Кафедраи физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ


 

  • Шукуров Фируз Абдуфаттоевич

    Шукуров Фируз Абдуфаттоевич

    - Мудири кафедра

    - доктори илмҳои тиб, профессор

    Тел: +992 907 90 38 83

    Почтаи электронӣ: fshukurov@yandex.com

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

          Кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” дар асоси фармоиши ректори Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” аз 01 августи соли 2023 № 04-280 ҳамчун кафедраи мустақил таъсис дода шудааст.  То ин сана кафедра дар ҳайати “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”  чун кафедраи  «Фаннҳои морфологӣ» фаъолият мекард. Дар он вақт иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра муаллими калон Раҳматуллоев А.А. таъин шуда буданд. Баъд аз таъсиси мустақили кафедра д.и.т., профессор Шукуров Ф.А. мудири кафедра таъин карда шуд. Кафедра фаъолияти худро аз вақти таъсис додан тибқи Нақшаи кории кафедра, Низомномаи кафедра, Қарорҳои ва фармоишҳои Вазоратҳои маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва Қарорҳои Шурои олимон ва Раёсати «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон”  ба роҳ мондааст. Кафедра дар донишкада пойгоҳи асосии омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тибб мебошад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРАИ “ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ВА  ФИЗИОЛОГИЯИ ПАТОЛОГӢ ”

  1. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва малакаҳои амалии донишҷӯён дар соҳаи фанҳои физиологияи нормалӣ ва патологӣ, ташаккули шахсият  ва ҷаҳонбинии онҳо.
  2. Беҳтар намудани самаранокии таълимии фанҳои физиологияи нормалӣ ва патологӣ, фаро гирифтани машғулиятҳо бо истифодабарӣ аз усулҳо ва технологияи муосири таълим.
  3. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои илмӣ-методӣ, семинарҳои илмӣ-амалӣ, машғулиятҳои кушоду намунавӣ, конфронсу семинарҳо, ҳафтаҳои фаннӣ ва ғ.).
  4. Ғанигардонии раванди таълим бо натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмии навтарин.
  5. Омодасозии дастурҳои методӣ ва адабиётҳои таълимӣ.
  6. Баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявию ахлоқӣ, идеологию сиёсӣ ва маърифатнокии донишҷӯён.
  7. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорон.
  8. Ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо дигар муассисаҳои давлатии таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ.

ҲАЙАТИ КАДРИИ КАФЕДРАИ “ФИЗИОЛОГИЯИ НОРМАЛӢ ВА ФИЗИОЛОГИЯИ  ПАТОЛОГӢ”

Дар кафедра 1 доктори илмҳои тиб., профессор Шукуров  Ф.А кор ва фаъолият мекунанд. Дар  соли таҳсили 2023-2024 ҳайати кормандони кафедра – 10 нафарро ташкил менамояд, ки аз он 5 нафар омӯзгори асосӣ-       Шукуров Ф.А., Шокирова М.Ш., Назарова С.Ғ., Табаров М.Ҳ., Сафарматова М.Х., 5 нафар омӯзгори ҳамкор- Ҷабборов Ф.Ш., Саидова Ф.М., Қурбонова А.Н., Абдуллоева М.Ш., Собирова М.М.             

КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ КАФЕДРА

      Таълими физиологияи нормалӣ ва патологӣ мақсад дорад, ки дар корманди тиббӣ оянда дониши асосҳои физиология ҳамчун илме, ки ба фаъолияти касбии ӯ алоқамандии бевосита дорад, ташаккул диҳад. Мавзӯҳои физиология нормалӣ, системаҳо, узвҳо ва бофтаҳои он дар асоси комёбиҳои ҳозиразамони-физиологи, биология дар фалсафаи диалектикаи материализм, мутобиқ ба масъалаҳои омӯзиш ва клиникии донишкадаро дар бар мегирад. Он масъалаҳои асосии тиббро дар бар мегирад.

          Дар кафедра донишҷӯени курсҳои 2 ва 3-юми факултети тиббӣ,  факултетҳои стоматологӣ, фарматсевтӣ, факултети кори иҷтимоӣ ва психологияи тиббӣ аз фаннҳои физиологияи нормалӣ ва физиологияи патологӣ таълим мегиранд.   Бояд қайд кард, ки таълими донишҷӯён бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ

             Барои гузаронидани корҳои таълимӣ кафедра доимо дар омода кардани дастурҳои таълимӣ-методӣ барои донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо фаъолият мекунад. Дар солҳои охир кормандони кафедра курсҳои нави лексияҳо бо барномаҳои нави намунавӣ ва корӣ, ки асоси таҳсилоти касбии тиббӣ мебошанд, нашр карданд. Барномаҳои нав бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ тартиб дода шудаанд. Онҳо ҳадафҳо ва вазифаҳои интизом, талабот ба сатҳи азхудкунии мундариҷаи интизом, нақшаҳои мавзӯии лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ ва нақшаи мавзӯии кори мустақилонаи донишҷӯёнро мувофиқи муқаррароти системаи кредитии таълим муайян мекунанд. Дар тӯли солҳои фаъолияти кафедра барномаи таълимӣ (силлабусҳо), матнҳои лексияҳо оид ба фанни физиологияи нормалӣ ва патологӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, фармасевтӣ, стоматологӣ, психологияи тиббӣ ва кори иҷтимоӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шудаанд. Аз рӯи ҳар як фан 4000 тестҳо барои имтиҳони фосилавӣ ва 200 саволи имтиҳонӣ барои донишҷӯёни факултетҳои дар боло зикр шуда дар  кафедра омода шудааст.

КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАҲҚИҚОТӢ

Кафедра  дар асоси нақшаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ,  дар самти рушди потенсиали илмӣ, фаъолгардонӣ ва баланд бардоштани тахассуснокӣ, ҷалб кардани  ҷавонони лаёқатманд   дар доираи илм фаъолият мебарад.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони соҳаи кори табобатӣ, психологияи тиббӣ, стоматология, кори иҷтимоӣ ва фармакология бедор намудани фаъолияти эҷодӣ ба таҳқиқоти илмӣ ва хулосабарорӣ, амиқтар омӯхтани фанҳои алоҳидаи тахассусӣ, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии аз худ намудаи донишҷӯён дар мавриди омӯхтани фанҳои алоҳида ва инчунин бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 (таҳти № 148) дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030.

КОРҲОИ ТАРБИЯВӢ

Корҳои тарбиявӣ яке аз қисмҳои асосии фаъолияти кафедра буда,  дар вақтҳои соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳо амалӣ, хондани лексияҳо гузаронида мешаванд. Корҳои тарбиявӣ дар кафедра тибқи нақшаи аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия н.и.п., Охунов Б.Х. мувофиқа ва тасдиқ карда шуда, бурда мешавад. Нақшаи кори тарбиявии кафедра иштироки кафедраро дар ҳамаи чорабиниҳои давлатӣ, санаҳои ҷисмонӣ ва чорабиниҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ  дарбар мегирад. Чорабиниҳои таълимӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги донишҷӯён, инчунин васеъ кардани уфуқ ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудаанд.

Дар ин ҳолат корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ якҷоя гузаронида мешаванд. Кормандони кафедра пайваста бо донишҷӯен дар бораи тарбия ва риояи шакл, интизом ва реҷаи дохилӣ дар кафедра ва донишгоҳ сӯҳбат мекунанд.

Дар кафедраи “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” тибқи нақшаи кори кафедра, оид ба чорабиниҳои тарбиявӣ масъалаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Корҳои тарбиявӣ дар мавзӯҳои: иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешаванд. Ҳамзамон дар гурӯҳҳои дарсӣ омӯзгорон бо донишҷӯён оид ба муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизм, ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ корҳои ташвиқотӣ, сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ оид ба маърифати оиладорӣ, одоб ва психологияи муошират, мафҳуми зебоипарастӣ, ҷалби донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, муқаддассоти Тоҷикистон соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.

Дар кафедра мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ ва маҳфилҳои фаннӣ бо иштироки фаъолонаи донишҷӯён гузаронида мешаванд.

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА

  • Шукуров Фируз Абдуфаттоевич

    Шукуров Фируз Абдуфаттоевич

    - Мудири кафедраи Физиологияи нормалӣ ва патологӣ

    - Унвон илмӣ: доктори илмҳои тиб. профессор

    Тел: +992 907 90 38 83

    Почтаи электронӣ: fshukurov@yandex.com

  • Фируз Ҷабборов Шердилович

    Фируз Ҷабборов Шердилович

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: духтури бемориҳои даруна

    Тел: +992 007-22-66-65

    Почтаи электронӣ: firuz.jabborov.8887@mail.ru

  • Назарова Соҷида Ғайбуллоевна

    Назарова Соҷида Ғайбуллоевна

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: духтур эндокринолог

    Тел: +992 901 60 37 50

    Почтаи электронӣ: sozhidan@bk.ru

  • Табаров Муҳаммадризо Ҳайдаралиевич

    Табаров Муҳаммадризо Ҳайдаралиевич

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: ҷарроҳи кӯдакона

    Тел: +992 885 25 20 02

    Почтаи электронӣ: tabarovmf@gmail.com

  • Абдуллоева Малика Алишеровна

    Абдуллоева Малика Алишеровна

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: духтури бемориҳои кӯдакона

    Тел: +992 554 55 09 08

    Почтаи электронӣ: malika19990809@gmail.com

  • Саидова Фарангис Мадисмоновна

    Саидова Фарангис Мадисмоновна

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: духтури бемориҳои пӯст ва зӯҳравӣ

    Тел: +992 985 01 06 89

    Почтаи электронӣ: 1fsaidzoda@mail.ru

  • Қурбонова Ашурмо

    Қурбонова Ашурмо

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: духтури бемориҳои занона

    Тел: +992 935 51 01 18

    Почтаи электронӣ: kurbonovaashurmo@gmail.com

  • Шокирова Меҳрангез

    Шокирова Меҳрангез

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: биолог

    Тел: +992 988 96 27 77

    Почтаи электронӣ: mehrangez94_94@mail.ru

  • Сафарматова Мавлуда Ҳамзаевна

    Сафарматова Мавлуда Ҳамзаевна

    Вазифа: ассистент

    Унвони илмӣ:

    Ихтисос: духтури бемориҳои занона

    Тел: +992 008 08 57 96

    Почтаи электронӣ: mavludasafarova61@gmail.com

Руйхати ҳуҷҷатҳо

Низомномаи кафедра

Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ

Дастурамали вазифаваии мудири кафедра 

Дастурамали вазифавии профессори кафедра 

Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра

Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра

Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра

Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра

Ба рӯйхат