Кафедраи бемориҳои кӯдакона


Ибодзода Зарина Хабибулло

Мижгони Сорбон

- мудири кафедра

- номзади илмҳои тиб

Tel:

Email: mijgon70@list.ru

 

Базаи клиникии кафедра

Айни ҳол дар кафедра 1 нафар д.и.т., ва 1 нафар н.и.т., фаъолият карда истодааст. Ҳайати собиқаи кафедра аз 6 нафар корманди ҳамкори дохилӣ ва берунӣ иборат мебошад, ки дар кафедра аз 2 то 20 соли фаъолияти корӣ доранд, аз ҷумла доктори илмҳои тиб Икромов Т.Ш. 

Корҳои табобатӣ машваратӣ

Корҳои табобатӣ – машваратиро кафедраи бемориҳои кӯдакона дар МД “Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона”, МД “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №1”, МД “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2” ва МД ММТ ҶТ “Шифобахш” шуъбаи қабули соматикӣ мегузаронад. Кормандони кафедра дар чунин шуъбаҳо корҳои табобатӣ – машваратӣ мегузаронанд:
• Шуъбаи эҳёгарӣ-(реаниматсионӣ)
• Шуъбаи модар ва кӯдак
• Шуъбаи синни бармаҳал

 Таърихи кафедра

Кафедраи “Бемориҳои кӯдакона” яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи январи соли 2022 ташкил шудааст. Фармони №04-37 аз 27 январи соли 2022.

Аз рӯзи таъсиси кафедра то имрӯз и.в. мудири кафедра Мижгони Сорбон номзади илмҳои тиб, роҳбарӣ карда истодааст.

Ӯ рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Ҷанбаҳои клиникӣ ва иҷтимоии гуманизатсияи ёрии тиббӣ ба кӯдакони навзод», соли 2018 ҳимоя намуд.

Корҳои методӣ-таълимӣ

Кафедра дар ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои кафедра, бо асбобу анҷом, асбобҳои аёнӣ барои раванди таълим саҳми калон гузоштааст.

Дар кафедраи мазкур таълим аз рӯи ду фан баргузор мегардад: “Таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона” ва “Педиатрия” ба се забон (давлатӣ, русӣ ва англисӣ). Дар донишкада донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсил карда истодаанд, ки машғулиятҳо ба забони англисӣ сурат мегирад. Омӯзгорон ва кормандони кафедра барои беҳтар намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ, нашриётӣ, тарбиявӣ ҳама кӯшишро ба харҷ дода истодаанд. Барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ устодон аз усулҳои муосири таълим васеъ истифода бурда, пайваста такмил медиҳанд. Машғулиятҳои назариявӣ аз ҷониби д.и.т., Икромов Т.Ш. гузаронида мешавад.

Кабинетҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки барои баланд бардоштани раванди сифати таълим нақши асосиро мебозад.

Дар китобхонаи донишкада адабиётҳои таълимӣ ба се забон давлатӣ, русӣ ва англисӣ мавҷуд мебошанд.

Фаъолияти таълим барои беҳтар намудани сифати таълим яке аз мақсадҳои асосии донишкада мебошад.

Дар кафедра барномаи таълимӣ аз рӯи фанҳои “Таълими асосии бемориҳои кӯдакона” ва “Педиатрия” ба се забон таҳия ва тасдиқ карда шудааст. Маводҳои таълимӣ бо ду забон; давлатӣ ва русӣ мавҷуд мебошанд.

Аз фанни “Таълими асосии бемориҳои кӯдакона” донишҷӯёни курси 3-юми ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Кори табобатӣ”-и донишҷӯёни хориҷӣ ва “Психологияи тиббӣ” ва аз фанни “Педиатрия” донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси Стоматология, курси 4-уми “Кори табобатӣ” ва курси 3-юми “Кори табобатӣ”-и донишҷӯёни хориҷӣ машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд.

Донишҷӯён аз рӯи Низомномаи низоми кредитӣ-модули таълим мегиранд.

Корҳои тарбиявии кафедра

Корҳои тарбиявӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон буда, бо донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, стоматологӣ ва психологияи тиббӣ пайваста дар руҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, бахусус риояи одоб ва деонтологӣ кор бурда мешавад.

Қабл аз оғози дарс омӯзгорони кафедра ба донишҷӯён дар бораи одобу ахлоқ, одоби сухан, экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди коррупсия, тарзи либоспӯшии ба талабот ҷавобгӯ, давомоти донишҷӯён ба дарс ва ғайра мулоқот мегузаронанд.

Корҳои илмӣ тадқиқотӣ

Муддати 2 сол аз ҷониби кормандони кафедра 5 мақола ва 2 фишурда дар маҷаллаи Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон нашр шуда, дар (конфронсҳо, форумҳо, симпозиумҳо)-и дохили Тоҷикистон иштирок карданд.

Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод ва унвонҷӯён фаъолият дорад.

Натиљањои корњои илмию таҳќиќотї аз љониби устодони кафедра дар фаъолияти њаррўзаи таълимии донишљўён мунтазам истифода мешаванд.

Дастовардҳои кафедра

Мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, Мижгони Сорбон дар соли 2008 бо нишони “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2017 бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, соли 2023 бо нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2023 бо Медали ҷашнӣ бахшида ба 90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, инчунин омӯзгори кафедра Мамуров Д. соли 2023 бо нишони «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудаанд.

 

 

 

Кормандони кафедра

Абдурахмонов

Мижгони Сорбон

Вазифа: Мудири кафедраи бемориҳои кӯдакона

Унвони илмӣ : номзади илмҳои тиб

Ихтисос:

Teл:+992 918677448              E-mail:mijgon70@list.ru

Тошов

Икромов Турахон Шарбатович

Вазифа: 

Унвони илмӣ : доктори илмҳои тиб

Ихтисос:

Teл:+992                         E-mail: ikromov0368@mail.ru

 

Абдурахмонов

Янгибоева Барно

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ :

Ихтисос:

Teл:+992                                    E-mail: barno0909@mail.ru

 

Тошов

Кулдашова Гулноз

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ :

Ихтисос:Фарматсевт

Teл:+992                                E-mail:

Абдурахмонов

Мирзоев Қувватали Астоноқулович

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ : 

Ихтисос:

Teл:+992908222276      E-mail: mirzoevkuvvatali@gmai.com

 

 

Тошов

Ҳакимова Фируза

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ :

Ихтисос:

Teл:+992                E-mail:

Абдурахмонов

Ғаниев Худойдод

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ :

Ихтисос:

Teл:+992                       E-mail: 

Тошов

Маъмуров Дилшод

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ :

Ихтисос:

Teл:+992          E-mail:dilshod_mamurov@icloud.com

 

Тошов

Қаюмова Марҳабо Аминҷоновна 

Вазифа: ассистент

Унвони илмӣ :

Ихтисос: 

 

Teл:+992903800888       E-mail:qmarhabo2310@gmail.com

 

Руйхати ҳуҷҷатҳо

 

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

Ба рӯйхат