарматсия, фармакология ва фармакологияи клиникӣ, хизмати фарматсевтӣ ва иттилооти фарматсевтӣ” бо фармоиши ректори донишкада аз 27.01.2022 таҳти №04-28 таъсис дода шуд.

Аввалин мудири кафедраи мазкур аз соли 2022 то 2023 номзади имлҳои химия Шамсиддинов Амриддин Ҷамолиддинович буд ва аз моҳи сентябри соли 2023 то имрӯз вазифаи мудири кафедра бар уҳдаи номзади илмҳои биология Ҷамшедов Ҷамшед Назаршоевич гузошта шудааст.

Дар кафедраи 1 нафар номзади илмҳои биологӣ: Ҷамшедов Ҷ.Н., 1 нафар номзади илмҳои техникӣ Давлатмамадова М., 2 нафар унвонҷу Холов С. Б., ва Зохидов Н.С. фаъолият мекунанд.

Аз ҷониби устодони кафедра дар якҷоягӣ бо ширкатҳои фарматсевтии ватанӣ 7 номгуй маводи доругии дар заминаи моддаҳои фаъоли биологиро коркард намуда, онро ба истеҳсолот ворид намудаанд:

  1. Малҳами Маклуфер (ферула +маклюра), ООО " МЛМ-Фарм”
  2. Қиёми Псорален . ООО " МЛМ-Фарм”
  3. Маҳлули “йодак +ромашка +календула”. ООО”МЛМ-Фарм".
  4. Маҳлули “ йодак+цинк+аскорбинка” . ООО " МЛМ-Фарм”
  5. Шампунь "Идеал". ООО " МЛМ-Фарм”
  6. Крем”Сита". ООО " МЛМ-Фарм”
  7. Малҳами "Хитинидазол" ООО " Назар-Фарм”

Инчунин дар асоси маводи доругии тавлидшудашуда, устодони кафедра соҳиби ду патет гардиданд:

  1. Ҷамшедов Ҷ.Н. Патенти no Tj 1436).28.11.2023 Табобат барои мастити ҳайвонот.
  2. Шамсиддинов А. Холов С.Б., Аҳмадов А., Мусозода С. М., Мижгони Сорбон., Маҳсудов К.С., Раҳмонов А. У., Раҳимов И. Ф., Мусоев Р. С., Сайфуллоева М. Ҳ. Патенти no TJ 1376) Ба номи" Таркиб барои табобати бемори узвхои ГГБ" аз 19 январи соли

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён амал мекунад, ки барои сайқал ва баланд бардоштани дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён муфид мебошад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда аз хатмкунандаҳои ин ихтисос беҳтаринҳоро интихоб карда, дар кафедраи факултет ҳамчун омӯзгор фаъолият намоянд ва ба корҳои илмӣ машғул гарданд.

Аз тарафи кормандони кафедраҳо дастурамалҳои таълимӣ ва адабиётҳои электронӣ доир ба як қатор фанҳо тайёр карда шуданд, ки ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, то ин ки онҳо бо дастурҳои методӣ ва лексияҳо шинос шуда, корҳои контролӣ ва санҷишҳоро супоранд.

Дар факултет раванди таълим тибқи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот, тибқи барнома ва нақшаҳои таълимие, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаааст, сурат мегирад. Сифати тайёрии мутахассисон аз рӯи малакаҳо ва маҳоратҳои аз худ кардаашон муайян карда мешавад. Бо ин мақсад стандарти таълимӣ гузаронидани навъҳои гуногуни таҷрибаомӯзиро пешбинӣ менамояд (таълимӣ, истеҳсолӣ), ки он дар пойгоҳи муассисаҳои табобатӣ, фарматсевтӣ, дорухонаҳо, корхонаҳои истеҳсолии фарматсевтӣ, инчунин дар маркази фарматсевтии «Фарматсия», ки дар назди донишкада ташкил карда шуда истодааст, гузаронида мешавад.

Дар соли аввали таъсисёбии факултети фарматсевтӣ 43 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона қабул гардида буданд. Дар факултет мазкур донишҷӯён бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) таҳсил менамоянд. Дар соли таҳсили 2023-2024 қабули донишҷӯён ба факултети фарматсевтӣ 190 нафарро ташкил медод. Айни ҳол дар факултет мазкур 314 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Муҳлати панҷсолаи таълим бо аттестатсияи давлатии ҷамъбастӣ ба итмом расида, ба хатмкардагон тахассуси «Фарматсевт» ва дипломи намунаи давлатӣ аз рӯи ихтисоси «Фарматсия» супорида мешавад.

 

Номгӯи ихтисос: “Фарматсия”

Рамзи ихтисос: 1-79-01-08

Мӯҳлати таҳсил: 5 сол

Тариқи таҳсил: рӯзона

Забони таҳсил: тоҷикӣ, русӣ

Тахассус: “Фарматсевт”

Суроға: ш.Душанбе, н.Сино, к. Клара Сеткина 2, бинои асосии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”

Телефон: (+992) 918-90-90-66

E-mail: ffdtit-2020@mail.ru

РУЙХАТИ ҲУҶҶАТҲО

Ба рӯйхат