Кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ

Орипова Рухшона Шуҳратовна
- мудири кафедра
- номзади илмҳои тиб
Кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” – и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон”
Фаъолияти кафедра соли таҳсили 2023-2024 тибқи талаботи Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2017 №3/13) дар бораи тасдиқи Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқи Оинномаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”, Нақшаи фаъолияти кории кафедра ва фармоиши ректор аз 27.01.2022 №04-36 ба роҳ монда шудааст.
Кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” дар ошёнаи шашуми клиникаи МТҒ “Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад.
Айни замон дар кафедра 6 омӯзгор кору фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 3 нафар омӯзгори асосӣ ва 3 нафар омӯзгори ҳамкори беруна мебошанд.
Дар кафедра омӯзгорон аз фанҳои акушерӣ, гинекология ва кори ҳамширагӣ дар момоӣ ва бемориҳои занона дарс медиҳанд. Дарсҳо асосан дар бинои Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимии назди “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ва ҳамчунин ба таври сиклӣ дар муассисаҳои табобатии ҷумҳурӣ дар Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, дар маҷмааи табобатии Истиқлол ва беморхонаи марказии тиббии-шаҳрии №1 ба номи Ахмедов Карим гузаронида мешаванд.
Омӯзгорон дар кафедра барои шавқовар гузаронидани машғулият ва ҷалб намудани донишҷӯён ба донишандузӣ, аз усулҳои самараноки муосири таълим истифода мебаранд. Барои бештар азхуд намудани маводҳои дарсӣ дар машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ слайдҳои мултимедӣ, видеонаворҳо ва доскаи электронӣ истифода мебаранд. Дар мулуҳҳо мавзуҳои дарсӣ намоиш дода мешаванд. Донишҷӯён низ аз рӯи баннерҳо, мулуҳҳо ва узвҳои алоҳида донишандузӣ намуда, ба дарсҳо омодагӣ мегиранд.
Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.

Орипова Рухшона
Вазифа: и.в мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”-и МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”
Унвон илмӣ: номзади илмҳои тиб
Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог
Teл:+992 +992 008080700 E-mail:rukhshona1707@gmail.com

Ҳанифа Моҳд
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур, акушер-гинеколок

Миртоҷиконшоҳ Мирраҳим
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос:духтур, акушер-гинеколог
Teл:+992 931 00 3772 E-mail: mirtajkanshahm@gmail.com

Миршарифова Дилафруз
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог
Teл:+992 005 05 72 84 E-mail:

Умарова Таҳмина
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог
Teл:+992 888 83 38 62 E-mail:

Мирзоева Маъмурой
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: духтур, акушер-гинеколог
Teл:+992 550014142 E-mail: mamurasha85@mail.ru
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра