Эълон!
Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” барои ишғоли вазифаҳои холии мудири кафедраҳо дар соли 2021 озмун эълон менамояд:
-мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”- як ҷой; -мудири кафедраи “Забонҳо”- як ҷой; -мудири кафедраи “Фанҳои морфологӣ”- як ҷой;
Талабот барои ишғоли фазифаҳои холӣ:
-ба вазифаи мудири кафедраҳо дорандаи дараҷаи илмии доктор ё номзади илм, доктори фалсафа (Phd), доктор аз рӯи ихтисос дошта;
Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар муддати як моҳ пас аз рӯзи чопи эӣлон пешниҳод карда мешавад.
Шахсони хоҳишманд ба номи ректори донишкада ариза супорида, ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамоянд:
-варақа шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-нусхаи ҳуҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос, дараҷаи илмӣ, дараҷаи тахассусӣ;
-тавсиянома аз ҷойи кори охирин;
-рӯйхати корҳои илмии нашргардида ва ихтироот;
-ҳисобот оид ба корҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ, (дар ҳолати аз нав интихобшави ба муҳлати такрорӣ).
Нишонаи донишкада: ш.Душанбе, кучаи Клара Сеткина 2.
Телефон барои тамос: 985-56-92-22, 907-86-86-30.