Кафедраи химияи умумӣ, ғайриорганикӣ, биоорганикӣ, таҳлилӣ, биологӣ, физколлоидӣ ва химияи таксикологӣ
|
Шамсиддинов Амриддин ҶамолиддиновичМудири кафедра Номзади илмҳои химия E-mail: amr.sh1958@gmail.comТелефон: +992 93 503 99 22 |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедра фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳо ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва Қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ мебошад. Кафедраи “Химияи умумӣ, ғайриорагникӣ, биоорганикӣ, таҳлилӣ, биологӣ, физколлоидӣ ва химияи токсикологӣ” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27 январи соли 2022 №04-28 ҳамчун кафедраи мустаъқил таъсис дода шудааст. Кафедраи мазкур фаъолияти кории худро мувофиқи нақшаи корӣ барои соли 2023-2024 ба роҳ мондааст. Айни замон дар кафедра фанҳои зерин таълим дода мешаванд:
Химия умумӣ; Химияи биологӣ; Химияи органикӣ; Химияи ғайриорганикӣ; Химияи таҳлилӣ; Химияи физколлоидӣ; Химияи токсикологӣ; Химияи фармасевтӣ;
Дар кафедра 15 нафар омӯзгорони ботаҷриба ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҳо 9 нафар номзади илмҳои химия ва 1 нафар номзади илмҳои фармасевтӣ ва 3 нафар унвонҷуй (доктори фалсафа (PhD)) мебошанд.
Дар кафедраи мазкур ду озмоишгоҳи химиявӣ мавҷуд аст, ки дарсҳои амалиро омӯзгорон дар озмоишгоҳ мегузаронанд. Озмоишгоҳ бо асбобу реактивҳои химиявӣ таъмин мебошад.
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “ХИМИЯИ УМУМӢ, ҒАЙРИОРГАНИКӢ, БИООРГАНИКӢ, ТАҲЛИЛӢ, БИОЛОГӢ, ФИЗКОЛОИДӢ ВА ХИМИЯИ ТОКСИКОЛОГӢ”
- Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои химия ва фарматсия ташаккули шахсият ва ҷаҳонбинии онҳо.
- Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои химия ва фарматсия фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.
- Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
- Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
- Омодасозии китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ - таълимӣ.
- Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
- Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
- Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА
Кафедраи химияи умумӣ, ғайриорганикӣ, биоорганикӣ, таҳлилӣ, биологӣ, физколоидӣ ва химияи токсикологӣ мақсад дорад, ки дар корманди тибби оянда дониши асосҳои химияро ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад.
Дар кафедра донишҷӯени курсҳои 1-ум ва 2-юми факултети тиббӣ, курсҳои 2-уми факултетҳои стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети кори иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ аз фанҳои химияи умумӣ, биологӣ, физколлоидӣ, ғайриорганикӣ ва химияи таҳлилӣ ва донишҷӯени курси 3-юми факултети фармасевтӣ аз фанни химияи фармасевтӣ ва химияи биологӣ таҳсил мекунанд. Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ ва русӣ аз тарафи омӯзгорони дараҷаи унвондор ва маҳорати касбии баландошта ба роҳ монда шудааст.
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ
Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва озмоишӣ (лабораторӣ) нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра 8 барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанҳои химия барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тартиб додашудааст. Аз рӯи ҳар як фан 400 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 250 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикр шуда, дар кафедра омода ва тартиб додашудааст.
КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТӢ
Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи тиббӣ ва фармасевтӣ, бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 (таҳти №1445) дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040, дар кафедра пайваста дарсҳои кушоди таълимию тарбиявӣ гузаронида мешавад. Дар назди кафедра маҳфили фаннии “Дунёи химия” фаъолият дорад, ки онҳо тибқи нақшаи кории ҳамасола фаъолият дошта, шумори аъзоёни маҳфил 9 нафар омӯзгор ва 20 нафар донишҷёнро ташкил медиҳанд, ки фармоиш ва нақшаи кории он аз тарафи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор А.Ахмедов тасдиқ карда шудааст. Натиҷаи фаъолияти ин маҳфилҳо ҳаст, ки донишҷӯёни донишкада ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмлилӣ ва озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.
Дар кафедра айни ҳол дастаи олимпии кафедра ташкил карда шудааст. Дар ин самт бояд қайд намуд, ки ҳайати олимпии кафедра дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат намуда, ҳамасола ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.
Дар “ИНТЕРНЕТ” озмуни байналмилалӣ аз фанни химия, ки бо тариқи онлайн дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, дар он аз 7 давлат 50 муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ ширкат намуда, бо гирифтани ҷойҳои намоён аз ҷониби донишҷӯён дар байни 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарин донишкада ҷойи 5 –умро ишғол намуданд.
Донишҷӯи курси дуюми факултети Стоматология Алиша Бурхонова дар озмуни байналмилалии “ИНТЕРНЕТ”–и озмун аз фанни химия, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ҷойи сеюмро ишғол намуда соҳиби “ДИПЛОМ”гардид.
Аз 15 то 16 декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд, озмуни байналмилалӣ “Самарқанд-2020” байни донишҷӯёни муассисаҳоии таҳсилоти олии тиббӣ (ба таври онлайн ва офлайн) баргузор гардид, ки дар он дастаи олимпии кафедра иштирок намуда, соҳиби сертификат гаштанд.
Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастури таълимӣ-методӣ дар соњаи илмњои табиї яке аз вазифањои асосии олимони кафедра ба шумор рафта, 2 патент шањодатномаи муаллифӣ, 3 монаграфия 4 китоби дарсӣ, 6 дастури таълимию методӣ нашр карда шудааст.
Аз ҷониби омӯзгорони кафедра н.и.фарм. Саидов Н.Д. 4 китоби дарси Стандартҳои сифати маводи доруворӣ- Душанбе ЭР-граф соли 2020, Технологияи фармасевтӣ - Душанбе ЭР-граф соли 2020, Кимиёи заҳршиносӣ- Душанбе ЭР-граф соли 2021 ва Корҳои лабораторӣ- Душанбе ЭР-граф соли 2023. 413саҳ, Маҷмӯи мисолу масъалаҳо аз фанни химия (муаллиф Холов М.), Масъалаҳои олимпӣ аз фанни Химия (муаллиф Бобоев У.), Ҳалли мисолу масъалаҳо аз химияи ғайриорганикӣ (муаллиф Бобоев У.) омода карда шудаанд.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Дар кафедраи “Химияи умумӣ, ғайриорагникӣ, биоорганикӣ, таҳлилӣ, биологӣ, физколлоидӣ ва химияи токсикологӣ” тибқи нақшаи кории корҳои тарбиявӣ, ки аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.п., Охунов Б.Х. мувофиқа ва тасдиқ карда шуда, ба кор бурда мешавад. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, корҳои ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои академӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
Кормандони кафедра

Шамсиддинов Амриддин Ҷамолиддинович
Вазифа: Мудири кафедраи «Химияи умумӣ, ғайриорганикӣ, биорганикӣ, таҳлилӣ, физколлоидӣ ва химияи токсикологӣ»
Унвон илмӣ: номзади илмҳои химия
Ихтисос: химия
Teл:+992 93 503 99 22
E-mail:amr.sh1958@gmail.com

Сайфуллоева Мавҷигул Ҳайдарқуловна
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: химия
Teл: +992 902 90 28 59 E-mail:s.mavgi1983@gmail.com

Зуҳурова Мавлуда Ашуровна
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:номзади илмҳои химия
Ихтисос: химия
Teл:+992001015253 E-mail:mavluda.zukhnurova@mail.ru

Саидов Некрӯз Давлатович
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ: номзади илмҳои фарматсевтӣ
Ихтисос: провизор таҳлилгар
Teл:+992982484888 E-mail:drnekruz@mail.ru

Ёров Комрон Нарзиқулович
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: биология-химия
Teл: +992931839252 E-mail:komron_01.96@mail.ru

Шамсиддинов Асҳобиддин Исомиддинович
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: химия
Teл: +992550864343 E-mail:ashobiddinshamsiddinov@gmail.com

Таваров Мирзошариф Абдулфатоҳович
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: биология-химия
Teл:+992985917805 E-mail:mirzosharif.tabarov@mail.ru

Ёров Муродбек Ёрович
Вазифа: муаллими калон
Унвон илмӣ: номзади илмҳои химия
Ихтисос: химия
Teл:+992935696699 E-mail:yorov89@list.ru

Карамбахшов Ҳошим Зоиршоевич
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: химия
Teл:+992 93 334 46 91 E-mail:hoshim.9191@mail.ru

Самадов Абдурасул Саидович
Вазифа: муаллими калон
Унвон илмӣ:номзади илмҳои химия
Ихтисос: химия
Teл: +992 111503838 E-mail:s.s.rasul@mail.ru

Ҳусайнов Авазхон Додоевич
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ:
Ихтисос: химия
Teл:+992985917805 E-mail:mirzosharif.tabarov@mail.ru

Ёрмамадова Саврибегим Гулмамадовна
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ: номзади илмoҳои химия
Ихтисос:
Teл: +99293-503-76-59 E-mail:ermamadova2015@mail.ru

Тагоев Муродбек Махмадалиевич
Вазифа: аcсистент
Унвон илмӣ:номзади илмҳои химия
Ихтисос: химия
Teл: +992 E-mail:

Бобоев Муҳаммадисо Убайдуллоевич
Вазифа: ассистент
Унвон илмӣ: номзади илмҳои химия
Ихтисос: кимиёгар. муаллим
Teл:992918 90 90 66 E-mail:bmu.251288@mail.ru