Кафедраи гистология
|
Соҳибова Зуфнуна Назировна мудири кафедра, н.и.т., дотсент, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон E-mail: Zufnuna_67@mail.ruТелефон: +992 918 30 20 30 |
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Кафедраи “Гистология”, яке аз ҷузъҳои сохтории МТҒ “Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон” буда, аз моҳи январи соли 2023 ташкил шудааст. Фармон №04-10 аз 6 январи соли 2023.
Аз рӯзи таъсиси кафедра то имрӯз ба кафедра номзади илмҳои тиб, дотсент Зуфнуна Назировна Соҳибова роҳбарӣ кардааст. Дар ташкил, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои кафедра, бо асбобу анҷом, асбобҳои аёнӣ ва реактивҳои зарурӣ барои раванд таълим саҳми калон гузоштааст.
Кафедра се фанро меомӯзад: «Гистология» бо ду забон (давлатӣ ва русӣ), «Микроанатомия» ва «Эмбриология» - ба забони англисӣ. Ҳоло коркунони шуъба вазифаҳои серсоҳаро ба ҷо меоваранд, ки ба беҳтар намудани кори таълимӣ-методӣ, илмӣ, нашриётӣ ва идеявию тарбиявӣ нигаронда шудаанд. Баланд бардоштани сифати машғулиятҳои амалӣ ва назариявиро бо роҳи тартиб додани воситаҳои махсуси методӣ ва таълимии ҳамаи фаслҳои фан барои донишҷӯён ҳамаи факултетҳо ба даст оварда мешавад. Баланд бардоштани сифати таълими фанни гистология дар солҳои охир нашри китобҳои дарсӣ (З.Н. Соҳибова «Гистологияи хусусӣ» дар ду қисм барои донишҷӯёни курси 2) мебошад.
Шароити кабинетҳо барои гузарондани машғулиятхои назариявӣ ва амалӣ қаноатбахш буда, онҳо бо асбобҳои аёнӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки ин ба баланд шудани сифати таълим таъсири калон расонда, машғулиятҳоро шавқовар мегардонад.
Кафедра дорои гузинаҳои зиёди китобҳои дарсӣ оид ба гистология, микроанатомия ва эмбриология дар шакли электронӣ; матнҳои лексияҳо ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ; баромадҳо оид ба лексияҳо ва дарсҳои амалӣ; воситаҳои методӣ барои машгулиятҳои амалӣ; барномаҳои таълимӣ; супоришҳои тестӣ мебошад.
Кафедра дар бораи ҳайати омӯзгорони кафедра стендҳо дорад; нақшаи таквимӣ ва машгулиятхои назариявӣ ва амалӣ аз рӯйи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ» ва «Стоматология» ба се забон тасдик карда шудааст; саволҳои имтиҳонӣ бо се забон; тахтаи иттилоотӣ мавҷуд ҳаст.
КОРҲОИ ТАРБИЯВИИ КАФЕДРА
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву инсондӯстӣ, бахусус, риояи одоб ва деонтологӣ мебошад. Дар байни кормандони ҷавони кафедра ва донишҷӯён оид ба кори идеологӣ, сиёсию тарбиявӣ лекцияхо гузаронда мешаванд.
Кафедра бо донишҷӯёни факултетҳои гуногун аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ» ва «Стоматология» корҳои тарбиявӣ мебарад. Нақшаи умумии корҳои тарбиявии кафедра ва нақшаҳои корӣ ҳар як омӯзгор-роҳбар дар ҷаласаи кафедра тасдиқ карда мешавад.
Дар оғози дарсҳои амалӣ устодони кафедра 10-15 дақиқа дар мавзуъҳои: Муҳаббат ба Ватану миллат; маънои рамзҳои давлатӣ; шиносоӣ бо китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; ноил шудан ба маќсадҳо ва татбиќи Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон ба масъалаҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм аҳамияти махсус дода мешавад; бо тамоюлхои зиддиконститусионӣ; мубориза бар зидди коррупсия; ахамияти ГЭС-и Роғун ва ғайра ба қонунҳои «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Уҳдадориҳои падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» ба таври ҷиддӣ муносибат мекунанд; наќшаи даҳсолаи «Об барои рушд барои солҳои 2018-2028»; ободонии шаҳри Душанбе; олимон ва ходимони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон; дастовардҳо дар соҳаи маориф, илм ва фаъолияти таълимӣ; омода намудани донишҷӯёни хоричӣ ва ғайра.
Ҳар рӯз бо донишҷӯён оид ба рафтори дуруст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, одоби муошират ва муроҷиат ба дигарон, тарзи либоспӯшӣ суҳбатҳо гузаронда мешаванд. Ба шунавандагоне, ки дар машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ иштирок мекунанд, диққати махсус дода мешавад. Агар донишҷӯ бо сабабҳои узрнок аз дарс нагузашта бошад, он бояд фавран сабақгардонӣ карда шавад. Дар чорабиниҳои оммавии донишкада ва кафедра фаъолона иштирок намояд. Ҷойҳои ҷолиби шаҳр ва кишварро тамошо кунад.
КОРҲОИ ИЛМӢ – ТАҲҚИҚОТӢ
Дар кори кафедра фаъолияти илмии устодон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Кафедра дар асоси нақшаи илмии донишкада дар самти рушди нерӯи илмӣ, фаъолсозӣ ва такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорони ҷавони боистеъдод ба докторантура аз рӯи ихтисоси доктори илмҳои тиб (PhD); рушди фаъолияти таълимӣ ва таҳқиқотӣ бо ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии ташкили раванди таълим; бо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бой гардондани раванди таълим фаъолият дорад.
Соҳибова Зуфнуна Назировна аз 12 майи соли 2021 барои гирифтани унвони доктори илми тиб аз рӯи ихтисоси “Дерматовенерология” Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино докторанти кафедраи бемориҳои пӯст ва венерология» - 14.00.10 (Фармон аз 06.07.2021 № 105/15) мебошад. Мавзӯи таҳқиқоти илмии ӯ ба ду соҳаи илмҳои тиб дахл дорад: гистология ва дерматовенерология «Хусусиятҳои этиопатогенетикӣ ва клиникии тағйироти вобаста ба синну сол дар пӯсти рӯй ва ислоҳи онҳо дар сокинони минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Олимони МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» аз 28 октябри соли 2021 (протоколи № 2) тасдиқ шудааст. Мушовириони илмӣ: доктори илмхои тиб, профессори кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ Я.А. Раҳимов МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» Ибодзода С.Т. ва мудири кафедраи дерматовенерология МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», доктори илми тиб Муҳамадиева К.М.
Соҳибова З.Н. бори аввал бо истифода аз усулҳои тадқиқоти гистологӣ, гистохимиявӣ, дермоскопӣ ва трихоскопӣ хусусиятҳои тағирёбии пӯсти синну сол дар одамони ҷинси гуногун ва фаъолияти касбии сокинони минтақаҳои гуногуни иқлимӣ ва ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯхта шуданд. Бори аввал таркиби молекулавӣ марҳилаи ҳосилаҳои пӯст (мӯй) бо истифода аз спектроскопияи IR муқаррар карда шуд, ки дар асоси ин маълумотҳо 2 патент барои ихтироот ба даст оварда шуд. Ин таҳқиқотҳои илмӣ дар тибби амалӣ васеъ истифода мешаванд.
Натиҷаҳои корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҷониби устодони кафедра дар фаъолияти ҳаррӯзаи таълимии донишҷӯён мунтазам истифода мешаванд.
Бо максади баланд бардоштани сифати омода кардани мутахассисони тиб, бедор намудани фаъолияти эчодӣ дар таҳқиқот ва хулосахои илмӣ, бештар омӯхтани фанҳои махсус, бештар ҷалб намудани донишҷӯён, бо истеҳсолот пайвастани илм, мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ, инчунин дар роҳи иҷрои вазифаҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 (таҳти No1445) «Бист соли омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» дар назди кафедра ҷамъияти илмии донишҷӯён таҳти унвони «Гистологҳои ҷавон» амал мекунад. Дар он тамоми кормандони кафедра иштирок намуда, донишҷӯёни қобилиятнок, ки майли илм доранд, ҷалб карда мешаванд. Маърӯзаҳои онҳо, ки дар конференцияҳои илмию амалии олимону донишҷӯёни ҷавони донишкада ва Ҷумҳурӣ, дар форумҳои умумииттифоқии илмии донишҷӯён ҳар сол эрод гирифта шудаанд, борҳо бо Ифтихорномаҳои Фахрӣ, диплому туҳфаҳои қиматбаҳо қадр карда шуданд. Донишҷӯён таҳти роҳбарии муштараки мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, дотсент З.Н.Соҳибова ба корҳои илмӣ машғуланд.
Ҷаласаҳои ҶИД-и кафедра тибқи нақшаи тасдиқшуда моҳе як маротиба рӯзи ҷумъаи дуюми ҳар моҳ соати 15.00 баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои мавзуӣ дар шакли презентатсия пешниҳод гардида, усулҳои муносибат ба таҳқиқоти илмӣ баррасӣ карда мешаванд. Мачлисҳо дар шаклҳои зерин мегузаранд: баромади аъзоёни ССС, муҳокимаи воқеаҳои амалияи тиббӣ, мубоҳисаҳои илмӣ ва ғайра.
Роҳбарии ғолибон ё ҷоизадорони олимпиадаҳои донишҷӯён, инчунин роҳнамоии донишҷӯёне, ки дар олимпиадаи корҳои донишҷӯён медалҳо ва бо дипломҳои аъло барои 3 ҷойи аввал мукофотонида шудаанд.
- Моҳи феврали соли 2023 донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббии гурӯҳи 10 Мақсудова Марям (роҳбари илмӣ Соҳибова З.Н.) дар конфронси байналмилалии илмӣ-амалии донишҷӯёни донишгоҳҳои тиббӣ дар бахши «Морфология», ки ба таври ОНЛАЙН иштирок намуд, ки дар шаҳри Тошкент (Ӯзбекистон) барпо гардид, ҷойи дуюмро ишғол кард.
- Аз 5 то 26 апрели соли 2023 дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар доираи «Ҳафтаи илм ва инноватсия» Олимпиадаи ҷумҳуриявии «Авитсенна-2023» бо иштироки донишҷӯён ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурӣ баргузор гардид. Аз рӯйи номинатсияи «Тибби назариявӣ» дар даври 1-уми олимпиада аз фанни гистология 6 нафар донишҷӯён иштирок намуда, соҳиби «Шаҳодатнома» гардиданд: Саъдуллоев Илҳомҷон, Гулаев Шаҳзод, Бойназаров Аслиддин, Турсунова Шаҳноза, Шаҳроми Абдуназарзода, Аҳмедов Улуғбек. Дар даври 2-юми озмун Саъдуллоев Илҳомҷон ва Гулаев Шаҳзод иштирок доштанд.
ДАСТОВАРДҲОИ КАФЕДРА
Мудири кафедра, номзади илмҳои тиб, дотсент Соҳибова Зуфнуна Назировна дар соли 2018 бо нишони сарисинагии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Ҷойгиршавии кафедра (суроға, телефон)
Кафедраи гистология дар Маркази клиникӣ, илмӣ - таълимии Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Суроға: 734042, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Клара Сеткина, 2, телефон: (+992) 918302030, e-mail: Zufnuna_67@mail.ru
ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ
Ба ҳама маълум аст, ки беҳтар намудани сифати таълим яке аз максадҳои асосии донишкада буда, ин ташаббусро коллективи шуъбаи гистология якдилона дастгирӣ мекунад.
Дар кафедраи барномаи таълимии «Гистология» донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 аз рӯи ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Психологияи тиббӣ» ва «Стоматология» аз фанни «Гистология» ба ду забон (давлатӣ ва русӣ) машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро меомӯзанд. Аз фанҳои «Микроанатомия» ва «Эмбриология» донишҷӯёни курси 1 аз рӯи ихтисоси «Кори табобатӣ» машғулиятҳои назариявӣ ва амалиро бо забони англисӣ меомӯзанд.
Донишҷӯён аз рӯи низоми кредитӣ-модулӣ таълим мегиранд. Дар давоми 2 семестр кафедра ба таври шифоҳӣ 4 рейтинги академӣ, дар сессияҳои тобистона ва зимистона аз фанни «Гистология» аз ду забон (давлатӣ ва русӣ) ва забони англисӣ «Микроанатомия» ва «Эмбриология» имтиҳон месупоранд.
Дар кафедра машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ аз рӯйи стандартҳои таълимӣ бо назардошти технологияҳои нав ва бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ гузаронида мешаванд. Бояд гуфт, ки тамоми омӯзгорони кафедра маҷмӯи ҷадвалҳо, стендҳо, тестҳо, супоришҳои ситуатсионӣ, дастурамалҳо оид ба гузаронидани дарсҳои амалӣ гирд овардаанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати дарсҳо мусоидат мекунанд.
Дар кафедра лексияҳоро мудири кафедра, номзади илмҳои тиб Соҳибова З.Н. ба забонҳои давлатӣ ва русӣ мехонад.
Руйхати ҳуҷҷатҳо
Низомномаи маҳфили илмии фаннӣ
Дастурамали вазифаваии мудири кафедра
Дастурамали вазифавии профессори кафедра
Дастурамали вазифавии дотсенти кафедра
Дастурамали вазифавии муаллими калони кафедра
Дастурамали вазифавии ассистенти кафедра
Дастурамали вазифавии лабаранти кафедра
Кормандони кафедра
![]() |
Соҳибова Зуфнуна Назировна – мудири кафедраи «Гистология»-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, дотсент. «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2018). Муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, 2 ихтироот ва 2 пешниҳодоти ратсионализаторӣ ва 2 китобҳои таълимӣ. Унвонҷӯи дараҷаи илмии докторӣ кафедраи “Дерматовенерология”-и МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”. E-mail:Zufnuna_67@mail.ruТелефон: +992 918 30 20 30 |
![]() |
Собирова Суман Бобораҷабовна – ассистенти кафедраи « Гистология »-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: акушер - гинеколог, маълумот олӣ. +992905051007 Email suman.sobirova1996@gmail.com |
![]() |
Умарова Малоҳат Хуршедовна – ассистенти кафедраи « Гистология »-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: бемориҳои кӯдакона, маълумот олӣ. +992554565858 Email.malohat.umarova19@gmail.com
|
![]() |
Юлдошев Беҳрӯз Юлдошевич – ассистенти кафедраи « Гистология »-и МТҒ Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, аз рўи ихтисос: анестезиолог – реаниматолог, маълумот олӣ. +992934323939 Email khushbakhtbehruz@gmail.com |