Кафедраи тарбияи ҷисмонии
Кафедраи “Тарбияи ҷисмонии МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” бо қарори мушовараи Вазорати маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.07.2019 сол №9/4 сармашқи кори худ намуда баҳри мустаҳкам намудани саломатии донишҷӯён, пайдо кунонидани малакаи ҳаёти солим, тарк намудани одатҳои зарарнок (майнушӣ, сигоркашӣ, нашъамандӣ ва ғайра) таъмини коршоямӣ дар тамоми раванди хониш омодагӣ гирифтаанд.
Баъди ба фаъолият шуруъ намудани Донишкада бо фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” аз 27.01 соли 2022 бо фармони таҳти № 04-25 дар бораи омодаг додани кафедраи “ Тарбияи ҷисмонӣ”, бо мақсади дуруст ба роҳ мондани раванди , тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси бо талаботи муосир ҷавобгу, тарбия набудани хислатҳои ватандӯсти, меҳнатдӯстӣ, қавииродагӣ хушахлоқӣ, мавқеи устувор дар ҳаёт, табобати мунтазами мукаммал гардонидани сифатҳои ҷисмонӣ ва машғулият ба варзиш таъсис дода шуд.
Дар фармоиши худ ректори МТҒ “ Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” ба муовини ректори донишкада, оид ба таълим ва мудири хоҷагии донишкада бо маводҳои таълимӣ ва таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин намудани кафедраро вазифадор намуд:
САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ
1.Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои донишҷӯён дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ. 2.Беҳтар намудани самаранокии таълимии тарбияи ҷисмонӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва техналогияи муосири таълимӣ. 3.Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ ва сексионӣ. 4. Ғанигардонидани саломатии донишҷӯён бо тамрин ва варзиши ҷисмонӣ. 5. Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои варзишӣ. 6.Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва марифатнокии донишҷӯён. 7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон. 8. Ҳамкориҳои илмӣ бо дигар муассисаҳои давлатӣ дар соҳаи варзиш.
КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕТРА
Дар кафедра дониҷӯёни курсҳои 1-уми факултети тиббӣ, факултетҳои стоматологӣ, фармасевтӣ, факултети психологияи тиббӣ ва иҷтимоӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ дарс мегиранд.
КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ
Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра буда, дар вақтҳои соатҳои тарбивяӣ, машғулиятҳои амалӣ, хондани лексияҳо гузаронида мешавад. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Охунов Б.Х. мувофиқа ва тасдиқ карда шуда, ба кор бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, чорабиниҳо бахшида ба варзиш ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявро дарбар мегирад. Чорабиниҳои варзишӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷисмонӣ ва саломатии донишҷӯён, инчунин васеъ кардани уфуқ ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудааст.
Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ-варзишӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешавад. Омӯзгорони кафедра пайваста бо донишҷӯён дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ суҳбат мекунанд.
Дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ тибқи нақшаи кории кафедра, ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзуҳои; иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷиктиснон: “Дар бораи масъуляти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои академӣ омӯзгорон оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, корҳои ташвиқотӣ, суҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад.
Маълумот, дар бораи фанни таълимии
“Тарбияи ҷисмонӣ”
Фанни “Тарбияи ҷисмонӣ” ба гурӯҳи фанҳои ҳатмӣ дохил мешавад. Дар нақшаи таълимии замонавӣ ,нақшаи корӣ аз рӯи ихтисос ва барномаи таълими барои омузиши фанни мазкур дар як семестр 2-кредит (48соат) барои курси якум ҷудо шуда барои 2- семестр (96 соат) дар як сол ҷудо шудааст.
Максад аз фанни "Трабияи ҷисмони "
Шиносоии донишҷӯён ба фанни тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, машғулиятҳои варзишӣ, нигоҳ доштани солимии донишҷӯён ба воситаи иҷроиши машқхо, ташвиқу тағриби тарбияи ҷисмонӣ, машғуляти сексияҳои варзишӣ, машғулияти мустақилонаи донишҷӯён. Машғулиятҳои берун аз синфии оммавӣ дурустӣ ва варзишӣ (бозиҳои варзиши, саёҳат, оббозӣ, ҷашнгири ва шабнишиниҳои варзишӣ, мусобиқаҳо, спортакиядаҳо ва ғайра, ки онро омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонӣ бо якҷоягии кумитаи ҷавонону иттифоқи касаба рӯзҳои истироҳату ид, ташкил менамояд, ва гузаронида мешавад.
Дар машғулиятиҳои амалӣ донишҷӯён бо гурӯҳҳои таълимии зерин тақсим мешаванд: асосӣ, варзишӣ ва махсус бо нозардошти ҷинс, ҳолати саломатӣ таёрии ҷисмонию варзишӣ.
Шумораи ҳайати донишҷӯён дар гуруҳҳо мувофиқи Низомномаи амалкунандаи кафедраи тарбияи ҷисмонию мактабҳои олӣ муайян карда шудааст. Инчунин мустаҳкам намудани саломатӣ дар асоси комплекси “Тайёрӣ ба меҳнату мудофиаи Ватан”-и Ҷумхури Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи таёрии ҷисмонӣ, мукаммал намудани маҳорати варзишӣ донишҷӯён.
Дар натиҷаи омӯзиши фанни “Тарбияи ҷисмонӣ” донишҷӯён бояд чунин салоҳиятҳои касбиро соҳиб шаванд:
а) донанд:
мафҳумҳои асоси фаъолияти варзишӣ, вазифаҳои варзишӣ, таъмини рушди варзиширо. Асосҳои одоби варзишӣ ва этикаи варзишӣ, тасаввурот доштанро доир ба мафҳуми маданияти варзишӣ. Тарзҳо ва манбаъҳои пайдоиши сармояи варзиширо: Шаклҳои имконпазири робитаҳоро бо ҳамкорон:
б) тавонанд:
Оид ба интихоби ғояи варзишӣ қарори дуруст қабул карданро:
Тарзҳо ва манбаъҳои пайдоиши сармояи варзиширо:
Хелҳо ва намудҳои фаъолияти варзиширо:
Ҷадвали ноҳияи фаъолияти безарар ба роҳ монданро:
в) малака пайдо кунанд:
- аз гуногунии намудҳои варзишӣ;
-аз машқҳои элементарии гимнастикӣ;
-аз дастурҳои илмӣ;
-аз наворҳои сюжетӣ;
-аз маҷалаҳои варзишӣ.
Г) аз худ намоянд:
- сухангӯи
- суҳбат
- фаҳмондадиҳӣ
- саволу ҷавоб
- супоришҳо
- эҳтиёткорӣ ва бемадорӣ.
Кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ”
Кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ” дар ошёнаи дуюми МТҒ “Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон” қарор дорад. Бо тамоми шароитҳои мусоиди таълимӣ, толори варзишӣ, майдончаи футболи хурд, утоқҳои корӣ ва утоқҳои либосивазкунӣ барои писарон ва духтарон таҷҳизотонида шуда бо лавозимотҳои варзишӣ таъминанд.
Дар кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ” 4-нафар омӯзгорон фаъолият намуда аз рӯи 6-намуд сексияҳои варзишӣ амал менамоянд.
Аз он ҷумла:
-Тенниси рӯйимизӣ.
-Волейбол;
-Баскетбол:
-Шоҳмот:
-Футбол ва гайра.