Эълон!
Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” барои ишғоли вазифаҳои холии омӯзгорони зерин дар соли 2021 озмун эълон менамояд:
- омӯзгори фанни “Этика;
- омӯзгори фанни “Информатика”;
- омӯзгори фанни “Забони русӣ”;
- омӯзгори фанни “Ҳуқуқ”;
- омӯзгори фанни “Фарҳангшиносӣ”;
- омӯзгори фанни “Диншиносӣ”;
- омӯзгори фанни “Тарбияи ҷисмонӣ”;
- омӯзгори фанни “Забони лотинӣ”;
- омӯзгори фанни “Химияи органикӣ”;
- омӯзгори фанни “Забони русӣ”;
- омӯзгори фанни “Назарияи иқтисод”;
- омӯзгори фанни “Химияи умумӣ”;
- омӯзгори фанни “Химияи физколоиди”;
- омӯзгори фанни “Химияи ғайри органики”;
- омӯзгори фанни “Психология”;
Талабот барои ишғоли вазифаҳои холӣ:
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар муддати ду ҳафта пас аз рӯзи эълон пешниҳод карда мешавад.
Шахсони хоҳишманд ба номи ректори донишкада ариза супорида, ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамоянд:
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, дараҷаи тахассусӣ;
-тавсиянома аз ҷойи кори охирин;
-рӯйхати корҳои илмии нашргардида ва ихтироот;
-ҳисобот оид ба корҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ (дар ҳолати аз нав интихобшави ба муҳлати такрорӣ).
Нишонаи донишкада: ш.Душанбе, кучаи Клара Сеткина 2.
Телефон барои тамос:985-56-92-22, 907-86-86-30.